Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон барои узвият ба Авруосиё мушкил надорад

Тоҷикистон барои узвият ба Авруосиё мушкил надорад

21-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон барои узвият ба Авруосиё мушкил надорад
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб рӯзи 19 июл ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар баррасии Ҳукумат қарор дорад.

«Ба ин масъала натанҳо дар воситаҳои ахбори умум, балки дар сохторҳои дахлдори давлатӣ низ таваҷҷуҳи хос нишон медиҳанд», - иброз дошт ӯ.

А. Ғоиб қайд кард, ки намояндагони Хадамоти гумрук дар гурӯҳи кории омӯзиши масъалаи мазкур фаъолият карда, ҳамаи маводи зарурӣ, аз ҷумла таҳлили ҳамаҷонибаи масъала таҳия ва ба баррасии ҳукумат пешниҳод шудааст. «Қарори ниҳоиро дар ин хусус ҳукумати кишвар қабул мекунад», - афзуд номбурда.

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ин нишаст инчунин афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2016 дар маҷмӯъ ҳаҷми тиҷорати хориҷии кишвар 1 миллиарду 918, 4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72,9 миллион доллар ё 93,3 дарсад кам аст.

Ба гуфтаи ӯ, тайи ин муддат воридот 75,3 миллион доллар коҳиш ёфта, содирот 2,5 миллион доллар зиёд шудааст.

Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ асосан алюминии аввалия, маъдани оҳан ва консентрат, фулузот ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта ва меваю сабзавот содирот карда, таҷҳизоти технологӣ, барқӣ ва маҳсулоти оҳанӣ, маводи нафтӣ, гандум, оксиди алюминий (глинозем), гази моеъ, равғани растанӣ, чӯбу тахта, пластика, нуриҳои менералӣ, шакар, орд ва гӯшти парранда ворид намудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: