Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Саҳми чиниҳо барои рушди кишоварзӣ

Саҳми чиниҳо барои рушди кишоварзӣ

22-01-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 592 нафар
Назарҳо: 0
Саҳми чиниҳо барои рушди кишоварзӣМутахассисони бахши кишоварзии Хитой дар рушди ин соҳа дар хочагиҳои деҳқонии Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунанд.

Зокирзода Муҳаммадтоир Зоир, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар посух ба саволи хабарнигори ҳафтаномаи «МХ» дар ин бора гуфт: - Ҳамкориҳои мо бо мутахассисон ва сармоягузорони чинӣ бар асоси тавофуқномаҳои дуҷониба ва бо мақсади тавсиаи бахши кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия дар дохили кишвар ва таъмини амнияти ғизоӣ анҷом мегирад.

Вай афзуд, ки нақшаи ин ҳамкорӣ дар доираи дурнамои рушди кишоварзии мамлакат ба иҷро мерасад.

Чуноне ки ин мақоми вазорати кишоварзӣ зикр кард, фаъолияти мутахассисони Хитой дар Тоҷикистон тавассути ширкати хитоии «Синзян-Инхай», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии зарин» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Чунтай Данғара Син Силу - Текстил» амалӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол ин ширкатҳо дар маҷмӯъ қариб 700 гектар заминро дар ихтиёр дошта ва ҷиҳати рушди соҳаи пахтакорӣ, парвариши сабзавот ва шолӣ фаъолият мекунанд. Дар ноҳияи Ёвон хитоиҳо дар масоҳати 300 гектар замин растаниҳои полезӣ парвариш мекунанд ва бо сохтани гармхона барои дар тамоми фаслҳои сол ба бозор баровардани маҳсулоти худ шароит фароҳам овардаанд.

Ноҳияҳои Ҷилликӯл, Қумсангир ва Қубодиён ҳам аз дигар минтақаҳое анд, ки чиниҳо бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондаанд. Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон имсол бо мусоидати мутахассисони чинӣ шолӣ парвариш хоҳад шуд.

Вазири кишоварзии мамлакат изҳори умедворӣ кард, ки бо истифода аз сармоя ва таҷрибаи хитоиҳо кишоварзони тоҷик ҳам роҳҳои нави афзоиши маҳсулотро омӯхта ва дар оянда аз таҷрибаи пешрафтаи онҳо истифода мебаранд.

Вай нигаронии баъзе аз коршиносони маҳаллӣ дар робита ба эҳтимоли пеш омадани хатари истифодаи беш аз ҳадди нуриҳо ва моддаҳои кимиёӣ аз сӯи кишоварзони чиниро дар хоҷагиҳои дар ихтиёрашон буда бепоя донист ва тавзеҳ дод, ки истифодаи заминҳои кишоварзӣ, корбурди моддаҳои кимиёӣ зимни парвариши анвои маҳсулоти кишоварзӣ дар ин қитъаҳо мутобиқ ба меъёр буда, чигунагии риояти меъёрҳо дар ин маврид аз сӯи коршиносон ба таври ҷиддӣ назорат мешавад.
©С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: