Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳақорат- сӯҳбат

Ҳақорат- сӯҳбат

2-07-2020, 11:41
Хабарро хонданд: 1042 нафар
Назарҳо: 0
Ҳақорат- сӯҳбатВолиде, ки дар ҳузури фарзандаш ақаллан бо телефон ба касе дурӯғ мегӯяд, нахустин дарси шайтониро ба ӯ меомӯзонад.
Бе он ки чун панд ба ӯ бифаҳмонад, ки дурӯғ бигӯ ё нагӯ.
Дарси одоб на ҳамеша бо панд гуфтан, ҷазо додан ё таълими муаллим бар сари кӯдак гузоштан аст.
Дарси ахлоқ рафтору гуфтори худи мост, ки ягон устоде чунин пуртаъсир барои бачаи мо нахоҳадаш дод.
Дар як сӯҳбати кутоҳ ҳам мо бо лафзи ширини модарӣ, агар худамон огоҳу хушахлоқем ба фарзанд, ҳам аз дину ҳам аз илм ба кӯдак сабақ метавонем бигӯем.
Аммо аксар падарони мо дар ҳузури фарзандон бо даҳони пури нос дилхоҳ нафарро ҳақорат мекунанд. Ҳатто ашхоси бадзабоне ҳам ҳастанд, ки муроҷиаташон ба писар ё "эй сағира" аст ё ҳатто "э фалониоча".
Зане бо ҳамсоя пархош мекунаду силсилаи таънаву ҳақорат, маломату алфози фаҳшро аз тирезаи хонааш бар сари ҳамсоя мерезад.
Магар ин дарси бадзабониро ба духтараш намедиҳад? Медиҳад ва барои як умр!
Пас, аз насли баъдӣ мо чиро интизор бишавем?
Магар онҳо тарзи зисти моро такрор намекунанд?
Се рӯз пеш як лаҳза назди бозори Султони кабир ҳамроҳамро интизор шудам. Чанд ҷавонмарде, ки он ҷо майдасавдогарӣ мекунанд ( дар асл қаллобӣ) бо ҳам "сӯҳбат " доштанд.
Ҳар калимаи дуюмашон ҳақорати гӯшношунид аз фалони оча буд.
Баъди каме тоқат кардан гуфтам: "Э бародаро , ман ин ҷо кулухам ё зан". Ҷавони қоматбаланди ба сурат зебое, ки бо алфози қабеҳ ва даҳони фачаш садри ин "маҳфил" буд, ба ман нигоҳе карду гуфт:"Э апа бахшиш. "
Баъд ба "ҳамкасбонаш", ки ҳар кадоме моли савдомекардааш дар дасташ буд, гуфт: " Мо и занаки хушрӯра надидем. Аммо аслан хиҷолат набуд. Гӯё тамасхур мезад: "Соз гав зане бачоо".
Аммо ин "соз гав задан"- ҳо ҳамагӣ 3 дақиқа давом накарданд. Дар гуфтори онҳо баъди 5 ҳақорат як калима аз забони одамӣ буд.
Дарёфтам, ки ин шеваи гуфтор барои ҳар кадоме аз инҳо қабулшуда аст. Охир ҳамагӣ бо завқ ӯро гӯш мекарданд.
Ин лаҳзаи бароям чун як сол қариб як соат тӯл кашид. Ҷиянам дер мекарду ман гӯё дар муштзанӣ шалпар шуда бошам, бо ҳар ҳақорат- сӯҳбати онҳо худро таҳқиршуда меҳисобидам.
Асабҳоям хароб шуданд. Аз дастам коре намеомад. Ин ягона ҳолатест, орзу мекунам мард бошаму таҳамтан. Ва рафта ҷоғи ин "сухангӯро" бишканам.
Ва каме баъдтар ду нафар дӯстон, ки аз ду самт меомаданд, тасодуфан паҳлӯи ман бо ҳам вохӯрданд.
Забони ҳолпурсӣ ва муоширати инҳо низ ҳақоратборон буд.
Ба худ андешидам, ки шояд ман девонаам?
Ё захираи луғавии забони тоҷикии мо ба пуррагӣ дигар шудаву ман бесаводам? Қафо мондаам?
Охир он ҷавонҳояш - ку забони "бозорӣ" доранд, инҳояш, ки роҳгузаранд, чаро чунин пурҳақорат гап мезананд?
Пас, иллат дар худи ман аст, ки дар ҳамин замони хории забон мезиям?
Гоҳо бархе шикоят мекунанд, ки забони китобу рӯзномаҳоро намефаҳманд. Аҷаб! Мо як миллатему чаро забони адабии давлатиамонро як қисмати ками одамон истифода мекунанд?
Чаро дигарон онро намефаҳманд?!..
Охир дар бозор ба маротиб аз идораҳои давлатӣ бештар одам кор мекунанд. (Большинство превалирует меншенством. )
Ё забони мо бояд "кӯчабозорӣ" бошад, ки моро бифаҳманд?
Ё мо бояд ба бозор наравем, ки аз шунидани лафзи ҳақоратбор бо забони модарии худ, девона нашавем?
Аз ҳама аҷиб ва дарднокаш ин аст, ки онҳое, ки алфози қабеҳ дар маърази ом истифода мекунанд, инро як кори муқаррарӣ меҳисобанд ва ҳатто хиҷолат намекашанд.
Яъне ба қавли русидонҳо онро "норма" меҳисобанд.
Яъне ҳақорат кафшери сӯҳбати ҷавонон аст. Ба мисли "очаи фанкн(д)а
Солҳои пеш ин "суҳбате", ки ин ҷавонмардон доштанд, ҷанг ҳисоб мешуд. Акнун ин забони муошират аст?
Вой!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: