Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қаноатмандӣ аз сафари корӣ

Қаноатмандӣ аз сафари корӣ

22-07-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Қаноатмандӣ аз сафари корӣРоҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо тартиби корбариву коргузорӣ, шароити корӣ ва дараҷаи таъминоти техникии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа шинос шуда, аз кори Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ ва дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб ба роҳ мондани кор, таъмин намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони масъули ҳизбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо истифода аз фурсати муносиб А. Хонов барои саҳми арзандаи Кумитаҳои иҷроияи шаҳри Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва ноҳияи Бохтар дар ҷамъбасти маъракаи обуна ба нашрияи «Минбари халқ» дар соли 2016, ба онҳо туҳфаҳои КИМ ҲХДТ-ро дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тақдим намуд. Ба кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа як адад компютер ва Кӯлобу ноҳияи Бохтар як адади телевизор супорида шуд. Ҳизбиёни вилоят аз ин иқдоми КИМ ҲХДТ руҳбаланд гардида, ваъда доданд, ки маъракаи имсолаи обуна ба нашрияи «Минбари халқ»-ро муташаккилона гузаронида, иҷроиши нақшаи аз ҷониби КИМ ҲХДТ муқарраршударо сарбаландона таъмин менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: