АНДЕШАҲОИ ШУНАВО25-06-2020, 12:30
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
Ошкоро ва бе ҳеҷ гуна ғараз андешаҳоямро рӯи қоғаз меорам. Ҳар гоҳ навиштаҷотро бо имзои “Ш.Г.” мебинам ҳатто нахонда аллакай мазмуни онро медонам. Замоне бо таҳқиқи криминалистии матнҳо машғул будам ва аз ин рӯ, онро бо дигар матнҳо қиёс намуда, ба чунин хулоса омадам, ки гуфтаҳои муаллиф ҳама берабтанд ва ё а куҷое иқтибос шудаанд, ҳамчунин, яқин аст, ки ин навиштаҷот дар якҷоягӣ бо хоҷагони муаллифон, ки худ супоришҳои хадамоти махсуси кадом давлатеро иҷро мекунанд, эҷод шудаанд. Аз рӯи он ки дар ин навиштаҷоти каммазмун мантиқ ба назар намерасад, метавон хулоса кард, ки муаллифон ашхоси чалласаводанду майл ба туҳмату иғвогарӣ доранд. Аҷабо, ки ин қаламбадастони ҳардамхаёл шояд рӯҳан носолим бошанд ва пурра аз дигарон вобастагӣ доранду мутеи онҳо ҳастанд ва дар илм инро “авҷи мавсимии беморӣ” меноманд. Танҳо одамони асабҳояшон сахт хароб розӣ мешаванд, ки бозичаи дасти дигарон шаванд, ба хотири он ки дар пеши назари омма шуҳрат ёбанд. Ҳар як рӯҳшинос метавонад, айнан ба чунин хулоса ояд, агар боре бо навиштаҷоти “Ш.Г.”, ки ба ҷуз ҳаёҳу чизе нестанд, шинос шавад. Шахсан ман кирдору рафтори “Ш. Г.”-ро, ки аз бадкирдориҳои худ шарм намекунад ва менависад, ки ӯ чи гуна бо Кабирӣ нияти табаддулоти давлатӣ доштанду баъди нокомӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқро фиреб дода, гурехтааст, мушоҳида намудам, ба чунин хулоса амадам. Аъмоли онҳо месазад, ки аз ҷониби рӯҳшиносон барои фаҳмидани авзои девонагон омӯхта шавад. Нияти онҳо ифлос аст ва бинобар ин, чунин тоифаи одамон дар ҷомеа мақоми пасти иҷтимоӣ доранд. Бо вуҷуди ин, ба онҳо бузургманишӣ хос аст. Лекин ҳар як одами солимфикр мефаҳмад, ки шахсе дар Аврупо манзили муайяни зист надорад, омода аст, ки дар назди ҳама гуна кас ба зону афтад, то ӯро дастгирӣ кунанд. Пас, эй Кабирӣ, ту барои ман, атрофиёни ман, ҷомеаи мо кистӣ?! Чаро ту аз худ бут метарошӣ?! Чунин одамон якдигарро ёфта муттаҳид мешаванд, вале ҳеҷ гоҳ ба якдигар содиқ намемонанд. Онҳо бозичаи дасти дигарон буданду мемонанд. Касе бояд ҳайрон нашавад, ки агар Кабирӣ аз пуштибонии Эрон рӯ гардонаду ба он кишвар хиёнат кунад ва эскимосҳои шимоли Амрико арзи муҳаббат намояд, дар сурате, ки онҳо ба ӯ пул диҳанд. Алалхусус ин ки дар Эрон ноуҳдабароии Кабириро кайҳо дарк намуданд. Зеро эрониҳо касеро, ки аз муносибатҳои худ бо ин кишвар лофу газоф мезанад, дӯст намедоранд. Касе, ки худро намоишкорона ташвиқу тарғиб мекунад, ба қавли худ содиқ нест. Барои чунин одамон аз ҳама муҳимаш пул аст ва худро чун мол дар бозор пешниҳод намудаанд. Мақсад ва мантиқи рафтори касеро, ки ӯро дар ватанаш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҷиноятҳои вазнин ҷустуҷӯ мекунанду ӯ дар ҷаласаҳо бешармона ҳарф мезанад, чӣ гуна метавон шарҳ дод? Ва ин фирорӣ ва ҷинояткори гузаро аз ҷониби радиои “Аврупои Озод” ҳамчун намунаи озодии сухан муаррифӣ мешавад. Посухҳои Кабирӣ ба суолҳои ин радио қаблан аз ҷониби кормандони он омода мешавад, ки комилан равшан аст. Дар чунин мусоҳибаҳо Кабирӣ бештар ба қаллобу дасисабоз мемонад на ба сиёсатмадор. Баъди ин мусоҳибаҳо Кабирӣ дар назари ман чунон шум гардид, ки тасвир карданаш мушкил аст. ӯ нашармида изҳор дошт, ки ким-кадом касе ба ӯ 50 евро барои харидани хӯрока додааст. ӯ ба назари ман на тоҷик, балки мисли як аҷнабӣ намуд. Аз он мутаҳайирам, ки дар Аврупо бадкирдориҳои Кабириро медонанду лек чашм мепӯшанд. Одамони мисли Кабирӣ ҳофизаи таърихӣ ва шарафи инсонӣ надоранд ва аз ин рӯ, ба ҳама гуна зиштӣ қодиранд. Ку бубинем, ки ӯ чи зиштии дигар содир мекунад. Бадбахтии Кабирӣ дар он аст, ки ӯ чун сайёҳ гирди ҷаҳон мегардаду ақлаш ҳеҷ не ки дарояду ӯ одобу услуби баҳсу мунозираро ёд гирад. Ин буд, он чизе, дӯстам, ки мехостам ба ту гӯям. Дар ин навиштаҷот ягон ғараз ё хусумати шахсӣ нест, ин андешаҳои шунаво ҳастанду бас... Шариф Салимов Суол медиҳаму Посух… Барои кайфияти худ бисёр китоб мехонам, ба ман интернет мусоидат менамояд. Ҳамарӯза, дар канори набераҳо ҳастам ва аз муваффақиятҳои онҳо шод мешавам, шукри зиндагии осуда менамоям. Чун кулли ҳамватанон аз фаро расидани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, аз он ки Душанбеи ҳамешабаҳори азизи мо торафт зеботар мешавад, хушҳол мегардам. Ба ҷои сиёсатмадори ботаҷриба ва донандаи хуби хоҷагии халқ ба вазифаи шаҳрдор омадани як ҷавонро назари шубҳа қабул намудам. Гарчанде медонистам, ки Президенти мамлакат, ки дар шароити мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ обутоб ёфтааст, дар ин айёми барои мамлакат тақдирсоз ҳеҷ гоҳ иқдоми саросемавор намекунад. Гузашти вақт дуруст будани интихоби Эмомалӣ Раҳмонро собит намуд. Аз моҳи апрели соли 2017-ум, аз замони таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи шаҳрдори пойтахти кишвар он гул-гул мешукуфад, ки ин раванд итминони мардумро ба фардои нек қавитар месозад. Ҳамаи ин дар пеши назари мо амалӣ мешавад ва мо шоҳиди зиндаи ин дастовардҳо мебошем. Ва дар ҳамин айёми созандагиву бунёдкорӣ аз қазо ин коронавируси лаънатӣ паёдо шуд. Ҳамчун меҳмони нохонда, бо ниятҳои нопок омад ва таъкид месозад, ки ӯ пандемияи биму ҳарос ва тарсу ваҳм аст. Бо гузашти вақт маълум гардид, ки коронавирус бештар дар ҷойҳое пирӯз мешавад, ки он ҷо бепарвоӣ ҳукмфармост ва қоидаҳои беҳдошт риоя намешаванд, ба тавсияҳои мутахассисон гӯш намедиҳанд. Солҳои 80-уми асри гузашта ман дар мактаби иттифоқҳои касабаи ИҶШС таълим мегирифтам ва моро бо усулҳои гуногуни мубориза бо бемориҳои сироятӣ шинос менамуданд. Бо паҳн шудани коронавирус дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо маро эҳсоси нигаронӣ барои наздикон, барои аҳолии Тоҷикистон фаро гирифт. Во аҷабо, аз он ки вирус ба Тоҷикистон низ ҳамлавар шудааст, баъзе нафарони курдил аз қабили Муҳиддин Кабирӣ ва атрофиёни ӯ изҳори хушнудӣ намуданд, гӯё ки ин вабо, ки пеши он ҳатто давлатҳо ва ҳукуматҳо оҷизӣ мекашанд, бародар ё қудои онҳо бошад. Онҳо бар он ақидаанд, ки ин вабо ба онҳо барои расидани ҳадафҳои нопокашон, яъне нотинҷ кардани авзои ҷомеа мусоидат менамояд. Мақолаҳои пайиҳам интишоршавандаи онҳо ва муроҷиатҳои видеоиашон ба халқи кишвари мо, ҳатто таҳлили сарсарии мазмуни навиштаҷоту гуфторашон маро ба чунин хулоса овард: хоҷагон ва устухонпартоёни ин ватанфурӯшони зархарид дар назди Кабирӣ масъала гузоштаанд, ки ҳамчун сиёсатмадори ношуд ё вазифаи роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъро тарк намояд, ё аз ҳамаи воситаю имкониятҳо, ҳатто аз фоҷиаи инсонҳо, ҳар гуна вабоҳо истифода бурда дар ҷумҳурӣ бесарусомонӣ эҷод созад. Фаъол шудани ӯ дар ин давра аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ роҳи дуюм, роҳи душманӣ ва хиёнатро ба халқи худ интихоб намудааст то хоҷагонашро розӣ намояд. ӯ илоҷи дигар ҳам надорад ба ҷуз он ки итоат намояд ва ҳар фармудаи саркардагонашро филфавр иҷро кунад. Аз ӯ нафратам омад, зеро ҳар як сиёсатмадори андаке дурбин мефаҳмад, ки бо мақсадҳои сиёсӣ истифода намудани фоҷиаи инсон, дарди ба беморӣ гирифтор шудагон худкушӣ асту бас ва аз анҷоми фаъолияти сиёсии ӯ дарак медиҳад. Инро хоҷагони вай – кормандон хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ низ хуб дарк менамоянд. Ин ҷо ба ман маълум гардид, ки Кабирӣ дар тахтаи шоҳмот ҳеҷ гуна афсар нест, балки донаи қаторист дар бозии аҷнабиён бо нияти суст намудани пояҳои давлат дар Тоҷикистон. Итминони комил дорам, ки истифода аз мушкилоти ба вуҷудомада вобаста ба пандемияи коронавирус аз ҳадафҳои стратегии онҳо дар ин давра мебошад. Яқин аст, ки бо мурури маҳдуд шудани пандемияи коронавирус дар кишвар пойдеворе, ки Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ дар болои он бинои хаёлии худро сохтани буданд, барбод меравад, зеро он пойдевор бебунёд аст. Онҳо умед доштанд, ки бо кумаки ва бо бесуботиро дар кишвар ба вуҷуд меоранд ва ба доми ҷаҳолат мекашанд ва дар натиҷа, он ҷанги фалокатборе, ки мо аз сар гузаронидем боз такрор меёбад. Аммо тири онҳо хок мехӯрад, зеро мардуми Тоҷикистон он давраро дар ёд доранд. Мо медонем, ки ғояҳои экстремистии ҳизбӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ дар саросари ҷумҳурӣ, алалхусус, дар ноҳияҳои Фархор, Бохтар, Вахш, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар (Қурғонтеппа) ва Душанбе чӣ фоҷиаеро ба бор оварда буданд. Дар баъзе ҷойҳо одамон бар асари гуруснагӣ мефавтиданд, дар ҷойҳои дигар ҳамяроқони М. Кабирӣ одамонро зинда ба зинда гӯр мекарданд. Магар инро фаромӯш метавон сохт? Магар одами солимфикр такрор шудани он ҳодисаҳои хуношомро мехоҳад? Бар хилофи Кабирӣ ва аъзои тими ӯ дар бисёр кишварҳо неруҳои солими оппозитсионӣ бар он мекӯшанд, ки на дар сухан, балки дар амал мекӯшанд, ки ба пешрафти кишварҳои худ мусоидат намоянд, то ин ки одамон зиндагии беҳтар дошта бошанд. Сарварони ин неруҳои оппозитсионӣ аз Кабирӣ хеле боақлтару хирадманду дурбинтаранд, маълумоти хуб, одобу услуб ва фарҳанги сиёсӣ доранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ фоҷиаи инсонҳоро ба мақсадҳои сиёсии худ истифода намебаранд, он чиро ки Кабирӣ ба худ раво мебинад... Дар робита ба ин, мехоҳам ба сад суоле, ки маро ва дӯстонамро ба ташвиш оварданд посух пайдо кунам. Инак он суолҳо: 1. Кӣ аз сарварони ҷаҳонии оппозитсия мансубияти худро ба хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ пинҳон намекунад ва ба таври ошкоро бар алайҳи кишвари худ ва халқи худ фаъолияти харобкунанда мебарад? Ҷавоб: Ҳеҷ кас ба ҷуз сиёсатмадори худ эълон кардаи на ин ки миқёси ҷаҳонӣ, балки ҳатто на миқёси ҷумҳуриявӣ - Кабирӣ; 2. Кадоме аз сарварони неруҳои оппозитсионӣ дар ШМА, Аврупо ё Россия бо истифода аз фоҷиаи умумиинсонӣ – паҳншавии коронавирус дар кишвар ҳокимияти иҷроияи кишвари хешро гунаҳкори ҳама нокомиҳо эълон менамояд? Ҷавоб: Ягон нафар сиёсатмадор, на дар ягон гушаи ҷаҳон. Аксари сиёсатмадорони дунё ашхоси Худотарсанд ва ҳар шикастро “Хости Парвардигор” медонанд, фақат Кабирӣ ва атрофиёни ӯ бошанд, ҳама гуноҳро ба сари роҳбарияти кишвар мезананд. 3. Кадоме аз нерӯҳои оппозитсионӣ дар ҷаҳон дар чунин давраи барои халқҳо ва кишварҳо ниҳоят гарон фоҷиаи инсониро барои татбиқи ҳадафҳои ночизи доира ва ҳизби хеш, барои амалӣ сохтани ғояҳои душманона, ки бештар табиати хусусӣ доранд? Ҷавоб: Касе ва ҳеҷгоҳ, ба ҷуз М. Кибирӣ; 4. Кадоме аз неруҳои оппозитсионӣ дар ҷаҳон бо истифода аз фоҷиаи инсонӣ халқи худро ба саркашии шаҳрвандӣ даъват менамояд? Ҷавоб: Ҳеҷ кас, ба ҷуз М. Кабирӣ; 5. Кадоме аз сарварони оппозитсия дар ҷаҳон дар хориҷа пинҳон шуда ва ба истифода аз пандемия модарон ва хоҳарони худро ба амалҳои зиди конститутсионӣ даъват менамояд? Ҷавоб: Ҳеҷ кас, ба ҷуз М. Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ; 6. Кадоме аз сарворони оппозитсия дар ҷаҳон ҳамарӯза дар воситаҳои ахбори оммавӣ як зайл ҳамон як туҳматро ба ҳокимияти сиёсии кишвари хеш интишор месозад? Ҷавоб: Ягон сиёсатмадоре, ки ба худ эҳтиром дорад, намегузорад, ки аз ӯ тӯтӣ созанд, инро ба худ фақат Кабирӣ раво мебинад; 7. Кадоме аз ҷонибдорони неруҳои оппозитсионӣ дар ҷаҳон камераи видеоӣ дар даст фоҷиаи инсонӣ, гури фавтидагонро сабт менамояду онро бо мақсади бадном сохтани ҳокимият дар кишвар чун маводи ҳангомаҷӯёна истифода мебарад? Ҷавоб: Ҳеҷ нафар аз сарварон, ба ҷуз Кабирӣ ва ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ. Барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон ин амали ношоиста мамнуъ ҳисоб мешавад, ба ҷуз ТЭТ ҲНИ; 8. Ба ман ягон ташкилоти сиёсиеро дар ҷаҳон номбар кунед, ки ба элитаи сиёсии кишвари худ ягон иртибот надошта, бе иҷозати ин элитаи сиёсӣ аз номи он ҳарф мезанад? Ҷавоб: Фақат саркардаи гурезаҳо – Кабирӣ! Хонандаи гиромӣ барои хаста накардани Шумо бо суолу ҷавобҳои дигар дар бораи табиати ҷинояткоронаи М. Кабирӣ, ин корро ба дафъаи дигар мегузорам. Фақат ҳаминро мегӯям, ки баҳои ниҳоӣ додан ба нақшаҳои стратегии Кабирӣ ва иброз доштан, ки ин нақшаҳо пурра барҳам хӯрданд ҳанӯз барвақт аст. Фақат ҳаминро таъкид месозам, ки нақшаи стратегӣ доир ба суст намудани ғояҳои давлатдории мо худ бехабар гирифтори коронавирус шудааст, ва дар ҳолати набзи ҷон қарор дорад. Мо бошем дар вазъияте ҳастем, агар оқилона ва ба манфиати шаҳрвандони кишвар корбарем, пас нақшаҳои Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ ба мисли коронавирус ба нестӣ мераванду ҷовидон гумном мешаванд. Муллоев Дилшод, мудири шуъбаи институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИ ҶТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.