Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷавобҳои подарҳавои Кабирӣ

Ҷавобҳои подарҳавои Кабирӣ

23-01-2019, 08:34
Хабарро хонданд: 345 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавобҳои подарҳавои Кабирӣ
Чанд рӯз қабл дар сомонаву шабакаҳои ифротӣ хабаре таҳти унвони гуфтугӯ бо раиси Паймони Миллӣ Муҳиддин Кабирӣ нашр гардид. Рӯзи 18 январи соли равон тавассути шабакаи Фейсбук ва Ютуб пахши мустақим доир шуд. Дар пахши мустақим роҳбари ПМТ ва ТЭТ ҲНИ ба саволҳои тарҳрезишудаи ҳаммаслаконаш ҷавоб гардонид. Вақте, ки Кабирӣ дар курсии парлумон менишаст, бо таҳаммул ҳарф мезад, зеро он дам аз Хукумату давлат манфиат мебурд. Аммо имрӯз бошад, ҳамаи айбро ба сари Ҳукумат бор мекунаду худро бегуноҳ меҳисобад. Ӯ мехоҳад бо ҳаммаслаконаш ва ёрии хоҷагони хориҷиаш бори дигар оромии кишвари моро халалдор карда, мардуми Точикистонро боз ба хоку хун оғӯшта созад. Аммо мо мардуми сулҳпарвари миллати тоҷик амалҳои террористии хоинони Ватанро маҳкум намуда, зидди онҳо муборизаи беамон мебарем.
Дар вақти ҷавоб гардонидан ба саволҳо Кабирӣ қайд намуд, ки моро на хориҷиҳо балки худи Тоҷикистон маблағгузорӣ менамояд. Зеро Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба дуруғҳои ТЭТ ҲНИ бовар карда ба гирдоби хуну касоди иқтисод гирифтор гардид. Дигар ба ҳарфҳои Кабирӣ лоақал «кӯдаки гаҳвора» бовар намекунад. Чунки имрӯзҳо дар аксар маводҳои татқиқиву таҳлилии ВАО маълум мегардад, ки дар асл Ҳизби наҳзати исломӣ ва симои аслии Муҳиддин Кабириро бори дигар ҳамчун террорист ва хиёнаткор исбот шуд. Аз гуфтаҳои Кабирӣ ва ёрдамчии ӯ Алим Шерзамонов маълум гардид, ки онҳо нақшаҳои пешакии хешро бо хоҷагони хориҷиашон барои нооромиву табаддулот дар Тоҷикистон кашида истодаанд. Аммо нақшаҳо амалӣ намегардаду ҳама барбод хоҳад шуд. Кабирӣ худ дарк намудааст, ки аз кор кардаи ӯ чандин бегуноҳон ба доми марг рафтанду худ ба хориҷ фирор кард. Акнун имрӯз дар хориҷи кишвар умр ба сар бурда барои ихтилофу кинаву хусуматро дар байни тоҷикон паҳн месозад. Аксарияти мардум Кабириро ҳамчун шахси сиёсатбози манфиатҷӯй медонанд. Ба хотири фоидаи хеш ватану миллат балки мазҳабу имонашро мефурушад. Ӯ дигар амалҳои зиштеро анҷом додаст, ки дар доираи инсонигарӣ рост намеояд.
Аз саволу ҷавобҳои онҳо маълум гардид, ки ҳама суханонаш пучу бемавриду бемаънианд. Зеро инсони солимақл ба сафсатаҳои онҳо аввалан гӯш намедиҳад.
Лоиқ Тӯйчиев ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: