
Имрӯз корҳои сохтмонӣ дар маҳалли навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон вусъати тоза пайдо карданд. Дар ин маҳали бехавф ба 67 оилае, ки манзили зисташон дар пайи офати табиии моҳи май қисман ва пурра зарар дидаанд, 8-сотихӣ замин додаанд. Имрӯз наздик ба 500 нафар ихтиёриён, ҷавонон, ҳизбиён, сокинони деҳоти атроф, сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои ёрӣ ба корҳои сохтмонӣ ба сокинони маҳаллӣ омаданд.

Бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи ёварон ва сокинони маҳал нисфирӯзӣ ва шомгоҳ бо таоми гарм таъмин карда мешаванд. Сохтусози бунгоҳи тиббӣ, роҳҳои деҳаи навбунёд низ шурӯъ шудааст. Алҳол қубури оби нӯшокиро васл карда истодаанд. Бахши кор бо занони ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш барои ҳашарчиён нонҳои дастипази тоҷикӣ оварданд. Инчунин барои аҳли заҳмат ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ тақсим карда шуд.
Муовинони раиси вилояти Хатлон Умед Зоҳирзода ва Фирӯза Шарифӣ низ ҳашарчиёну сокинони маҳаллаи навбунёдро ҳамроҳӣ мекунанд. Кор бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.