Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » АЗ РАФТАНИ ДӮСТ МЕХӮРАМ ХУНИ ҶИГАР

АЗ РАФТАНИ ДӮСТ МЕХӮРАМ ХУНИ ҶИГАР

10-06-2020, 16:53
Хабарро хонданд: 459 нафар
Назарҳо: 0
АЗ РАФТАНИ ДӮСТ МЕХӮРАМ ХУНИ ҶИГАР
Имрӯз мушкилоти ҷиддие, ки тамоми ҷаҳон ба он рӯ ба рӯ гардидааст ва боиси ташвиши кулли башарият шудааст, ин раванди паҳншавии коронавирус мебошад, ки ин вабои аср ҳам хисороти ҷонӣ ва ҳам хисороти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ба бор оварда истодааст. Аз таъсир ва паёмадҳои хатари ин вабо – пандемияи COVID-19, Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар канор намондааст. Яъне, дар баробари зарари калони иқтисодию иҷтимоӣ, ҷони чандин нафаронро новобаста аз синну сол, касбу ҳунар ва мавқеи сиёсию иҷтимоӣ, ба коми худ фурӯ бурд.
Хушбахтона, рӯзҳои охир хабари коҳиш ёфтани сироятёбӣ аз ин бемории сироятӣ ба гӯш мерасад. Аз оғози пандемия то ба имрӯз дунё дар ҳолати буҳрони шадид қарор дошт. Дар тамоми ҷаҳон хабарҳои нохуш ва нигаронкунанда, аз ҷумла, хабарҳои сироятёбӣ, хабарҳои марг давр мезаданд. Айни замон, ман нисбати ду нафар дӯст, бародар, ҳамкор ва инсонҳои асил, ки дар ҷомеа эътибору ҷойгоҳи хешро ёфта буданд ва, мутаассифона, сайди ин вабои аср гаштанд, мехоҳам ёдовар шавам.
Саидғуфрон Абдулло (Беков Саидғуфрон Абдуллоевич) баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (айни замон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар Кумитаи иҷроияи шӯрои депутатҳои ноҳияи Фрунзе (айни замон, ноҳияи Сино)-и шаҳри Душанбе фаъолияти кории худро оғоз намуда, аз мансаби сармутахассис то ба мансаби мудири шуъбаи маъмӯрӣ-ҳуқуқӣ, тӯли солҳои 1990 то соли 1998 фаъолият намудааст.
Солҳои 1998 то соли 2001 дар мансабҳои мушовир ва баъдан, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва сармушовири Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон фаъолият намудааст.
Дар солҳои 2001- 2004 дар мансабҳои сардори идораи таъминоти ташкилию таҳлилии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи вазорати номбурда оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия фаъолият намудааст.
Аз соли 2004 то соли 2006 дар мансаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Солҳои 2006 – 2008 дар мансабҳои ҳуқуқшинос ва мудири шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолият намудааст.
Аз моҳи сентябри соли 2008 то моҳи майи соли 2010 сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи майи соли 2010 то моҳи марти соли 2011 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, кору фаъолият намудааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2011, таҳти №88 ба мансаби муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида буд, ки то барҳамхӯрии ин ниҳод кору фаъолият дошт.
Охирин мансаби ишғолнамудааш, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Мавриди қайд аст, ки Саидғуфрон Абдулло тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2008, таҳти №529 бо рутбаи тахассусии “Мушовири давлатии дараҷаи III” сарфароз гардонида шуда буд.
Дар мавриди ҳаёт ва фаъолияти кории Саидғуфрон Абдулло бояд қайд намоям, ки ман ҳангоми мутолиаи эҷодиёт (асарҳо)-и академик, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Василий Александрович Сухомлинский дар шигифт мондам. Академик Сухомлинский қайд менамояд, ки: «Ватан пеши назари мо ҳам бо боғҳои шукуфон, ҳам бо марғзорони сабзу хуррам, ҳам бо беди сархами рӯи ҳавз ва ҳам бо селаи парандагони муҳоҷир дар осмони кабуд падидор мегардад, вале асоситарин, фурӯзонтарин ва нерумандтарин чизе, ки саросари умр дар дили ватанпарвар нақш мебандад ва дар хештан ватанро таҷассум мекунад, одамонанд».
«Ҷавҳари инсон – муҳаббати Меҳан – дар овони бачагӣ пайрезӣ мешавад. Дар овони бачагиву наврасӣ дил аз некӣ, зебоии маънавӣ ва ростӣ бахусус амиқу бевосита рӯҳ мегирад».
Ин суханҳо бешубҳа ба Саидғуфрон нисбат мегирифт. Ман, ки бо ӯ ҳамсинф ҳастам ва даҳ сол бо ҳам таҳсили илм намудаем, худ шоҳиди он будам, ки меҳри Ватан, дӯстдорӣ ва муҳаббат ба Ватан, ҳанӯз аз айёми хурдсолӣ, мактабхонӣ дар дили ӯ ҷӯш мезад. Ифтихор аз Ватану миллат доштани шодравонро, баъди ба камол расидан ва ҳангоми фаъолияти меҳнатияш, пайваста аз забони ӯ ҳангоми суханронияш баръало мушоҳида мешуд. Яъне, ватандӯсти ҳақиқӣ буд. Ватандӯстии ӯ дар кору фаъолияти ҳамарӯзаи амалӣ, дар гуфтору кирдор ва қавлу вафо, дар кору заҳмати софдилона, дар интизоми намунавию ахлоқи ҳамидаву хониши аъло, дар кӯшишу талошҳои пайваста баҳри манфиати Ватани маҳбуб ва халқу давлат зоҳир мегардид.
Гарчанде, ки шодравон сухандон буд, аммо дониста, бомаврид, кӯтоҳ ва боандеша сухан мегуфт. Озодандеш буд, андешаҳои худро доир ба ҳар гуна мавзӯъҳои мубрами рӯз бо таври озод, мустақил, бо меъёрҳои хушбаёнию бо далел иброз медошт. Маҳз бо ҳамин хислатҳояш аз дигарон фарқ мекард.
Мутаассифона, баъди 3 рӯзи марги Саидғуфрон бародари бузурги ӯ Саидмухтор Беков низ аз ин маризӣ даргузашт.

МАРСИЯ
Барои ҳамсинфу дӯсту бародар Сайидғуфрон Абдулло
(Беков Сайидғуфрон Абдуллоевич)

Аз рафтани дӯст мехӯрам хуни ҷигар,
ӯ буд ба паҳлуям чу фарзанди падар.
Бо номи наку зисту бо кори наку,
ӯ рафту шикаста шуд маро банди камар.
Афсурда дилу зи рафтанаш месӯзам,
Аз давраи мо рафт ба паҳлуи падар.
Дар мотами хешу низ бегона гирист,
Афсӯс набишнавад ҳама нола дигар.
Эй ҷони бародар, эй Сайидғуфронам,
Бар марги ту ман ҳеҷ надорам бовар.
Дар аҳди вафо ҳамеша содиқ будӣ,
Оини вафо барои ту буд сипар.
Монанди чинори сабз будӣ тануманд,
Бар қомати сарви ту кӣ зад, оҳ табар?
Мегуфт маро, ки э, қаламавлодам,
Андар суханаш буд, ҳама шаҳду шакар.
Дастам ба дуо: «Биҳишт бодо ҷоят»,
Бар сӯйи Худо ту ёфтӣ роҳи гузар.
Шодравон Ҳаитов Дилшод Бозорович 25 соли фаъолияти умри бобаракати худро ҳамчун хизматчии давлатӣ, дар мансабҳои гуногуни мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар мансабҳои роҳбарикунанда, муддати 6-7 сол ба ҳайси сардори шуъбаи мубориза бар зидди коррупсия дар вилояти Суғди Саридораи полиси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, муддати 3 сол дар мансаби сардори шуъбаи санҷиши андозҳои нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат ва ба ҳамин муҳлат дар мансаби сардори шуъбаи санҷиши андозҳои нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ, сипарӣ намудааст.
Ҳаитов Дилшод дорои рутбаи махсуси “Подполковники полиси андоз” буд.
Ба касе пӯшида нест, ки заминаи рушди босуботи иқтисодӣ, сулҳу суботи комил, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва зиндагии шоиста сокинони ҷумҳурии соҳибистиқлоламон аз таъмини пурра ва барзиёди нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ вобастагии ногусастанӣ дорад, ки асоси онро андозҳои давлатӣ ташкил медиҳанд.
Андоз – ободонии диёр, рушду тараққии мамлакат, беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони кишвар буда, музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақахӯрон, идрорпулии донишҷӯён таъмин карда мешаванд.
Имрӯзҳо чӣ гуна бо душвориҳои зиёд таъмин намудани нақшаи қисми даромади буҷет ба ҳамаи мо маълум аст.
Аз ин лиҳоз, воқеияти зиндагӣ бо тақозои замон аз ҳар як корманди мақомоти андоз дониши баландӣ касбӣ, омӯзиши пайваста баҳри баланд бардоштани савияи донишро талаб менамояд.
Маҳз ҳамин омилҳо буданд, ки шодравон Ҳаитов Дилшод бо хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1993 маҳдуд нагардида, соли 2001 Донишкаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро бо ихтисосӣ “ҳуқуқшиносӣ” ва соли 2016 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси “иқтисодчӣ”, хатм кардааст.
Донишомӯзӣ ва толибилмӣ рисолаи бузурги инсонист, ки дидагон аз он равшану нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Зеро дониш дар қалб мисли чароғест, ки меафрӯзаду хонаи дилро мудом равшанӣ медиҳад. Дорандаи он, соҳиби қалби нарму зебо, ибратомӯз, бузургдил ва ҳамеша меҳрубону самимӣ, сахӣ, одил, дӯстдори ҳамагону ҳамагон дӯстдори ӯ, ботаҳаммул, умедвор, соҳибкору соҳибиззат ва мушкилкушову пирӯз аст. Ҳангоме ки ин амалҳои самимию хайр аз ту сар мезанад, пас, хушзеҳну оқил ҳастӣ, ҷавҳари дониш дар қалбат нуҳуфтааст ва Худованд аз ту хушнуд гардад.

МАРСИЯ

Барои Ҳаитов Дилшод Бозорович
(корманди масъули андоз)

Бирафтӣ, нола дорад ҷисму ҷонам,
Зи марги ногаҳи ту дар фиғонам.
Шудам озурдаву ношод, Дилшод,
Рафиқи ғамгусору меҳрубонам.
Тамоми умри худ бахшида бар кор,
Ватанро гуфтаӣ як пора ҷонам.
Ту андози Ватан бинмудаӣ беш,
Ки ман оҷиз аз он шарҳу баёнам.
Дилам андар ғамат месӯзад, эй дӯст,
Зи ашки дидаам обаш фишонам.
Ту дар айни шукӯҳи навҷавонӣ,
Шудӣ пажмурдаву ман заъфаронам.
Ака – додар будем дар корхона,
Кунун набвад дигар завқе ба ҷонам.
Худоё, дар биҳишташ ҷой бинмо,
Ки буд аз дӯстони меҳрубонам.

Шодравонҳо Саидғуфрон Абдулло ва Ҳаитов Дилшод дар тамоми тӯли фаъолияти меҳнатиашон ҳамчун хизматчии давлатӣ ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буданд ва пайваста баҳри сайқал додани дониши худ кушиш ба харҷ медоданд.
Имрӯзҳо ҳамкорон, дӯстон ва хешу таборон аз Саидғуфрон ва Дилшод чун як шахсиятҳои нармдил, хоксор, самимӣ, донишманд ва дар касбҳои худ содиқ бо некӣ ёд мекунанд.
Аслан, ягон кори дунё бе ҳикмат нест. Хусусан, дар моҳи Шарифи Рамазон даргузаштани ин ду фарди асил низ бе ҳикмат нест. Чунки моҳи Рамазон моҳи нузули Қуръон аст. Моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва шурӯъ гардидани нузули Қуръон ба ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари бузурги ислом мебошад. Дар ин моҳ барои аввалин бор фариштаи ваҳй Ҷабраили амин (ъ) аз сӯи Худованд амр шуд, ки каломи он зоти азалиро ба замин бирасонад ва дасти навозиши ӯ ба кумаки бандагонаш дароз гардид.
Паёмбар (с) мефармояд: «Дуъои шахси рӯзадор ҳаргиз рад карда намешавад» (Мусаннафи Ибни Абушайба, ҷ. 2, с. 424).
Ҳар ду дар даҳаи «Мағфират» даргузаштаанд, ки маънои мағфирати гуноҳҳоро мефаҳмонад ва ҳузури зиёди одамон дар рӯзи ҷанозаи онҳо, ки ҳамагон рӯза доштанд ва даст ба дуо бардошта буданд, тибқи фармудаи Паёмбар (с), иншооллоҳ Худованди бузург раҳмату мағфират ва биҳишти анбарсириштро насибашон мегардонад.
Абдулвоҳид Оев, узви ИЖТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: