Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Сирпиёз ва коронавирус

Сирпиёз ва коронавирус

22-05-2020, 09:20
Хабарро хонданд: 42 нафар
Назарҳо: 0
Сирпиёз ва коронавирус
Бозору растаҳои фурӯши маҳсулоти полезӣ ҳоло аз бастаҳои ҳосили нави сирпиёз пур аст. Ва ин ҳама бори ин растанӣ имрӯзҳо харидор ҳам дорад. Зеро баъзе аз табибон барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, дар баробари занҷабил (имбир) сирпиёзро ҳам тавсия мекунанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд,ки харидорони мо як-ду сар не, балки бо вуҷуди нархи гаронаш кило-кило мехаранд ва шояд бехабар азон кибо истеъмоли берабту аз ҳад зиёди он, нафаҳмида ба ҷои фоида зарари бештаре ба ҷисм расондан мумкин аст. Чаро?
Сирпиёз растание аз оилаи полезиҳо бо таъму бӯи тез аст. Он дар рӯзгори мардуми мо ҳамон гуна, ки дар байни миллату қавмҳои дигар ҳам ҳаст, ҷойгоҳи худро дорад. Аммо то ба паҳншавии пандемияи коронавирус аз истифодаи он бисёриҳо бинобар ҳамон бӯйи ногувораш худдорӣ мекарданд. Дар гузашта,аслан истифодаи он ба таври васеъ чандон маъмул набуд ва маълум мешавад,ин ба ѓайр аз бӯйи ѓализ доштанаш ҳамон сабабҳои беҳдоштӣ ва гоҳе зарарнок буданаш ҳам мебошад.
Солҳои пеш ин ақида ҳам ривоҷ дошт, ки барои пилотҳои ҳавопаймоҳо, диспетчерҳои фурудгоҳҳо ва ронандагони мошинҳои боркаше, ки ба дуриҳо бор мекашонанд, пеш аз сменаи кор хӯрдани сирпиёз қатъиян манъ аст. Зеро бо он хосиятҳое, ки дорад, ба ҳуҷайраҳои майна таъсири манфӣ расонда,дараҷаи реаксияро нисбат ба рӯйдодҳо ва ҳолатҳои фавқулода се баробар кам мекунад.
Бино ба таҳқиқҳои анҷомдодаи мутахассисон, танҳо ин нест, ки аз хосиятҳои зараровараш бошад. Масалан, профессори амрикоӣ Роберт Бэк ҳанӯз дар охири асри гузашта дар пайи пажӯҳишҳои тӯлонӣ маълум кард, ки сирпиёз дорои иони сулфанил ва гидроксил аст, ки пас аз истеъмол таъсири онба майнаи сар зиёдбуда,онро ба ҳадде заҳролуд ҳам мекунад. Бар асоси ин пажӯҳиш, олимони соҳаи тиб дигар истифодаи сирпиёз ба одамони бузургсолро тавсия намедиҳанд, зеро истеъмоли он роҳи мустақим ба сӯйи дементсия ё камақл шуданипиронсолон аст.
Ҳама медоданд, ки дар ҳолатҳои авҷ гирифтан ё пеш омадани эпидемияи зуком (грипп) ё ҳар бемории дигари марбут ба ОРВИ (ки коронавирус ҳам азон шумор аст), аввалин чизе, ки ба ёди табибон расид, ҳамин сирпиёз буд. Бино ба таҷрибаи таърихӣ, сирпиёздар ҳақиқат дар мубориза бар зидди вирусҳо мадад мекунад. Аммо мушоҳидаҳои як-ду моҳи ахир нишон дод,ки мардуми мо, ҳар коре кунад, дар мавриди пайомадҳояш кам меандешад. Дар мавриди истифодаи сирпиёз ҳам чунин аст ва бисёриҳо барои гирифтор нашудан ба коронавирус бо сирпиёз «аз таҳти дил» табобат карда, субҳ то шом онро бо ҳар шакл кило-кило мехӯрдагӣ шуданд. Як ҳамкорам, ки бӯйи сирпиёзро хуш надорад, нақл мекунад,ки дар пайи хуруҷи коронавирус баъзан саҳар вақти ба кор омадан ба зӯр дар «маршрутка»тоқат мекунад, зеро баъзеҳо чунон бисёр мехӯрдагӣ шуданд,ки саҳар дар паҳлуяшон нишаста намешавад.
Бехабар аз он кибо зиёд хӯрдани сирпиёз ба дарди захми меъда гирифтор шудан хеле осон аст. Сирпиёзба ҳамон ҳадде, ки вирусҳоро мекушад,ба ҳамон андоза ба луобпардаи меъда таъсири бад мерасонад ва онро захмӣ мекунад.
Шояд баъзеҳо дар ин маврид яке аз намоишҳои телевизионии машҳури Русия дар бораи саломатиро дида бошанд,ки барандаи он доктор Елена Малишева тавсия медиҳад, ҳар касе пас аз истеъмол кардани сир агар нороҳатии меъдаро эҳсос кунад,барои рафъи ин ҳолат худсарона ба табобат машѓул нашуда, барои рафъи ногувориҳо ҳатман ба духтур муроҷиат кунад. Ба гуфтаи вай, бе сабабмеъда азхӯрдани ин сабзавот нороҳат намешавад,балки иллати ҷиддие боиси ин нороҳатист. Зеро истеъмоли азҳад зиёди сирпиёз, ба монанди коѓази лакмус, намиро кашида, мавҷудияти мушкилоти меъдаро нишон медиҳад.
Хусусиятҳои зиддитромбии сирпиёз нисбат ба дигар хосиятҳояш ба ҳамин наздикиҳо кашф шуданд. Аммо дар тибби халқӣдар ин бора асрҳо пеш медонистанд. Сирпиёз дар ҳақиқат таркиби хунро тунук мекунад ва баъзе аз моддаҳои нолозимро мерезонад,пеши роҳи лахташавии хунро мегирад. Аммо мавҷудияти бемориҳое, ба монанди захми меъда ё захми рӯдаи дувоздаҳангуштаи инсон метавонад истифодаи онро барои баъзеҳо марговар гардонад. Ҳамин хусусиятҳо ба системаи дилу рагҳои инсон низ таъсири манфӣ мерасонанд, алахусус ба онҳое, ки дарди дил доранд. Истифодаи зиёди сирпиёз метавонад хунро пароканда кунад, дар натиҷа шахс мубталои дарди сар, дилбеҳузурӣ, аритмия ва тахикардия мешавад.
Дар адабиёти тиббӣ,пас аз истеъмоли зиёди сирпиёзба ҳолатҳои душвор шудани нафаскашӣҳам ишора шудааст.Тавре медонем,аритмия як ҳолати патологии кори бо суръатидил мебошад. Вайрон шудани ритми набзи дил вақте ба амал меояд,ки омилҳои табиии эҷодкунандаи импулсҳонабзи дил, дуруст кор намекунад ва ба ин сабаб дил бо суръати тез ё сустшуда ё ба таври номунтазам мезанад.
Одамони эҳтиёткор сирпиёзро бо равѓани растанӣпухта мехӯранд ва бовар доранд, ки худро аз зарарҳояш наҷот медиҳанд, зеро бо ин роҳ онро барои меъда мулоимтар карда, истифода мебаранд. Дар ҳақиқат,ин тадбир таъсирибади онро ба меъда камесабук мекунад. Аммо агар сирпиёзи пухташуда дер вақт дар ҳарорати хонагӣнигоҳ дошта шавад,хатари гирифтор шудан ба бемориҳоро боз ҳам ҷиддитар месозад
Муҳақкиқи бактериологи рус Борис Токин бар ин назар аст,ки дер замон нигоҳдоштани сирпиёз ба ҳар шакле,кибошад хоҳхом ва хоҳ пухтаи он хосияти табиии антибиотикии онро азбайн бурда, онро ба заҳр табдил медиҳад.
Ба ақидаи ӯ, сирпиёз дорои таркиби органикии сулфур аст. Дар ҳарорати хонагӣ, ин пайвастагиҳо бактерияеро ба вуҷудмеорад,ки бемориҳоеро ба монанди ботулизмавҷ медиҳад.
Дар маҷмӯъ, сирпиёз маҳсулоти солим ва фоиданок аст. Он ба бадани инсон таъсири мусбӣ мерасонад, аммо онро бамеъёр бояд хӯрд. Дар баъзе ҳолатҳо (масалан, барои одамоне, ки сатҳи пасти туршӣ (кислота) доранд ва барои эпилептикҳо), истеъмоли он ҳатто мамнӯъ аст.
Аммо мақсад аз ин навиштаҳо паст задании фоиданокии ин растании полезӣ нест. Бино ба таҳқиқоти анҷомшуда дар Маркази тиббии Донишгоҳи Мэриленди ИМАдар сурати дуруст ва бомеъёр истифода бурдан сирпиёз дар ҳақиқат фоидаи зиёд дорад. Аз ҷумла, боиси паст шудани коагулятсияи хун мешавад,фишори хун ва тромбозро паст мекунад, аммо сӯиистифодаи он метавонад боиси халал ёфтани гардиши хун шавад ва сабаби хунравии дохилӣгардад.
Пажӯҳишгарони рус исбот кардаанд, ки дар ҳарорати хонагӣ нигоҳ доштани сирпиёз хосияти антибиотикиашро азбайн бурда, он ба макони бактерияҳои анаэробӣтабдил мешавад, ки ботулизмро ба вуҷуд меоранд.
Зиёд зӯред, зарар мебинед
Дар сурати истеъмоли давомдори сирпиёз, ҳатто ба миқдори кам, он ба як моддаи зарарнок табдил меёбад. Ва боиси халалдор шудани узвҳоиҳозима мегардад. Ба гуфтаи муҳақққон, агар одам ҳаррӯз 1 донаки сирпиёз бихӯрад, пас ҳолати микрофлораи меъда метавонад бад шавад. Таҳқиқҳо нишон додаанд, ки 5 мл шарбати сирпиёз дар 1 кг вазн каламушҳоромекушадё ба узвҳоидаруниионҳотаъсирмерасонад. Инмаҳсулот, инчунин, метавонад боиси гастрит, захми меъда ва дигар бемориҳоимеъдавурӯдашавад.
Истеъмоли беҳади сир кори ҷигар ва гурдаро душвор мекунад. Таҳқиқот нишон додааст, ки усораи оби сирпиёз (200 г дар як литр) кори ҷигари каламушҳовамушҳои одиро вайрон намуда,боиси марги ҳайвонҳои мавриди озмоиш шудааст. Таҷрибаҳо собит карданд,ки сир дорои унсурҳои заҳролуд гардонӣ буда, девораҳои меъдаро вайрон мекунад.
Истеъмоли зиёд пардаи луобии дандонҳоро сӯзонда, ба он ҳам таъсири бад мерасонад. Далелҳои бо ҳуҷҷат тасдиқшуда мавҷуданд, ки дар он гуфта мешавад, ки табобати дандон бо миқдори зиёди сирпиёз, боиси сӯхтани пардаи луобӣ шуда, ба некроз оварда мерасонад.
Сирпиёз сабаби вайрон шудани фаъолияти маѓзисар мешавад. Зеро он иони сулфанил (сульфанил-гидроксильный ион)дорад. Ин моддаест, ки ба хуни майна дохил шуда, фаъолияти онро халалдор мекунад. Ин гуна таъсири бади сир ба бадани инсонро доктори америкоӣ Роберт Бэк кашф кардааст. Вай дар Донишгоҳи Стэнфорд таҳқиқот гузаронида, зарарнокии ин маҳсулотро тасдиқ кард. Бино ба гуфтаи ин муҳаққиқ, истеъмоли сирпиёз реаксияи инсонро 2-3 бор нисбат ба ҳолати муқаррарӣ суст, дарди сарро ба вуҷудмеорад, одамропарешонванисбатба рӯйдодҳо беэътино мекунад.
Фоидааш ҳам кам нест
Донишмандон, ҳамзамон, аз фоидаҳои сирпиёз низ бисёр сухан гуфтаанд. Агар шумо сирпиёзро бамеъёр ва кам - кам истифода баред, ин фоидаҳоро мегиред:
1. Масунияти баданро афзоиш медиҳад. Сирпиёз антиоксидантҳо дорад, ки бо радикалҳо ва моддаҳои заҳролуд босамар мубориза мебаранд. Дар пайи як таҳқиқот, олимон тасдиқ карданд, ки истеъмоли дурусти сирпиёзметавонад аз шамолхӯрӣпешгирӣ кунад. Дар 60 дарсади одамоне, ки дар чунин як таҷриба иштирок кардаанд, нишонаҳои ин беморӣ аз байн рафта, пас аз як-якуним рӯз онҳо комилан солим шуданд.
2. Аз осори таърихӣ маълум аст, ки қабл аз мусобиқаи аввалин олимпиадачиён, юнониҳо чанд қошуқи сирпиёз мехӯрдаанд ва инчунин ба одамоне, ки ба меҳнати сахт машѓул буданд, барои пешгирӣ аз хастагӣ сирпиёз медоданд. Олимони ИМА ва Шветсия исбот карданд, ки ҳосили ин растании решадор барои паст кардани гипертония (фишори хун) муфид аст.
4. Сирпиёз заҳрҳоро меронад ва барои детоксикатсияи бадан зарур мебошад. Он дар таркибаш моддаи сулфур дорад, ки ҳуҷайраҳои саратонро нест ва ҷисмро аз металлҳои вазнин тоза мекунад. Барои исботи ин, дар корхонае, ки батареяҳо барои мошин истеҳсол мекарданд, таҳқиқот гузаронда шуд. Коргароне, ки дарди сару фишори баланди хун доштанд, мавриди озмоиш қарор гирифтанд. Пас аз таҷриба маълум шуд, ки истифодаи сирпиёз таркиби сурбро дар хун 20 дарсад коҳиш медиҳад. Аз ин сабаб, истеъмоли сир барои коргарони корхонаҳои сатҳи заҳролудшавиашон баланд ва бароикоҳиши заҳролудшавӣ тавсия дода мешавад.
5. Таъсири зидди саратонӣ дорад. Пас аз гузаронидани таҳқиқоти клиникӣ аз ҷониби олимон, маълум шуд, ки ин маҳсулот хуруҷи нитросаминҳоро, ки манбаи асосии пайдоиши намудҳои алоҳидаи саратон мебошанд, қатъ мекунад. Азбаски сирпиёз аз селен, сулфур ва дигар антиоксидантҳо бой аст, кантсерогенҳоро аз бадан хориҷмекунад ва масуният зиёд мешавад.
6. Истеъмоли бамеъёри сирпиёз барои беҳтар гардидани ҳолати мӯй ва пӯст муфид дониста мешавад. Дар ҷараёни таҳқиқот маълум шудааст, ки сирпиёз афзоиши мӯйро фаъол мекунад. Ѓайр аз он, хосиятҳои бактериявӣ дорад, ки боиси беҳбудии ҳолати мӯй мегардад. Мутахассисон мегӯянд, агар шумо сирпиёзро аз рӯйи меъёр истифода баред, пӯст тоза ва мавзун мегардад.
Аз тавсияҳо чунин маъно бармеояд , бо сирпиёз бар зидди коронавирус метавон мубориза бурд, аммо ҳамзамон ин хатар вуҷуд дорад, ки дар сурати истифодаи нодуруст роҳ ба сӯйи бемориҳои дигар боз мешавад. Ба ин сабаб, агар онро ҳамчун дору истифода кунем, нафақат аз таҳдиди бемориҳоивирусӣ худро ҳимоя мекунем, балки дар маҷмӯъ барои ҳифзи саломатии хешфоида мебинем.
Солеҳ Юсуфов



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: