Баъди анҷоми пандемия кумак намудан ба кишварҳои камбизоат ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд8-05-2020, 11:09
Хабарро хонданд: 590 нафар
Назарҳо: 0
Кумак намудан ба кишварҳои камбизоат баъд аз пандемияи коронавирус ин ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, менависад муовини Дабири кулли СММ, ҳамоҳангсози масоили кумаки башардӯстона Марк Лоукок.
Тавре «АЗЕРТАДЖ» бо истинод ба «Гардиан» хабар медиҳад, агар ба кишварҳои ҷаҳони сеюм дар ҳаҷми 90 миллиард доллари ИМА кумак расонда нашавад, оламро низоъҳои ҷангӣ, гуруснагӣ, камбизоатӣ ва харобию бесарусомонӣ фаро мегирад. Бинобар ин, расонидани кумак ҳаётан муҳим аст, чунин меҳисобад мансабдори СММ. Лоукок дар ин маврид фикрашро чунин баён намудааст: «Ин кумак танҳо як фоизи он маблағе мебошад, ки кишварҳои сарватманд аллакай барои мубориза бо пандемия сарф кардаанд». Аз рӯи натиҷагириҳо, истеҳсоли ҷаҳонӣ дар соли равон 3 дарсад коҳиш хоҳад ёфт, ки ин бӯҳрони бузургтарин аз замони таназзули иқтисодӣ мебошад. Аз се ду ҳиссаи маблағи заруриро метавонанд Хазинаи байналмилалии асъор ва Созмони байналмилалии тиҷорат пардохт намояд. Дарк намудани оқибатҳои гарони таназзули иқтисодие, ки ин офат расонидааст, ҷаҳонро ҳанӯз дар пеш аст. Пандемия қисмати пешрафтаи ҷомеаи ҷаҳониро рӯ ба таназзул намуда, ба кишварҳои қашшоқ зарбаи харобиовар ва тахрибкорона расонд. Чунин вазъият аз кишварҳои сарватманд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ куллан тағйир додани муносибат, усулҳои маблағгузорӣ ва арзёбиро тақозо менамояд. Шакли ҷаҳонии савдо, ки то замони пандемия вуҷуд дошт, ба коми нестӣ фурӯ рафт. Вазъи фавқулоддаи кунунӣ амалҳои ғайриқолабиро тақозо мекунад. Ба ибораи дигар, агар барои кишварҳои сарватманд хароҷот то як фоиз афзоиш ёбад, пас созмонҳои молиявӣ вазифадоранд, ки шартҳои қарздиҳӣ ва усулҳои арзёбии онро куллан тағйир диҳанд. Агар имрӯз ин кор анҷом напазирад, пас бӯҳрон боз ҳам тезу тунд шуда, яке паси ҳам кишварҳоро фаро мегирад ва дунё ба муддати тӯлонӣ бо гуруснагӣ, муҳоҷирати беназорат, радикализм ва терроризм рӯ ба рӯ хоҳад шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.