Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз сарбозӣ ба вазирӣ

Аз сарбозӣ ба вазирӣ

5-05-2020, 10:17
Хабарро хонданд: 400 нафар
Назарҳо: 0
Аз сарбозӣ ба вазирӣ
Ба пешвози 75- мин солагарди Ғалаба бар фашизм


Одамон бо хотира ва амалҳои некашон дар ёдҳо мемонанд. Аз рӯи одат мо ҳар сол дар арафаи 9 май аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдоварӣ мекунем. Абдураҳмон Аминович Абдуллоев, яке аз иштирокчиён ва саҳмгузорони ғалабаи мардуми Шӯравӣ дар он ҷанг буд, ки баъд ба зиндагии осоишта баргашта, дар барқарорсозии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ҳиссаи худро гузоштааст. Рӯзи ғалаба барои ин марди бошараф ва аҳли оилаи ӯ ду ҷашн буд. Яке ҷашни пирӯзӣ ва дигаре зодрӯз. Имсол аҳли ин хонадон баробари ёдоварӣ аз падари ғамхор ва бобои меҳрубон 105-солагии ӯро гиромӣ медоранд.
Абдулмавлон Абдуллоев фарзанди калони ин хонавода аст, ки доим барои поси хотири падар ва сарҷамъии аҳли ин хонадон мекӯшад.
Аз ӯ мепурсам, ки «Бо гузашти солҳо аз марги падар чӣ хотираҳое ҳанӯз ҳам дар ёд доред?
Ҳамсуҳбатам, ки акнун худаш ҳам падару чандкарата бобост, лаҳзае ба андеша меравад ва мегӯяд: - Ман хеле фикр мекунам, ки дар баробари хубиҳо як лаҳзаи бо дуруштӣ муносибат кардани падарро ҳам ба ёд оварам, вале чинин ҳолатро аз ҳофизаам пайдо намекунам. Бемуҳобот мегӯям, боре ҳам гапи ганда гуфтани падарро ёд надорам. Агар аз коре сахт нороҳат мешуданд, мегуфтанд: - Писарам, шумо ҳам рӯзе фарзанддор мешавед, хубаш ҳол гапа гӯш кунед, ки фардо фарзандон ба гапи шумо ҳам эътибор диҳанд.
Чизи дигар, ба мактаб, барои фаҳмидани он ки мо чӣ хел мехонему чӣ гуна рафтор мекунем, модарам не, худашон мерафтанд. Вақте калон шуда, оила барпо кардам, баъд фаҳмидам, ки ин ҳам аз масъулиятшиносӣ будааст. Агар масъалае пайдо мешуд, он кас ба ҷои мо ҳеҷ гоҳ коре намекарданд, балки роҳи ҳалро нишон медоданд.
Дар даврони барҳаёт будани падар ҷашни ¬Ғалаба ва ҳамзамон зодрӯзи падар дар хонаводаи мо одат буд ва ин анъанаро мо, фарзандон имрӯз ҳам то ҷое, ки имкон дорад, идома медиҳем.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин хонавода 6 нафар- 4 писар ва 2 духтар ба воя расидаанд, ки ҳар кадом ифтихори Абдураҳмон–амак ва модарашон Манаднисо-хола буданду ҳастанд.
Гарчанде ҳамаи фарзандони аҳли ин байт ҳар яке мустақил ва аз пайи рӯзгори худ шудаанд, боз ҳам дар ин рӯзи муборак ба хотири шод кардани рӯҳи падар якҷо ҷамъ меоянд ва ё ҳадди ақал бо телефон якдигарро табрик мегӯянд.
Ҳамсуҳбати мо ёдоварӣ мекунад, ки падарашон моҳи майи соли 1915 дар Хуҷанд, ки он замонҳо ба уезди Туркистон дохил мешуд, ба дунё омада, пас аз хатми мактаби ибтидоӣ ва курсҳои омӯзишӣ дар Донишкадаи муҳандиси об ва механизатсияи Тошканд таҳсилро давом дод.
Пас аз хатми он, августи соли 1940 ба сифати муаллими мактаби механиконидашудаи Комиссариати халқии замини РСС Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз ба фаъолият намуд. Январи соли 1941, ё тақрибан шаш моҳ пеш аз ҳамлаи Олмони фашистӣ ба хоки СССР ба сафи Артиши Сурх даъват шуда, аввал дар дивизияи 11 –уми танкии ҳавзаи ҳарбии Одесса, ки дар хоки Молдавия қарор дошт, ба хидмат оғоз карда, пас аз шурӯи ҷанги Олмон бо Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати Артиши Сурх дар минтақаҳои Кубан, Қрим, баъдтар дар ҷабҳаи ҷанг дар хоки Белорусия, Лаҳистон ва Олмон иштирок кард.
Дар шаҳри Кишинёви РСС Молдавия дар округи ҳарбии Одесса дар ҳайати баталиони 2-уми алоҳидаи таъмиру барқарорсозии дивизияи дуюми танкӣ ҳамчун челонгар- насбкунанда то сентябри соли 1941 хидмат намуд.
Пас аз барҳам хӯрдани ин қисми ҳарбӣ ба шуъбаи 152-уми баталиони таъмири Қушунҳои танкии фронти Закавказия ба ҳайси бригадири калон оид ба таъмиру навсозии чархҳои мошинҳо ва техникаи ҷангӣ гузашта, то октябри соли 1943 хидматро давом дод.
Дар набардҳо ҷароҳат бардошта, барои барқарорсозии саломатӣ ба шуъбаи 13-и Ротаи ҳимояи кимиявӣ гузаронда шуд, ба сифати дастёри командири рота оид ба қисмҳои ҳарбӣ ва ҳамзамон муовини командир оид ба қисми сиёсӣ таъин шуд. Дар ин вазифа то декабри соли 1944 хидмат кард. Пас аз барҳам хӯрдани ин қисми ҳарбӣ ба бригадаи танкии 186-и Ордени Байрақи Сурхдори Корпуси 10-уми танкии дорандаи ордени Суворов, ки дар Днепровск ҷойгир буд, ба вазифаи бригадири калон оид ба таъмири мошинҳои ҷангӣ фиристода шуда, то ноябри соли 1945 онҷо хидматро идома дод. Аз ин қисми ҳарбӣ бо Қарори Совети Олии СССР дар бораи аз хидмат ҷавоб додани сарбозон ва афсарони Артиши Сурх ба истеъфо фиристода шуд.
Абдураҳмон Абдуллоев пас аз ҷанг фаъолияташро ҳамчун инструктор, муовини мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи Кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод сар карда, баъдтар муовини мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи КМ ПК Тоҷикистон таъин шуда, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла тайи солҳои 1951 – 73 вазири кишоварзӣ ва маҳсулоттайёркунӣ, раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикселхозтехника» буд. Номбурда аз соли 1951 то дами вафот, яъне январи соли 1975, вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон низ буд. Аммо дар ҳар куҷое, ки кор кард ба унвони як сарбоз дар иҷрои вазифаҳояш содиқу устувор монд.
Ордену медалҳо ва Ифтихорномаҳои бисёре, ки мавсуф барои хидматҳои шоистааш қадр шудааст, гувоҳи хидмат ва кори содиқонаи ин марди шариф барои рушди кишвар мебошад.
Номбурда барои хидматҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ бо оғоз аз соли 1944 то соли 1971 бо ордени Ленин, 2 ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», 2 ордени «Нишони фахрӣ» ва медалу мукофотҳои дигар сарфпароз гардидааст, ки барои овардани номи ҳамаи онҳо як саҳифаи нашрия тангӣ мекунад. Мавсуф 8 бор шахсан бо имзои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР И. В. Сталин Сипосномаҳо гирифтааст.
Академик Бобоҷон Ғафуров, ки замоне раҳбари аввалиТоҷикистон буду Абдуллоевро ба унвони як муттахассис мешинохт, рӯзи маргаш дар номаи тасаллият аз хидматҳои марҳум ёдовар шуда, нақши ӯро дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ бузург номидааст.
Чизи дигаре аз ин мард ёдоварӣ мекунад ин аст, ки бо Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 21 июни соли 1995 маҳаллае дар пойтахт ба исмаш номгузорӣ ва дар девори собиқ Вазорати кишоварзӣ (вазорати адлияи имрӯза) аз санги мармар Лавҳаи ёдбуд гузошта шудааст.
Абдулмавлон зикр кард, ки пас аз чандин сол вақте донишгоҳро хатм кард, ба нерӯҳои Артиши Шӯравӣ даъват шуд ва дар хоки Олмон хидмат кард. Вай бо ифтихор мегӯяд, ки аз солҳои хидмат хотираҳои нек дорад ва нахустин фарзандашон Наргис ҳам дар он кишвар ва замони хидмати афсариаш ба дунё омада, нишонае аз он даврон аст. - Вақте оилаам дар он шаҳр таваллуд кард, падарам хурсанд шуда, дар мактубашон навиштанд, ки ман то Берлин рафта будам, акнун аввалин фарзанди шумо ва набераи ман дар Дрезден ба дунё омад, ба ёд меорад ӯ.
Аз ҳамсуҳбатам , ки ҳоло худ ба синни мубораки 70 расидааст, мепурсам, ки аз хислатҳои падар боз чиро дар ёд дорад? ӯ табассуми гарме мекунад ва мегӯяд: - Мо, мисли ҳамаи бачаҳо, фарзандони шӯху беқарор будем, вале ҳеч гоҳ падар моро назада, ҳатто сухани сахте нагуфтааст. Вақте калон шудему худ оила барпо кардем, баъд фаҳмидам, ки падару модари мо дар тарбияи фарзанд чӣ қадар пурсабр, устувор ва хештандор будаанд, ки он ҳама шӯхиҳои бачагонаи моро бардошта, асабонӣ намешуданд.
ӯ зиндагии содда ва одӣ доштани хонаводаашонро низ аз дигар хотираҳои даврони бачагии худ донист ва гуфт, ки падарам ҳеҷ гоҳ ҳаваси зиндагии бо каруфар ва фарқкунанда аз дигаронро надошт.
Рӯзҳои якшанбе худашон ба бозори «Путовский», ки ба хонаамон наздик буд , мерафтанд, бо вазъияти нархи навои маҳсулот шинос шуда, чизҳои лозимро харида меомаданд.
Як ҷӯра доштанд, бо номи Фағфур Ғафуров, ки бо падарам ҳамшаҳр буд ва ҳар ду дар кӯчаи Шӯро (паси Институти омӯзгории шаҳри Хуҷанд) калон шуда буданд. Ана он кас солҳои бачагии мо, вазифаи директори мактаби №7-и пойтахтро бар уҳда доштанд ва дар баробари падар ба ахлоқу хониши мо дар мактаб сахт назорат мекарданд.
Боре шунидам, ки он кас гуфтанд: - Абдураҳмон, дар ҳамин бинои соли 1948 сохташуда, шиштан мегиред? Дигарҳо чанд хона иваз карда, мошин гирифтанд, вале шумо бо ин ҳама мансабе, ки доред, дар як ҷой истодаед.
Аммо падарам дар ҷавоб ба ин гап гуфтанд, ки хонаву мебели нав ва мошин барои ман ҳамин фарзандонам ҳастанд, ки шукр хуб мехонанд ва бовар дорам, ҳар яке дипломдор шуда, фардо ҷойи пои худро дар ҷамъият ёфта, соҳиби хона ҳам мешаванду соҳиби мошин ҳам.
Ин ормони падари хирадманд баъдтар дар ҳақиқат амалӣ гардид. Фарзандони шодравон пас аз хатми муассисаҳои олӣ дар соҳаҳои ҳуқуқ, иқтисод ва саноат ба кор пардохта, ҳама дар ҷомеа соҳибэҳтирому обрӯманд шуданд.
Абдулмавлон ёдовар шуд, «9 нафар дар манзили сехонагӣ мезистем. Яке аз хонаҳо аз мо, писарон буд. Азбаски барои гузоштани кат ба ҳама ҷой намерасид, модарамон бистари мо, чор писарро рӯи фарш мепартофт ва мо шабҳо қаторак хоб мерафтем.
Бо вуҷуди ин, на падар ва на модар боре шикояти танг будани манзилро намекарданд. Гарчанде падарамон он солҳо имкону тавони ба ҷои дигар кӯчидан ва васеътар кардани манзили худро дошт, аммо ин корро накард. Мо дар ҳамин гуна шароит калон шудем. Манзили мо дар хиёбони Рӯдакӣ, байни бинои асосии «Ориёнбонк» ва Кохи ваҳдат воқеъ буд ва ҳоло ҳам ҳар гоҳе аз ин ҷо мегузарам, падар, модар ва даврони бачагӣ ба ёд меояд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам, ҳоло чанде аз набераю абера ва кавераҳои падарашон дар Русия ва Америка ҳам кору зиндагӣ мекунанд ва ҳар сол 9 май дар Рӯзи Ғалаба ва зодрӯзи бобо бо истифода аз воситаҳои муосири алоқа табрик мегӯянд. Як писари Абдуллоҷон - бародари Абдулмавлон, ки номи бобояш Абдураҳмонро дорад, низ дар Америка аст.
Наргис Абдуллоева – духтари Абдулмавлон, ҳамоне, ки дар Дрезден ба дунё омада, боборо шод гардонд, имрӯз дотсенти кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ Сино буда, бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дарс мегӯяд ва ҳамзамон дар Маркази тандурустии «Истиқлол» ба табобати кӯдакон машғул аст.
Суҳбатамон бояд тамом мешуд, вале боз аз ӯ пурсидам, ки оё дар ёдаш ҳаст, ки вазирон дар он солҳо бо кадом тамғаи мошин мегаштанд?
ӯ каме андешида, гуфт, ки аввалҳо падарамро як мошини «ЗиМ» ба кор бурда меовард, баъдтар ин мошинро бо «ГАЗ-21» ё тавре дар байни мардум машҳур аст- «Волга» иваз карданд. Шояд аз ин савол бардошти дигаре ҳам кард, ки афзуд: - Ин мошинҳои хидматӣ буданд ва ба мо, аҳли оила вобастагӣ надоштанд.
Ин фарзанди номбардори Абдураҳмон Абдуллоев - иштирокчии ҶБВ, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон ва яке аз шахсиятҳои обрӯманди сарзамини мо дар охир гуфт: - Ҳар сол Рӯзи Ғалаба ва зодрӯзи падар аксари мо, аҳли оилаи бузурги Абдуллоевҳоро ҷамъ мекард, аммо имсол ба сабаби дар авҷ будани бемориҳои сироятӣ шояд ин анъана каме маҳдуд шавад, вале чӣ ки набошад, мо ин рӯзи таърихиро боз ҳам гиромӣ медорем.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: