Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вақте дил месӯзад…

Вақте дил месӯзад…

5-09-2018, 08:44
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
Вақте дил месӯзад…
Ҳамосаи касе, ки хайрхоҳи дигарон аст

Дар бораи ин ҳамсуҳбати худ борҳо аз забони дигарон шунида ва навиштаҳоеро ҳам дар борааш хонда будам. Аммо гумон намекардам, ки рӯзе худ дар борааш чизе менависам.
Маълумотнома: Хоҷамурод Гулмуродов 2 феврали соли 1964 дар деҳаи Чинори ҷамоати Кофарниҳони ноҳияи Орчоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ба дунё омада, Омӯзишгоҳи касбӣ - техникии ноҳияро бо ихтисоси ронанда – челонгар хатм кардааст. Хидмати аскариро аввал дар яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар хоки Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина оғоз намуда, пас аз шаш моҳ ба қисми ҳарбии қувваҳои танкии воқеъ дар вилояти Москва фиристода шудааст.
Хоҷамурод ҳоло омодаи гуфтугӯ дар паҳлуям нишаста мехоҳад чизҳое бигӯяд. Чун вазъияташро дарк мекунам, саволе медиҳам, ки ҷавобаш осон ва ёдашро ба даврони хуши ҷавонӣ мебарад.
Аммо то дами сухан кардан барои ҳар бинандае мушкил буд, ки аз як мушкили сахти инсулт (шиддати бемории ногаҳонии фалаҷи мағзӣ ) раҳо ёфтанашро бифаҳмад. Ин марди 54 –сола аз гузаштаи худ бо тамкин, вале бошавқ ёд мекард ва бешубҳа лаззат ҳам мебурд.
- Пас аз хизмати аскарӣ дар бахши нақлиёт инҷою онҷо кор кардам, аз соли 1988 ба автоколонаи № 2929 ҳамчун ронандаи мошини боркаш ба кор даромадам. То соли 1993, яъне то давраи муҳоҷират ба Русия онҷо машғули кор будам. Дар он кишвар ҳам аввал дар бозору дар сохтмон кор мекардам, вале баъдтар боз ронанда шуда то 2013, яъне то бозгашт ба Тоҷикистон 11 сол дар муассисаи нақлиётии шаҳри Москва ҶММ «Гранта авто» ронанда будам,мусофир мекашидам.
Пас аз бозгашт соли 2013 мошин харида, аз соли 2013 то соли 2017 дар муассисаи нақлиётии №2928 шаҳри Душанбе бо мошини худам ба кор даромада, дар хати сайри № 8 одам мекашидам. Дар ҳамон давра аз ҳисоби даромади рӯзона пул пасандоз карда, як рӯз бепул ба мардум хизмат мерасондем. Аввал рӯзҳои душанбе, вале баъдтар рӯзҳои ҷумъа бепул мусофиронро мекашонидам. Дар ҳамон рӯз пас аз кор боз вақти ба хона рафтан ҳам аз маҳаллаи Садбарг мусофиронро бор карда, то маркази шаҳри Ваҳдат мебурдам. Онҳое, ки бори аввал дар чунин рӯзҳо ба мошинам савор мешуданд, гоҳе бовар намекарданд, вақте асли гапро мефаҳмиданд, хушҳол мешуданд ва худи ман ҳам шод будам, ки ба дигарон некӣ мекунам.
- Чи ҳодиса шуд, ки корро бас кардед? – пурсидам аз ӯ, ки торафт садояш боизтироб мешуд.
-Наврӯзи соли 2017, 23 ё 24 март буд, чун рӯзҳои дигар ба кор мерафтам, вале ҳодисае шуд, ки тамоми нақшаҳоямро барҳам зад. Дар назди бинои почтаи шаҳри Ваҳдат ҷавонзане бо кӯдак аз пеши мошин баромад. Ӯро «назанам» гуфтасахт тормоз додам. Фақат ҳамин дар ёдам ҳаст, пас аз он то чанд вақт беҳушу беёд будам. Дар ҳамон рӯзҳое, ки ҳолати вазнин доштам, пайвандонам қувват гирад гуфта, хӯроки равғанӣ ба ман додаанд, ки ин вазъиятамро бадтар кардааст. Дар беморхона хобидам, аввал дар Ваҳдат баъд дар Қараболо. Пас аз 25 рӯз роҳгардон шудам, вале боз ҳам аҳволам хуб набуд. Ниёз ба табобат доштам. Духтури бемориҳои асаб Боймуродов аз беморхонаи шаҳри Ваҳдат тавсия дод, ки агар имкон дошта бошам, барои муолиҷа ба «Физлечебнитса»-и Хуҷанд (ҳамсуҳбатам Беморхонаи физотерапевтии ҷумҳуриявии ба номи А. Нурматовро дар назар дошт) бояд равам. Бо раҳнамоии ӯ ва мусоидату роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ8 августи имсол ба ин беморхона рафта, аз ҳисоби давлат ду ҳафта табобат гирифтам. Ана ҳоло, тавре мебинед, бемалол мегардам ва гап мезанам, - гуфта ӯ аз ҷояш хест ва дар ҳуҷраи кор ин тарафу он тараф чанд қадам зад.
Чун баргашта ба ҷояш нишаст, гуфт: - Маро онҷо духтурон бо одоб ва муоширати хубашон ҳам табобат карданд. Дар беморхона аз сарнавиштам бохабар буданд, маълум гардид, ки бисёре аз кормандонаш мақолаҳои дар борам дар матбуот ва дар интернет чопшударо хондаанд. Аз фалокати ба сарам омада ҳам огаҳӣ доранд. Бо вуҷуди ин медидам, ки муносибати нарму меҳрубониашон нафақат нисбат ба ман, балки ба дигарон ҳам як хел аст.
Ана ҳамин чиз ҳам яке аз сабабҳое аст, ки маро ба идораи газетаи шумо овард, то дар бораи одобу муносибати неки кормандони ин беморхона чанд сухан гӯям ва дигарон бидонанд, ки дар ҳар гуна шароит одам бояд одамиятро фаромӯш накунад.
Хоҷамурод дар идома гуфт: - Агар як-ду нафарро медидам, ки бо дигарон хуб рафтор мекунанд ва баъзеҳо боз ҳам дуруштанд, шояд ба ин ҷо намеомадам. Дар ин беморхона ҳама фарҳангу одоби баланди муошират бо мизоҷонро доранд. Бовар мекунед, беморони маъюбро, ки аз ҷой ҷумбида наметавонанд, ғел- ғела карда масҳ (массаж) мекунанд, доду фиғонашон мебарояд, аммо дар чанд рӯз мебинед, ки дар ниҳоят фоидаашон кардааст.
Тозагӣ, хушмуомила будан дар ҳадде аст, ки пеш дар чанд моҳи аз як бемористон ба дигаре гаштан надида будам. Хоҳарони шафқат касонеро, ки хӯрда наметавонистанд ва қошуқ аз дасташон меафтод, мисли кӯдак хӯрок мехӯронданд. Гӯё духтар ё хоҳарашон буданд. Аз бемор ҳазар намекарданд. Корҳое мекарданд, ки шояд фарзандашон бо чунин меҳрубонӣ намекунанд.
Гӯшам ба ҳамсуҳбатам буду гоҳе ба дурустии суханаш шубҳаам меомад. Аммо ӯ бо далелҳои нав онро аз байн мебурд: - Чанд рӯз пеш аз ҷавоб шуданам аз шаҳри Ҳисор як гурӯҳ мактаббачаҳои маъюбро оварданд. Дидам, ки бо ҳар кадоме аз онҳо чун фарзанд муносибат мекунанд. Рӯзе, ки ман ҷавоб шудам, онҳо ҳанӯз он ҷо таҳти сарпарастӣ ва табобат буданд.
Чун эҳсос кардам, ки ҳамсуҳбатам, нафақат аз муносибати духтурон нисбат ба худ, балки бо дигарон ҳам бо меҳр гап мезанад, дигар ба гуфтаҳояш ҷои шак намемонд.
Вақте пурсидам, ки «Аз киҳо бештар сипосгузор аст? – чашмонаш барқ зад ва гуфт, «аз ҳамаи онҳое, ки бо ману дигар беморон муносибати нек карданду мекунанд. Номҳояшон ҳам дар ёдам барои доим нақш бастааст. Пеш аз ҳама Зарина Неъматова, сардори шуъбаи бемориҳои асаб, ки табобат мегирифтам, духтурон Шуҳрат Бобоев ва Ислом Бобоҷонов, масҳгарон Фурқат Аҳмадов, Марям Сатторова, духтурони муолиҷавӣ Гулҷаҳон Юлдошева, Бобоҷон Баҳманёр Азим, асабшинос Нурмуҳаммад Абдуллоев, ҳамшираи калони шафқат Зулола Усанова ва ҳамкоронаш… Хоҷамурод номҳоро пайи ҳам мегуфту ман менавиштам. Агарчи дар дафтари ёддоштам боз чанд номи дигар мондааст, вале бинобар тангии ҷой наметавонам ҳамаи онҳоро инҷо зикр кунам.
Аз Рустам Саидикромов, муовини сардухтур ҳам ёдоварӣ шуд, ки ҳар рӯз аз аҳволаш хабар гирифта, гуфтааст: «Ман шуморо дар интернет дида будам, дар Душанбе ҳафтае як рӯз бепул ба мардум хидмат мекардед».
Дар ҳақиқат пас аз нашри чанд матлаб дар сайтҳои радиои «Озодӣ» ва «Азия Плюс» хабари иқдоми неки Хоҷамурод ва баъдтар ҳодисаи ба фалокат дучор шуданаш ба берун аз Точикистон ҳам расида буд.
Бешак ҳамин гузоришҳои интернетӣ буд, ки пас аз чанд муддати беморӣ, ҷавонмарде аз Истаравшан зангаш зад. Хоҷамурод ба ёд меорад, ки ин воқеа тобистони соли гузашта буд. Чун аз гӯшаки телефон овози ношиносро шунид, гуфт, ки «бародар ман шуморо намешиносам». Аммо ҳамсуҳбаташ бо ёдоварӣ аз воқеаҳои аз сар гузаронидааш таъкид кард, ки «Ако, ман шуморо вақти дар Русия будан мешинохтам, чунки кореро бори аввал дарТоҷикистон иҷро кардед, ки дар Русия бисёриҳо мекунанд.Ҳоло ман назди хешовандон ба Истаравшан омадаам ва хабари бемор шуданатонро фаҳмида, мехоҳам шуморо бинам. Барои ин барои истироҳату табобат ба осоишгоҳи «Авитсенна» даъват мекунам».
Хоҷамурод, ки ин даъватро интизор набуд, гуфт, ки шароити ба он ҷо рафтан надорад. Аммо ҳамсуҳбаташ бо исрор гуфт, ки то таксиҳои Истаравшан шуморо расонанд шуд, ин тарафаш коратон набошад. Хоҷамурод барои фикр кардан вақт хост ва суҳбатро қатъ кард. Ба ҳамсараш асли гапро гуфт, вале ҳамсараш бовар накард, ки чи хел як одами бегона ва аз роҳи дур бо харҷи роҳу ҳаққи табобат туро даъват карда мебарад.
Пас аз чанд дақиқа дубора садои занг баланд шуд, ки ҳамон ҷавони истаравшанӣ буд. Хоҷамурод боз ҳам вақти суҳбат натавонист ҷавоби дақиқ диҳад ва гуфт, ки ҳамсараш розӣ нест. Он дӯсти ношинос хоҳиш кард, ки гӯшакро ба ҳамсараш диҳад. Акнун аз он сӯи гӯшак ҳардуро ба Истаравшан даъват мекарданд. Вазъият боз ҳам печидатар шуд. Дар ниҳоят розӣ шуданд, ки танҳо Хоҷамуродро равон мекунанд. Чунки нигоҳубини хона ба дӯши ҳамсар буд.
Ба Истаравшан рафтан ва мавриди лутфу меҳрубониҳо қарор гирифтани Хоҷамурод мавзӯи як қиссаи дигар аст. Ва баёнгари он аст, ки чи тавр як амали нек боиси бедор шудани эҳсоси хайрхоҳӣ дар мардуми тозазамир мешавад.
Ин рӯйдод боз нишонаи он аст, ки ҳар амали хуб спиралмонанд ё морпеч аст ва амалкардҳои неки дигарро дар пай дорад.
Хоҷамурод номи он ҷавонмарди истаравшаниро нагуфт, зеро хоҳиши худи ӯ чунин будааст, ки «ако, шумо ба дигарон некӣ кардед ва мо ҳам ба шумо як меҳрубонӣ намудем». Фақат ин қадар барояш маълум шудааст, ки ӯ як соҳибкори ба тиҷорати маҳсулоти сохтмон машғул буда, зиёрати ҳаҷ кардааст.
Аммо донистани ҳамон ангезаи аслии хайрхоҳии ин гуна ҷавонмардон маро ором намегузорад, ки чи чизе сабаб мешуда бошад, ки аз баҳри ҳиссае аз даромаду сармояи худ мегузаранд ва ба дигарон ёрӣ мекунанд.
Чун ин саволро ба Хоҷамурод додам, ҳаяҷонаш бештар шуд ва гуфт: - Нанги инсонӣ буд, ки вақти кор дар Русия ва дар натиҷаи мушоҳидаҳои зиёд дар вуҷудам бедор шуд. Дар фикрам андешае ҷой гирифт, ки Худо агар ба ман шароиту фурсат диҳад, ба Тоҷикистон баргашта ҳатман кори хайре мекунам, ки дигарон накарда бошанд.Корҳое, ки дар Русия мардумони миллатҳои гуногун барои намоишкорӣ на, балки аз барои сабук кардани бори зиндагии атрофиён мекунанд. Масалан, аввалҳо гумон мекардам, ки қафқозиҳо одати худнамоӣ доранд, вале чун ҳар вақт ва махсусан пеш аз идҳои Рамазону Қурбон нархи маҳсулоте, ки мефурӯхтанд кам мекарданд,фикрам дар бораашон тағйир ёфт.
Дар ҳамон ҶММ «Гранта Авто», ки 11 сол кор кардам, намояндагони миллатҳои гуногун буданд. Константин, Давид Арамович, Димитрий Геннадевич Решепкин аз масъулони ин ҷамъият буданд.
Ронандагони мошинҳои мусофиркаш шаҳрвандони худи Русия ва мо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон будем, ки бо ҳар кадоме аз мо муносибати нек доштанд. Масалан, чун барои бештар даромад гирифтан мехостам яке аз рӯзҳои истироҳат ҳам кор кунам, Константин, ки ҳамеша бо мо сари кор дошт, гуфт: - Бирав, истироҳат кун, худатро зиёд азият мадеҳ!
Баъд ӯ аз нақшаи (плани) кориам 200 рубл кам кард, яъне ҳар рӯзи корӣ ин миқдор пул кам мегирифт. Вале чун дид, ки бисёр мехоҳам, яке аз рӯзҳои истироҳат кор кунам, роҳхат навишта, гуфт: «Фақат пули сӯзишвориро пардохт кун, даромади ин рӯз аз худат».
Мисоли дигар. Ман аз гӯштфурӯше, ки аз Ҷумҳурии Қабардину Балқари Русия омада пеши дӯконаш «ҳалол» навишта кор мекард, гӯшт мехаридам. Медидам, ки ҳар бор пеш аз ид ӯ арзонтар мефурӯхт, фақат ба мусалмонҳо на, балки ба ҳама бо як нарх мефурӯхт. Пеш аз иди Рамазон ё Қурбони соли 2012 боз аз ӯ гушт харидам, Ҳар бор агар нархи гӯшт 250 рубл бошад ба ман ҳамчун мизоҷи доимӣ 30 рубл арзон ҳисоб мекард. Пеш аз ид нархи гӯштро якбора 130 рубл нибат ба рӯзҳои дигар кам навишта монда буд, вале ба ман аз ин ҳам арзонтар дод. Тоқат накарда пурсидам, ки чаро ин қадар меҳрубонӣ мекунӣ?
Ӯ ҳам беибо ҷавоб дод: - Мо ба хотири чи зиндагӣ мекунем? Барои он ки фақат ҷамъ оварему бихӯрем, баъд ба ахлотҷо рафта холӣ кунем? Вақте ид мегӯем, хурсандиро мефаҳмем, ҳамин тавр не? Барои он ки хурсанд бошем, дигаронро ҳам бояд андаке шод кунем.
Ба ин суханон ба ғайр аз «ташаккур» гуфтан ҷавоби дигаре наёфтам. Ба манзили зистам расида, ба Ваҳдат занг задам, то бифаҳмам, ки ҳама чизро гирифта бошанд. Ҳамсарам гуфт, ки ҳама чизро харид карда, фақат харбуза нагирифтааст, чунки то имрӯз нархаш то 25 сомонӣ буду пеш аз ид аз 50 сомонӣ боло рафтааст.
Аммо он ҷо дар Русия ба ман он рӯз тарбузфурӯшҳои озарӣ, ки бо сахтсавдо будани худ машҳуранд, аксия (иқдом) - и пеш аз ид гуфта 2 тарбузро ба 50 рубл (тахминан 7-8 сомонӣ) доданд, ҳол он ки Дар рӯзҳои муқарарӣ як тарбузро то 50 – 60 рубл (8-10 сомонӣ) мефурӯхтанд.
Ҳамон Константини рус ҳам пеш аз ид ба ман гузашт карда гуфт, ки фардо дам гирам. Чунки хоҳиш кардам, барои намози ид маро ду соат ҷавоб диҳад. Гуфтам, пас аз намоз ба кор мебароям. Аммо ӯ бо чеҳраи кушода гуфт: - Тамоми рӯз истироҳат, ид бикун. «Работа не волк, в лес не убежит»,- бо мақоли русӣ ҷамъбаст кард ӯ.
Чун бо ҳайрат пурсидам, ки «нақшаи корӣ чӣ мешавад?» Хандида гуфт, ки нақша «Аллах акбар!» ва мисли ҳар яки мо дасташро ба рӯяш кашид. Баъд фаҳмидам, ки солҳои 1985 – 1986 дар дивизияи 201 воқеъ дар кӯчаи Чапаеви шаҳри Душанбе хизмати аскарӣ карда ва аз бештари таомули тоҷикӣ бохабар аст.
- Тоҷикистонро фаромӯш накардаам, чи хел ба бозор рафта тарбуз харидану хӯрданҳоям, дар ёдам ҳаст. Рӯзе дӯстонам дар рӯзи ид ба Ҳисор бурданд, тамошо доданд, баъд ба манзиле рафтем, ки гӯсфанд кушта буданд, хуб меҳмондорӣ намуданд, - бо шавқ ба ёд меовард ӯ.
Ин ду тарзи муносибатро, ки ба иди мо дахл дошт, дар як рӯз дида ба андеша афтодам. Тамоми шаб дар фикри он будам, ки ман чи некӣ карда метавонам. Ҳис мешуд, ки дилам сахт месӯзад. Саҳари ид ба намоз рафта омадем, ҳамхонаамон Элмурод – ака, аз шаҳри Қаршии Ӯзбекистон хомшӯрбо тайёр карда буд. Бо чанд тани дигар аз бачаҳои ҳамватану ӯзбекистонӣ хӯрдем. Пеш аз ҷамъ кардани дастархон ба аҳли нишаст ваъда додам, ки агар ба Тоҷикистон баргардаму корам барор гирад, як рӯз барои хайри мардум кор мекунам.
Ҳамин тавр, охири соли 2012 бо як миқдор пул ба Тоҷикистон баргаштам, мошин харида, дар маршрути № 8 ба кор даромадам, чанд муддат кор карда, рӯзгорамро пеш мебурдам, дар баробари он аз даромади ҳаррӯза барои сӯзишворӣ пасандоз карда,як рӯз бепул одам мекашонидам.
- Акнун чи аҳвол доред, зиндагиро, ки пеш мебарад? – пурсидам аз ӯ.
- Худо хайри фарзандонро диҳад, агар тавонанд, ёрдам мекунанд, вале бори рӯзгор асосан ба дӯши ҳамсарам аст, ки дар бозор ба майдафурӯшӣ машғул асту зиндагиро пеш мебарад.
Пурсида фаҳмидам, ки ҳамсараш Дилбар Юнусова аз ӯ се сол хурд аст ва 5 фарзанд - 4 духтару 1 писар доранд.
Ҳоҷимурод дар поёни суҳбат хоҳиш намуд, ки арзи сипосашро ба ҳамаи саховатмандоне, ки пас аз нашри мақола дар газета ва сайти «Азия Плюс» ба ӯ ёрии моддӣ карданд, бирасонем.
Ва гуфт, ки як мақсади дигари омаданаш ба идораи нашрияи мо низ изҳори миннатдорӣ ба онҳое аст, ки рӯзҳои сахт мададгораш шудаанд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: