Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ

Саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ

28-04-2020, 09:32
Хабарро хонданд: 22 нафар
Назарҳо: 0
Саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ
Ба истиқболи 75-солагии Ғалаба


Инсонро ҳотирааш муътабар мекунад. Ва шаҳру кишварҳо низ бо таърихи худ арзишманд ҳастанд. Душанбеи зебо ҳам гӯшаҳое дорад, ки ёдгорие аз гузаштагон аст. Яке аз чунин ёдгориҳо бинои меҳмонхонаи «Вахш», дар маркази шаҳр аст, ки дар пешдевораш лавҳае аз таърихи ин сохтмони куҳан ҳикоят мекунад. Ин бино нишонае аз саҳми Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистиро низ дар худ дорад.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин шумора 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуда, дар маҷмӯъ, ҳама дар муҳорибаҳо иштироки бевосита доштанд.
Яке аз рӯйдодҳое, ки вобастагии Тоҷикистонро бозгӯ мекунад, таъсиси беморхонаҳои ҳарбӣ дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари кишвар буд. Дар беморхонаҳои эвакуатсионӣ, ки ҳамзамон бо оѓози ҷанг ташкил шуданд, сарбозони Артиши Сурхи дар фронт захмӣ ва ҷароҳатбардошта табобат гирифта, саломатии худро барқарор мекарданд ва аз нав ба ҷабҳа мерафтанд.
Дар тамоми давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон 29 беморхонаи эвакуатсионӣ ҷойгир буд, ки 22-тои онҳо дар Душанбе фаъолият мекарданд. Аскарони Артиши Сурх асосан ба ҷароҳатҳои тирхӯрдагӣ ва баданҳои сӯхта оварда мешуданд.
Таърихшинос Ѓафур Шерматов, ки ба таҳқиқу омӯзиши таърихи Душанбе ва саҳми он дар даврони ҶБВ машѓул аст, дар робита ба нақши ин муассисаҳо мегӯяд: - «Маҳз дар ин ҷо, дар Тоҷикистон бори аввал бо истифода аз равғани арча барои муолиҷаи ҷанговарони бо ҷароҳатҳои вазнин, ки сӯхтагагии дараҷаи 1 ва 2 доштанд, дору тайёр карда шуд. Ва он солҳо доруҳои зиёде бо истифода аз гиёҳҳое, ки дар Тоҷикистон мерӯянд, сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд».
Пас аз табобат дар беморхонаҳои эвакуатсионӣ ҷангиёни табобатёфта ба фронт, ба қисмҳои ҳарбии худ бармегаштанд.
Иқлими субтропикии пойтахти Тоҷикистон, фазои ором ва дур аз даҳшати таркишу садои тӯпу танкҳо, ѓамхории табибони мушфиқ ба зуд шифо ёфтани сарбозон ва бозгашти онҳо ба фронт мусоидат мекард. Бино ба иттилои пажӯҳишгарон, дар он солҳо табибони ин муассисаҳои тиббӣ тавонистанд, ки беш аз 50 ҳазор сарбозони Артиши Сурхро дубора ба по рост карда аз нав ба ҷабҳа бифиристанд. Ин миқдор сарбоз ба ҳайати ҷангии тақрибан панҷ дивизияи пурра баробар буд.
Беморхонаҳои эвакуатсионии Душанбе то аввали соли 1944 кор мекарданд. Пас аз озод шудани Украина аз сӯи Артиши Сурх (28 октябри соли 1944), чанде аз ин беморхонаҳо барои наздик сохтани имкони расонидани ёриҳои тиббӣ ба қисмҳои ҳарбӣ ва тақвияти ҷараёни кумакҳои тиббӣ ба нерӯҳои дар сафи пеши мубориза буда, ба ақибгоҳ, ба минтақаҳои наздик ба фронт кӯчонида шуданд. Аммо бо вуҷуди ин шуморе аз дармонгоҳҳои ҳарбӣ - тиббӣ дар шаҳри Душанбе боқӣ монданд ва ба беморхонаҳои барқарорсозию ҷарроҳии маъюбон табдил дода шуданд.
Таърихшиноси ҳарбӣ Ғафур Шерматов бар ин андеша аст, ки бинобар хидмати саривақтии ин 22 беморхона ва нақше, ки дар муолиҷаи ҷанговарон дар солҳои ҷанг доштанд, Душанбе, лоиқ ба дарёфти унвони «Шаҳри саҳмгузор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» мебошад.
Фаъолони гурӯҳи ҷамъиятии ҷустуҷӯии «Хотира», ки бо роҳбарии ин таърихшинос дар Душанбе фаъолият мекунад, чанд сол пеш аз ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ ва котиботи он хоҳиш намуданд, ки ворид кардани унвони махсуси "Шаҳри бошарафи тиббии ҳарбӣ" -ро баррасӣ ва ба Душанбе ин унвонро ато кунанд.
Муаллифони ташаббус боварӣ доранд, нақши шаҳрҳоеро, ки дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар табобати сарбозони бо ҷароҳатҳои вазнини Артиши Сурхро пазируфта, саломатиашонро барқарор намуда, ба фронт баргардондаанд, дар ѓалаба бар фашизм бузург буда, ба чунин қадрдонӣ сазоворанд.
Ба андешаи ин гурӯҳ, дар Иттиҳоди Шӯравӣ 12 шаҳр ба баландтарин дараҷа ва унвони « Шаҳри Қаҳрамон» қадр шудаанд, Чанд сол пештар дар Русия унвони фахрии «Шаҳри бо шарафи ҳарбӣ» -ро ҷорӣ карданд ва он ба 45 шаҳр дода шуд. Аммо ба нақши шаҳрҳое, ки сокинонаш дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳ барои ѓалаба ҷоннисорӣ мекарданд, то ба ҳол баҳогузорӣ нашудааст.
Ба ақидаи ӯ, шуморе аз шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Душанбе, ки дар он 22 беморхонаи эвакуатсионӣ дар солҳои ҷанг кор мекарданд, сазовори ин гуна унвон мебошанд.
«Олмониҳо мақсад доштанд, ки теъдоди зиёди сарбозон ва афсаронро нобуд кунанд. Хушбахтона табибон бисёре аз захмиёнро наҷот медоданд ва саркардаҳои фашистӣ ба мақсади шуми худ нарасиданд. Маҷрӯҳон наҷот меёфтанд. Аз нав ба ҷабҳа баргашта дар сафи пеш қарор мегирифтанд. Ба фронт, ба паси рули мошинҳо, дар траншеяҳо пушти пулемёт, тӯпу танкҳо, дар ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҷои худро ишѓол карда, аз нав бо қуввату тавони дучанд бо душман меҷангиданд.
Ин буд, ки одамон дар мудофиаи кишвар қавитар мешуданд, ҷасораташон меафзуд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми шаҳрҳое, ки ба монандиДушанбе, Тошканд, Сочӣ бо марказҳои табобатии худ дар солҳои ҷанг барои расидан ба пирӯзӣ хидмат кардаанд, ин иқдом барои ҳифзи хотира ва арҷ гузоштан ба саҳми табибон ва сокинонаш хеле муҳим аст», - мегӯяд ин таърихшинос.
Бино ба гуфтаи ӯ, нахустин беморхонаи ҳарбӣ дарДушанбе ҳанӯз дар солҳои мубориза бар зидди нерӯҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳаракатҳои босмачигарӣ 5 сентябри соли 1926 таъсис ёфта буд. Бо оѓози Ҷанги Бузурги Ватанӣ он ба госпитали эвакуатсионӣ табдил ёфта, маҷрӯҳони аз фронт овардашударо қабул мекард. Он вақт ин госпитал ҳамагӣ дорои 350 бистар буд. Солҳои 1979 – 1989 дар он ҳарбиёни нерӯҳои маҳдуди Шӯравӣ дар ҷанги Афѓонистон захмишуда, табобат мегирифтанд.
Дар баробари Душанбе дар Ҳисор, Шаҳринав, Регар, Ваҳдат, Хуҷанд, Конибодом, Исфара низ чунин шифохонаҳо дар солҳои ҷанг таъсис ёфта буданд.
Аммо бештари онҳо дар пойтахти кишварамон (17 шифохона) буд.
Дар госпитали № 4444, ки дар паҳлӯи вокзали роҳи оҳан ( дар бинои як замон факултети таърихи ДДТ ва дар солҳои аввали пас аз истиқлол факултети тиҷорати муҳандисӣ ва идоракунии ин донишгоҳ ҷойгир буд, захмиҳои аз фронт овардашуда, аз рӯи сатҳи ҷароҳаташон ҷудо ва баъдан ба дигар госпиталҳо фиристода мешуданд. Афсарон ва сарбозони маҷрӯҳ ба воситаи поездҳои санитарӣ ба Душанбе оварда мешуданд. Дар ҳар кадоме аз ин беморхонаҳо душвортарин амалиёти ҷарроҳиро духтурони аз дигар шаҳрҳо кӯчонидашуда анҷом медоданд. Дар бинои меҳмонхонаи «Вахш» госпитали №4451, воқеъ буд. Чунин шифохонаҳо дар бинои факултети биологияи ДДТ ( паҳлуи бозори «Зелёный»(баъдан «Шоҳмансур»)- рӯ ба рӯи бинои кафедраи ҳарбии ДДТ, инчунин дар биноҳои мактабҳои дар он замон амалкунандаи № 1, 6, 9, 11, 19, 20, дар яке аз биноҳои дар маҳдудаи корхонаи бофандагӣ (машҳур бо номи «Текстилькомбинат») амал мекарданд. Дар бинои музеи этнографияи АИ Тоҷикистон (ҳоло бинои Музеи миллии осори бостонии Тоҷикистон, дар кӯчаи ба номи бародарони академик Раҷабовҳо 7), бинои беморхонаи шаҳрии бачагона (дар паҳлӯи он пойгоҳи дивизияи 201 ҳам пештар ҷойгир буд), Институти такмили ихтисоси муаллимон (собиқ мактаби №5) ва беморхонаи ҷумҳуриявии бачагон аз дигар биноҳое буданд,ки бахшҳое аз госпиталҳои ҳарбӣ дар онҳо ҷой гирифта буданд.
Бахшҳои табобати сарбозони сарҳояшон сахт зарбхӯрда, ҷарроҳии умумӣ, неврологӣ, госпитали банду басти пойҳои сунъӣ, аз ҷумлаи ин муассисаҳои тиббӣ буданд.
Дар омори марбут ба ёриҳои расонидаи Ҳукумати Тоҷикистон ба ин муассисаҳои табобатӣ омадааст, ки мақомоти иҷроияи давлатӣ дар ҳамон солхо ба ин шифохонаҳо 870 кат (кроват), 1242 матрас, 19 диван, 328 метр матоъи барои ҷарроҳӣ лозим, 1608 кампал ( кӯрпа), 1200 пододеяльник, 715 қолин, 777 пойпох, 1981 пероҳан, 994 хилъати тиббӣ, 2228 сачоқ, 1099 болишт, 2585 рӯйкаши болишт, 1210 ҷуфт ҷӯроб, 498 тумбочка, 1260 китобҳои гуногун, 2 пианино ҳадя кардааст.
Ба сабаби таъмини дурусти табобату истироҳат, бино ба маълумоти дар бойгониҳо маҳфузбуда, зиёда аз 70 % маҷрӯҳшудагон пас аз табобат ба фронт бармегаштанд.
Дар ҷамъ то 1 январи соли 1943 дар хоки Тоҷикистон 29 госпитал амал мекард, аммо дар пайи пешрафти артиш ва аз хоки шӯравӣ берун ронда шудани нерӯҳои душман дар охири ҳамон сол дар Тоҷикистон, ҳамагӣ 8 госпитал боқӣ монд. ки 2335 кати табобати маҷрӯҳонро доштанд. Ин шифохонаҳо то охири соли 1944 дар шаҳри Душанбе амал мекарданд. Ду госпитали эвакуатсионӣ ки яке дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) №4449 ва дигаре дар Хуҷанд №4452 дар солҳои охири ҷанг ба беморхонаҳои табобати маъюбон табдил дода шуданд. Саҳми Тоҷикистон дар пирӯзӣ
Чуноне аз осори бойгонӣ маълум аст, воридшавии зиёди маҷрӯҳон ба Тоҷикистон ба соли 1942 рост омад. Онҳо асосан иштирокчии муҳорибаҳо ва ва ҳимоятгарони шаҳрҳои Сталинград, Севастопол,Одесса ва минтақаи Кавказ буданд.
Фақат дар моҳи аввали (ноябри 1941) 3 ҳазор маҷрӯҳ ба Тоҷикистон фиристдода шуда, то охири сол боз 8 ҳазори дигар ба шифохонаҳои кишвари мо оварда шуданд.
Ин омор гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон дар он солҳо дигар як гӯшаи нообод ва ақибмонда дар таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ набуд, балки кишваре бо шаҳрҳои рӯ ба пешрафт ва муассисаҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ ва мутахассисони бомаҳорату соҳибтаҷриба буд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: