Ҷаласаи ҷамъбастии ситоди ноҳиявии «Раъйпурсӣ - 2016»2-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи гузашта дар толори кумитаи иҷроияи КИ ҲХДТ дар ноҳия маҷлиси ситоди ноҳиявии «Раъйпурсӣ - 2016» таҳти раёсати раиси ситод Наимҷон Назаров баргузор гардид. Роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроия М.Мирпочоева доир ба фаъолияти ситод ва натиҷаи Раъйпурсии умумихалқӣ мушаххас маълумот дод. Зимни баромад ӯ қайд кард, ки дар давраи омодагӣ ба маъракаи сиёсӣ аъзоёни ситод ва гурӯҳҳои таблиғотӣ хеле фаъолнокӣ зоҳир намуда, дар ҷамоат, деҳа ва маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия силсила мулоқоту вохӯриҳои судманд ташкил карда гузарониданд. Ҳамзамон баргузории аксия таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори рушди босуботи ҷомеа», таблиғотӣ гурӯҳиву инфиродии «хона ба хона» ва дастрасии маводҳои таблиғотӣ ба корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъати тоза бахшид. Раиси ситод зикр намуд, ки аз 192 162 нафар раъйдиҳандаҳо 180 632 нафар иштирок намуданд, ки 92 фисад ва ба тарафдории таъғиру иловаҳои ворид гардида, 168 810 нафар овоз доданд, ки 93,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар охир ӯ аз номи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ба аъзоёни ситод, гурӯҳҳои таблиғотиву зудамал барои фаъолияти босамараашон миннатдорӣ изҳор намуд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.