Маҷлиси Ситоди «Обуна-2017»29-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 347 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси нахустини Ситоди «Обуна-2017» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур аъзоёни ситод иштирок намуданд.
Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳамаи аъзоёни ситодро ба меъёрбандии нақшаи обуна шинос намуда, аъзоёни ситодро вазифадор намуд, ки баҳри иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои мазкур фаъолона ширкат варзанд ва саривақт ба кумиҷроия оиди рафти иҷроиши нақшаи тасдиқгардида маълумот пешниҳод намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.