
Мутобиқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки Расулзода Насимҷон - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Исмоилова Шаҳноза - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Нахшов Фазлиддин - вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҳаллаҳои Аҳрор Мухтор ва Нодира бо сокинон вохӯрӣ доир гардид. Зимни вохўрӣ кӯчаву хиёбонҳои маҳаллаҳо бо маҳлулҳои зиддивирӯсӣ тамизкорӣ шуда, ба оилаҳои ниёзманд кӯмакҳои озуқаворӣ расонида шуд.
Инчунин зиёда аз 200 ниқобҳои тиббӣ ва 100 маводҳои иттилоотиву таблиғотӣ ба сокинон тақсим гардид.