ОБУ ҲАВО15-04-2020, 09:51
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борони башиддат пешбинӣ шудааст. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр боридани барф аз эҳтимол дур нест.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони башиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони башиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони башиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо боронҳои башиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.