Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар Хуҷанд барои ба хизмати ҳарбӣ рафтани ҷавонписарон вохӯриҳои судманд ташкил менамояд

Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар Хуҷанд барои ба хизмати ҳарбӣ рафтани ҷавонписарон вохӯриҳои судманд ташкил менамояд

13-04-2020, 11:14
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар Хуҷанд барои ба хизмати ҳарбӣ рафтани ҷавонписарон вохӯриҳои судманд ташкил менамояд
Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла, мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонон Заррина Манонова ва Олимҷон Норматов силсилаи вохӯриҳо дар маҳаллаҳо бевосита бо волидайни сарбозон доир мегарданд. Зимни мулоқот ба ҳозирин дастгирии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди миллӣ, сол аз сол беҳтар шудани шароити хизмати аксарон ва муҳимтар аз ҳама, дар фазои озоду ободи ҷумҳурӣ хизмат кардани ҷавонписарон фаҳмонида мешавад.

Зимни вохӯриҳо таъкид мегардад, ки ҳимояи марзу буми давлат вазифаи имонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки ҷавони бонангу ор буда, бояд дар ин ҷода волидон роҳнамо ва дастгири фарзандон бошанд.

Дар ин росто баргузор шудани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ бевосита дар қисмҳои низомӣ, аёдати волидон аз рафти хизмати фарзандон, силсилаи барномаҳои телевизионӣ барои самаранок бурдани маъракаи даъват мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрел мавсими нави даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, аллакай дар баъзе ноҳияҳои мамлакат нақшаи даъват ба иҷро расид. Сол то сол ифтихори миллии ҷавонписарон боло рафта, аксаран бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ мераванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: