Паём, ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа6-03-2017, 09:45
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ таҳти унвони «Паём, ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тибқи барномаи дар конфронс панҷ нафар устодону магистрантҳо ва аспирантон дар масъалаҳои ҷавонон, даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба об ва иқтисодиёти мамлакат маърӯзаҳои илмӣ хонда, фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд. Конфронс бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида шуда, дар кори он намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд ширкат варзиданд. Конфронсро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Аҳророва Г. У. ифтитоҳ карда, ба он роҳбарӣ намуд. Номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ Майнусов Д. Ф. иштирокчиёнро бо кори конфронс шинос карда, ба маърӯзакунандагон ҷиҳати саҳм гирифтанашон дар конфронс сипосгузорӣ кард. Муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Авазматов Н. дар мавзуи «Иҷтимоигароии сиёсии насли наврас: вазъ ва паёмадҳо», ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, Раҳматуллоева А. дар мавзуи «Hydropower resources of Tajikistan and the Millennium Development Goals» (Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва ҳадафҳои рушди ҳазорсола) (бо забони англисӣ), аспиранти донишкада Гадойбоева Ш. Ҷ. дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар рушди соҳибкорӣ», магистрант Холиқова Р.Б. дар мавзуи «Масъалҳои рушди илм ва маориф дар байни чавонон» ва магистрант Орипова С.М. дар мавзуи «Реализации внешне торговой политики в ЕАЭС (Евразийский экономический союз)» (бо забони русӣ) маърӯзаҳои илмӣ карда, перомуни нуктаҳои муҳими мансуб ба ҷавонон ва масоили ба об гуфташудаи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат муҳокимаронӣ намуданд. Конфронс дар сатҳи баланди илмӣ ва амалӣ баргузор гардида, бо натиҷагирӣ аз саҳми назарраси муҳаққиқони ҷавони донишкада дар рушди илм ва ташаббуси онҳо дар тарғибу ташвиқи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба кори худ анҷом бахшид. Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ таҳти унвони «Паём, ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Тибқи барномаи дар конфронс панҷ нафар устодону магистрантҳо ва аспирантон дар масъалаҳои ҷавонон, даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба об ва иқтисодиёти мамлакат маърӯзаҳои илмӣ хонда, фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд. Конфронс бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида шуда, дар кори он намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд ширкат варзиданд. Конфронсро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон, н.и.ф., дотсент Аҳророва Г. У. ифтитоҳ карда, ба он роҳбарӣ намуд. Номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ Майнусов Д. Ф. иштирокчиёнро бо кори конфронс шинос карда, ба маърӯзакунандагон ҷиҳати саҳм гирифтанашон дар конфронс сипосгузорӣ кард. Муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Авазматов Н. дар мавзуи «Иҷтимоигароии сиёсии насли наврас: вазъ ва паёмадҳо», ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, Раҳматуллоева А. дар мавзуи «Hydropower resources of Tajikistan and the Millennium Development Goals» (Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва ҳадафҳои рушди ҳазорсола) (бо забони англисӣ), аспиранти донишкада Гадойбоева Ш. Ҷ. дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар рушди соҳибкорӣ», магистрант Холиқова Р.Б. дар мавзуи «Масъалҳои рушди илм ва маориф дар байни чавонон» ва магистрант Орипова С.М. дар мавзуи «Реализации внешне торговой политики в ЕАЭС (Евразийский экономический союз)» (бо забони русӣ) маърӯзаҳои илмӣ карда, перомуни нуктаҳои муҳими мансуб ба ҷавонон ва масоили ба об гуфташудаи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат муҳокимаронӣ намуданд. Конфронс дар сатҳи баланди илмӣ ва амалӣ баргузор гардида, бо натиҷагирӣ аз саҳми назарраси муҳаққиқони ҷавони донишкада дар рушди илм ва ташаббуси онҳо дар тарғибу ташвиқи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба кори худ анҷом бахшид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.