Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мақомоти ИМА барои пуштибонӣ аз иқтисод 2 триллион доллар ҷудо мекунанд

Мақомоти ИМА барои пуштибонӣ аз иқтисод 2 триллион доллар ҷудо мекунанд

26-03-2020, 08:00
Хабарро хонданд: 20 нафар
Назарҳо: 0
Мақомоти ИМА барои пуштибонӣ аз иқтисод 2 триллион доллар ҷудо мекунанд
Дар ИМА барои барқарории иқтисод ва кӯмак ба бахши тандурустӣ дар муқобила бо вируси корона созиши таърихие ҳосил шуд, ки ҷудо кардани 2 триллион долларро дар назар дорад.
Сенаторҳо ва Кохи сафед баъди чандин гуфтугӯи ноком, ниҳоят дар рӯзҳои истироҳати гузашта ба созиш расиданд, гуфт Эрик Уиланд, намояндаи Кохи сафед рӯзи 25 март.
Хабаргузориҳо менависанд, мумкин аст, раъйдиҳӣ ба тарҳи қонуни ҷудо кардани 2 триллион доллар дар Конгресс имрӯз, 25 март сурат гирад.
Аммо баъди қабули тарҳи қонун аз сӯи Конгресс, палатаи поёнии порлумони Амрико ҳам бояд аз он ҷонибдорӣ кунад.
Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, омода аст, онро имзо кунад. “Конгресс бояд онро фавран қабул кунад. Ҳарчи қадар он вақти зиёд гирад, ҳамон қадар барқарории иқтисоди мо душвортар мешавад. Коргарони мо зиён мебинанд”, - навишт Трамп дар твиттер.
Аммо демократҳо зидди тарҳи мазкур ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ин тарҳ аҳамияти ширкатҳоро нисбати коргарон ва хонаводаҳо бештар мекунад. Демократҳо ҳамчунин гуфтанд, ки тақсими 500 миллиард доллар миёни ширкатҳо норушан аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: