Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СЕ ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ АЗ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИДИ МОДАРОН

СЕ ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ АЗ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИДИ МОДАРОН

9-03-2020, 11:07
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
СЕ ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ АЗ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИДИ МОДАРОН
Рӯзи 7 марти соли ҷори ҳамагон шоҳиди суханронии табрикотии Пешвои миллат ба муносибати иди модарон дар Кохи Борбад баргузор гардид. Сараввал Ҷаноби Оли занону модарон кишвар ва ҳозирони толлорбударо ба иди Модарон табрику муборакбод намуда ба онҳо тансиҳативу хонаободи мувффақияту барору комёби дар кору зиндагӣ ва умри дарозу бобаракотро аз Худованд орзу намуданд. Воқеан месазад,ки Ҷаноби Олӣ дар ҳар як мулоқоташон бо аҳли ҷомеаӣ кишвар аз занон ҳимоят намуда, дар болобурди мавқеи зан дар ҷомеа хизмати беандоза бузурге намудаанд. Чун ирузҳо дар олам аз рӯзи занон ҷаш мегиранд вале дар Тоҷикистони азизи мо аз Иди модарон, чунчи арҷ гузоштан ба модар аз муқаддасотест дар фарҳангу маданияти мо тоҷикон аст.
Бе муболиға зарзамине, ки дар он зан модар ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва бунёдгузори маънавиёту ирфон аст, мардумаш ба бузургтарин дастовардҳои инсоният ва башарӣ дастёб мегарданд.
Дар ин мулоқоти навбатии Пешвои миллат ба мунсибати Рӯзи модар се бардоште, ки моро ба ваҷд овард ва бори дигар исботи хизматҳои беандоза бузурги Пешвои миллат ба халқу ватани хеш ва ғайрату матонати ҷанондухтарони тоҷик дар баробари илм мебошад:
1. Ҷаноби Олӣ дар ин мулоқот гуфтанд, ки дар яке аз сафарҳои кории ба ноҳияи Рашт ҳангоми бозгашт дар назди чархбол як гурӯҳ гулдухтаронеро мушоҳида намуданд, ки ба сӯи он кас рақскунон меоянд. Ва вақте, ки Ҷаноби Олӣ онҳоро гузоштанд, ки наздашон биёянд, ягона орзӯи онҳо ин дохил шудан ба донишгоҳҳои олӣ буд.
Бубинед онҳо пулу мол ва мақому мартаба нахостанд. Чаро?
Чунки онҳо дар амнияту осоиштагаӣ зиндагӣ доранд ва дастурхони пуру шароити хубе доранд. Мо яқин дорем, бо чунин ғайрату матонат ин ҷавондухтарон дар тамоми кишварҳои олам ва ҳатто дар Донишгоҳҳои Оксфорду Кембриҷ ҳам таҳсил намоянд
2. Дувумин бардоштам ин буд, ки Ҷаноби Олӣ вақте гуфтанд, ки ба ноҳияи Нуробод сафари корӣ доштан ҷавондухтаре аз миёни оммаи мардум убур намуда худро пешорӯи Ҷаноби Олӣ қарор дод ва хоҳиши соҳиби маълумоти олӣ шудан буд. Бо чунин ғайрату матонат чунин ҷавондухтарон бешак Гурдофаридони замонанд.
3. Севумин бардоштам ин ба ивази зар харидани нон, ки Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар солҳои бъди ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз 250 тонна ородро нон мекарданд, вақте ки Ҷаноби Олӣ дар сафари корӣ берун аз кишвар қарор доштаанд ба он кас хабар доданд, ки ҳамаги 80 тонна орд мондааст . Гутанд ба якчанд кишвар муроҷиат кардем натиҷа надод ва худи ҳамон шаб ки дар буҷаи мамлакат 1 тонна тилло доштем ба ивазаш орд харидори намудем. “Яъне зар бигиру нон бидеҳ” то миллатам гуруснагӣ ва азобу машаққат накашанд. Ин яона рӯйдоди таърихӣ дар насли башарӣ ва миллати тоҷик аст, яъне чи сарвате дорам аз ту вале намегузорам ки миллатам гурусна хоб биравад. Бубинед дар ҳамон солҳои нооромӣ ва бо ин қадар мушкилот, ки ба доди мо расид ҳеҷ як кишваре ба мо ҳамин хел холисона дасти ёри дароз кард? На! Танҳо бо иродаи қавии ҷавонмардонаи Пешвои миллат мо аз он рӯзҳои вазнин ба ин неъмати бузурги Илоҳӣ расидем. Бо хабарҳои бардуруғӣ баъзе аз манфиатҷӯён гуё маводи ғизои камёфт мегардад ва ин бар бозору мағозаҳо дар паи хариди барзиёди маводи ғизои афтодани мардум таҳлукаеро дар миёни омма ба вуҷуд овард ва чи хуш гуфтанд Пешвои миллат “ Мо нагузоштем, ки дар он солҳои тангдастӣ Шумо гуруснагӣ бикашед, имрӯз ки фаровони аст мегузорем ки гурусна монед”.

Маъруф Ашуров,
ходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрикои
ИОМДОА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: