Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳатто ба қаҳрамони Иттиҳодӣ Шӯравӣ раҳм накарданд

Ҳатто ба қаҳрамони Иттиҳодӣ Шӯравӣ раҳм накарданд

16-03-2020, 10:00
Хабарро хонданд: 688 нафар
Назарҳо: 0
Ҳатто ба қаҳрамони  Иттиҳодӣ Шӯравӣ раҳм накарданд
Ҷанги дохилӣ, ки ибтидои солҳои навадуми асри бист дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сар зад, яке аз мусибатҳои гӯшношунид дар чанд қарни охир ба ҳисоб меравад. Дар миёни ҷангу даргириҳо, ки ҷони ҳазорон нафарро гирифта, боиси бадбахтии мардум гардид, кашмакашу низоъҳои хашини охири садаи бистум, ки дар манобеи таҳқиқию таҳлилӣ ва умуман, забони мардумӣ ба унвони ҷанги шаҳрвандӣ ёд мешавад, ҷойгоҳи махсус доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Аммо кишвар аз назари фазои динӣ-мазҳабӣ ва таъсири он ба ҷомеа дар таносуб бо дигар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ осебпазиртар буд, зеро ки дар ин ҷо нуфузи зиёдирӯҳониёни наҳзатӣ ба чашм мерасид. Муллоҳои ифротии наҳзатӣ, ки он замон нисбатан ҷавон буданд, худро «ислоҳотгари динӣ» вонамуд карда, дар ниқоби «маорифпарварии динӣ» ба арсаи сиёсат ворид гардиданд. Аз муҳтавои мавъизот ва ба истилоҳ, амри маъруфҳои онҳор, ки дар минбари масҷидҳои вақт (охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои навадуми асри гузашта) чарбзабонӣ ва фазлфурӯшӣ мекарданд, бармеояд, ки онҳо барои ғасби ҳокимият омодаанд ва дар ин роҳ аз ҳама имконоту васила истифода хоҳанд бурд. Аммо афкору аъмоли ин иддаи рӯҳониёни муҳофизакор, фурсатталаб, бехабар, ноогоҳ, ки тору пудашонро хурофоту таассуби асримиёнагӣ ташкил медод, таҳти заррабини ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қарор доштанд ва ҳар қадами онҳо назорат мешуд (ин замоне буд, ки аллакай пояҳои империяи Шӯравӣ заиф шуда, дар ҷараёни шикастан қарор дошт). Ба сухани дигар, созмони террористӣ бо номи Наҳзати исломӣ дар охири солҳои ҳаштодум ба як созмони муташаккили динӣ табдил ёфта, ба самти муқовимат ва мубориза бо режими коммунистӣ ҳадафмандона ҳаракат намуд.
Дар натиҷа, низоъҳои дохилӣ, ки асосан байни қишри рӯҳонияти наҳзатӣ ва дунявиён сурат гирифт, тадриҷан ба авҷи аъло расида, минтақаҳои дигари ҷумҳуриро фаро гирифт ва кишварро дар вартаи ҳалокатбор қарор дод. Гурӯҳҳои табоҳкори наҳзатӣ пас аз пирӯзии майдоннишинон дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, махсусан, водии Вахш, фаъол гардида, фишорро болои мақомоти расмӣ-давлатӣ афзуданд. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Акнун ТТЭ ҲНИ ва саркардагони он ҳамчун пешгомони сиёсати давлатӣ ва мақомоти интизомӣ дар ҳар гӯшаву канори мамлакат аз худ дарак медоданд ва дастгоҳҳои боқимондаи давлатиро дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ фишор меоварданд, то ҳадафҳои нопоки онҳоро пиёда созанд. Дар раванди кашмакашу низоъҳо сиёсатмадорон, зиёиёну донишмандоне, ки ботину зоҳири наҳзатро мешинохтанд, мавриди таҳқиру такфир карор мегирифтанд ва ин аъмоли манфӣ ба сифати мероси вақти наҳзатӣ имрӯз ҳам дар симои наҳзатмаслакон ҳувайдост. Мубориза бар зидди қишри пешқадами аҳолӣ, ки ҳамчун шахсиятҳои калидӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ нуфуз доштанд, ба ҳадафи стратегии наҳзатӣ табдил ёфта буд. Қатлу куштори қишри пешқадами аҳолӣ тарсро дар ҷомеа ба вуҷуд овард ва тарси наҳзатӣ як навъ террори фикрию равониеро мемонд, ки саропои ҷомеаро фаро гирифта буд. Ин тарс ва террор оташи ҷангу даргириҳоро дар Тоҷикистон доман зад. Аз ин ҷост, ки ТТЭ ҲНИ ба унвони ташаббускори асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шинохта мешавад, ҳарчанд ки раҳбарияти қаблӣ ва имрӯзии наҳзатӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ худро заррае муқассир намедонад. Вале таърихро наметавон бозсозӣ кард ва аз нав навишт. Дар ҳар варақи китоби таърихи миллӣ дар садаи бистум ҷиноятҳои наҳзатиён дарҷ ёфтааст ва онро наметавон бо музахрафоте чанд таҳриф кард. Барои хушкандешони мазҳабӣ ва муддаиёни курсии давлатдорӣ чун рӯзи рӯшан маълум буд, ки бо қатлу куштори қишри пешқадам ва тараққихоҳ тарсу ҳарос дар ҷомеа ҳукмфармо мегардад ва тардиде барои пирӯзӣ намемонад. Ба ин нияти шум онҳо муборизаи бемонро бар зидди ин қишри тавонманд тақвият бахшиданд ва таври расмӣ ба таҳқири онҳо пардохтанд. Амалҳои қотилони наҳзатӣ ҷиноятҳои фашистони гитлериро мемонд. Онҳо беҳтарин фарзандони миллат, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигаронро бераҳмона куштанд. Ба қатл расонидани чеҳраҳои бузурги сиёсату фарҳанги замони Шӯравӣ аз ҳадафҳои асосии тарсафкании мазҳабӣ ба шумор мерафт.
Яке аз чунин шахсиятҳои бонуфузи сиёсии даврони Шӯравӣ, ки дар сохтмони ҷомеаи дунявии вақт саҳми босазо гузошта, сазовори унвони баланди давлатӣ гардида, зидди хурофоту таассуби наҳзатӣ муборизаи беамон мебурд, Ҳайдар Қосимов ба шумор меравад. Ҳайдар Қосимов 7 марти соли 1922 дар деҳаи Полезаки ноҳияи Рашт таваллуд ёфта, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷиҳати дифои марзу буми Ватан довталабона ба фронт меравад ва бар зидди душмани ғаддор – фашистони гитлерӣ то марҳилаи ғалаба мубориза мебарад ва барои фидокориҳояш бо олитарин мукофоти вақти Шӯравӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста мешавад.
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов аз ҷумлаи он фидоиёни миллати тоҷик буд, ки дар душвортарин ва ҳассостарин замони таърихӣ алайҳи фашизми олмонӣ ба мубориза бархост ва сарбаландона ба Ватан баргашт. Шодравон Ҳайдар Қосимов мусибати Ҷанги Бузурги Ватаниро пушти сар кард ва бо шуҷоатмандию далерӣ бар зидди Олмони фашистӣ мубориза бурд. Аз таърихи давлатдории шӯравӣ медонем, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон кам касонеро метавон ном бурд, ки ин унвони олии даврро соҳиб шуда бошанд. Унвони мазкур барои фидокорӣ, қаҳрамонӣ, шуҷоату далерии бемислу монанд ба ангуштшумор нафарон дода мешуд. Шахсиятҳое мисли Ҳайдар Қосимов, ки дар ҷабҳаи мубориза фидокорӣ кардаанд, чи дар замони шӯравӣ ва чи имрӯз аз эҳтироми вижа бархурдоранд. Хидмати онҳо ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардум ва миллати тоҷик зудуда намешавад.
Мақсади мо дар ин матлаб ифодаи куштори ваҳшиёнаи ин марди бузург аст, ки ибтидои соли 1993, дар ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) аз ҷониби фашистони наҳзатӣ сурат гирифтааст. Аз рӯйи мусоҳибаи чанд сол қабл интишорёфтаи наздикони равоншод Ҳайдар Қосимов (мусоҳиба дар рӯзномаи “Хатлон” таҳти унвони “Герой Советского Союза, воевавший против фашистов, убит террористами ТЭО ПИВТ”, 23.11.2017 интишор ёфтааст) маълум мегардад, ки мавсуфро гурӯҳҳои қотили наҳзатӣ бо дуғӯ даранг аз хона бурда, ба қатл расонидаанд. Мувофиқи нақли мусоҳибон Қаноатшо Абдуллоев ва Қобилҷон Зулматов (манзур ҳамон мусоҳибаи рӯзномаи “Хатлон” аст), ки аз шиносони наздики марҳум ба ҳисоб мерафатанд, ҷисми беҷони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимовро баъди се моҳи кофтуков пайдо намуданд. Ваҷҳи аслии қатли ӯ алайҳи гурӯҳҳои ҷиноии наҳзатӣ шӯридан будааст. Албатта, Ҳайдар Қосимов бо обрӯю нуфузе, ки дар ҷомеаи вақти Шӯравӣ дошт, наметавонист дар баробари ҷаҳолати гурӯҳҳои фурсатталаб, иғвогар ва тавтеасоз сукут варзад. Бинобар ин, муқобили онҳо, ки тарафдори вусъат ёфтани майдони ҷангу даргириҳо дар кишвар ва тафриқа андохтани миёни маҳалҳо буданд, мубориза бурда, дар ин роҳ ҷон дод. Ба минвол, пушти қатли Ҳайдар Қосимов гурӯҳҳои фашистмаоби наҳзатӣ қарор доштанд. Барои ин палидони хунхори одамсурат ҳеҷ чиз арзиш надошт, илло ақоиди пӯсидаву бебунёди хеш ва ҳар кас бар алайҳи ин тафаккури бебунёди таассубзада қарор мегирифт, ба қатл расонида мешуд. Ҳамин буд, ки ин қассобҳои нухбакуши маънавӣ, дар як муддати кӯтоҳ танҳо фарзандони саршиноси миллатро ба қатл расониданд. Зеро инҳо дастур доштанд, ки бояд шахсиятҳои матраҳи миллиро аз байн баранд, то дар маҷмӯъ, миллатро ба як мушт бардаву ғуломи сарпарастони хеш табдил диҳанд.

Назар ХОЛНАЗАРОВ,
ходими калони илмии АИ ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: