Нурулло Ҳувайдуллоев – муҳҳофизи қонун ва адолат28-08-2019, 16:31
Хабарро хонданд: 361 нафар
Назарҳо: 0
Ҷанги шаҳрвандие, ки омилони асосии он саркардагони наҳзатӣ буданд, сабаби куштори ҳазорони фарзандони фарзонаи миллати тоҷик гардид. Мутаассифона дар рафти он қишри зиёӣ ва бедори миллат низ ҳадафи ҷисман аз байн бурдан қарор гирифта, иддае аз онҳо ба тарзи ваҳшиёна нобуд карда шуданд, ки холигоҳи бузургеро дар қишри рушангари кишвар ба вуҷуд овард. Бомдоди даргириҳои солҳои навадум бо роҳи фалаҷ гардонидани шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ шурўъ гардид. Террористони наҳзатӣ волоияти қонун ва риояти онро сарфи назар намуда, ҳараҷу мараҷ ва беҳокимиятиро ба вуҷуд оварда, ҳар нафареро, ки аз тартиботи ҷамъиятӣ, риояти қонунҳо ҳарф мезад ба ҳайси душмани асосии худ қарор дода, барчаспҳои гуногунро аз қабили “кофару муртад”, “нонаш ҳаром”, “занаш талоқ” ва амсоли ин “фатвоҳо”-ро ба онҳо нисбат медоданд. Нафароне, ки ба ҳамаи тавтеапардозии онҳо нигоҳ накарда, аз волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ҳарф мезаданд, онҳоро ба таври фоҷиавӣ ҷисман аз байн мебурданд. Яке аз ҳамин гуна нафарон Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки дар солҳои 1991-1992 дар вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Нурулло Ҳувайдуллоев намояндаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст Прокурори генералӣ ва шахси ба касбияти худ содиқ ва донишманд буд. Номбурда пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз солҳои 60-ум дар системаи прокуратура корро оѓоз намуда, то ба дараҷаи Прокурори генералӣ зина ба зина фаъолияти хешро идома додааст. Зикри он бамаврид аст, ки Нурулло Ҳувайдуллоев, ки худ дар баробари намояндаи мардумӣ дар Шўрои Олӣ, Прокурори генералии Тоҷикистони соҳибистиқлол буданаш, дар як вақт муовини раиси Иттиҳоди ҳуқуқшиносони ИҶШС ва раисии Иттиҳоди ҳуқукшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ў ҳамчун номзади илми ҳуқуқшиносӣ, олими ҳуқуқдон ва устоди шинохта аз байни фарзандони меҳнаткаши одӣ теъдоди зиёди шогирдон, ҳуқуқшиносҳои маъруфро тарбия намудааст, ки имрўз дар прокуратура, суд ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ садоқатмандона хидмат мекунанд ва посдори номи неки ў ҳастанд.
Нурулло Ҳувайдуллоев аз зумраи ҳуқуқшиносоне буд, ки риояти бечунучарои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаро бо қатъияти том талаб менамуд. Ў мутмаин буд, ки риоя нашудани қонун ва бе ҷазо мондани ҷинояту ҷинояткор сабаби бадбахтӣ ва нооромии ҷомеа гардида, кишварро ба буҳрони сиёсӣ мувоҷеҳ мегардонад. Ба вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон расидани Нурулло Ҳувайдуллоев солҳои аввали навадум рост меояд, ки замони бисёр хашин ва нооромиҳои сиёсӣ дар кишвар буд. Аз як сў ба даст даровардани Истиқлолияти сиёсии кишвар ва аз тарафи дигар, ба дасти хоинони миллаткуши наҳзатӣ бо роҳи зўрӣ, ѓайриқонунӣ, тарсафканӣ, ҷиноятпешагӣ мардумони ноогоҳро аз минтақаҳо ба пойтахт оварда ба роҳ мондани табаддулоти сиёсӣ ва аз роҳи ѓайриқонунӣ ѓасб намудани ҳокимияти сиёсӣ аз воқеоте буданд, ки дар он замон дар кишвар рух доданд. Яъне ба таври дигар, Нурулло Ҳувайдуллоев замоне ҳамчун чеҳраи сиёсӣ ва давлатӣ эътироф гардид, ки дар кишвар омилҳои бадхоҳ ва вайронгар фазои кишварро маѓшуш намуда, бо дастгирии қувваҳои беруна соҳиби пулу аслиҳа гардида, ҷиҳати бо роҳи зўрӣ ва ѓайриқонунӣ аз худ кардани ҳокимият ба мубориза шурўъ намудааст. Нурулло Ҳувайдуллоев воқеан ҳуқуқшиноси ҳирфавӣ ва шахси бо қатъияту устуворӣ ва далеру ҷасур буд. Барояш волояти қонун ва риояти он аз ҳама чиз болотар маҳсуб меёфт. Ҳамин буд, ки ҳарчанд он замон баъзе аз ниҳодҳои қудратӣ ва баъзе аз шахсиятҳои ин ниҳодҳо хиёнат варзида ба алайҳи ҷинояту бесару сомонӣ чашм пўшида буданд ё аз рўи тарс ё аз рўи ваъдаҳои гурўҳҳои мухолифи то дандон мусаллаҳ гардида ё ба воситаи пулҳои аз онҳо рўёнидашуда бетарафиро ишѓол намуда, дар баробари ин гуна равандҳо ҳатто вокуниш намекарданд, Нурулло Ҳувайдуллоев шахсе буд, ки бо ҷасорати том аз ҳукумати қонунии ҷумҳурӣ пуштибонӣ намуда, алайҳи ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ мубориза мебурд. Ў мутмаин буд, ки танҳо аз роҳи риояти бечунучарои қонунҳо ва муқаддас шумурдани қонун мо метавонем ҷумҳуриямонро бо роҳи осоишта пеш бибарем. Ҳамин буд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев ҳеҷ гоҳ бо олами ҷиноӣ ва махсусан бо ҷинояткорони террористи наҳзатӣ созиш накард ва барои ҳар нафаре, ки қонунро вайрон намуда, аз чорчўбаҳои он беруна рафта буд, парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онҳоро ҳамчун ҷинояткор дар назди қонун муаррифӣ карда буд. Ў ҳамеша ба таъкид мегуфт, бояд ҳама баҳсу талошҳо аз роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарро таҳаммул намудан дар доираи қонунҳои амалкунанда ва ҷавонмардона сурат бигиранд. Аммо пас аз ба тарзи зўрӣ аз худ кардани ҳокимият дар пойтахти кишвар алайҳи унсурҳои ҷиноӣ мубориза мебурд ва амалкардҳои онҳоро қонунӣ намеҳисобид ва ошкорро аз ҷинояткории онҳо ҳарф мезад. Террористони наҳзатӣ аз роҳҳои зиёде истифода намуданд, то ин нафарро ба тарафи худ тамоюл дода онро бо пулу сармояҳое, ки аз берун ба даст оварда буданд, харанд ва баъдан ҳамчун зочаи дасти худ истифода намоянд, аммо чун Нурулло Ҳувайдуллоев ахлоқи баланди инсонию касбӣ дошт, дилаш барои миллату кишвари худ месўхт, ў ҳеҷ гоҳ ба унсурҳои ҷиноӣ ҳамкорӣ накард ва ҳайсияту виҷдону обрўи хешро қурбони манфиатҳои пулию молӣ накард. Ҳамин буд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев ба як душмани сарсахти ҷиноятпешаҳои наҳзатӣ табдил ёфт ва ин қотилони миллаткуш тасмими ҷисман аз байн бурдани ўро гирифтанд ва муддати мадиде онро мавриди назорат қарор дода, ахиран 24 августи соли 1992 ҳангоми ба кори давлатӣ равона шудан бо ҳамроҳи ронандааш ба қатл расониданд. Террористони наҳзатӣ сараввал мошини хизматии ўро боздошта, ў ва ронандаашро аз мошин берун карданд ва амр намуданд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев бояд ба зону нишинад ва аз онҳо узр пурсад. Нурулло Ҳувайдуллоев ҷавоби рад дод ва гуфт ҳеҷ гоҳ аз ҷинояткору дузду авбошу одамкуш узр нахоҳад пурсид. Бо шунидани ҷавоби рад террористони наҳзатӣ ба зонуҳояш чанд тир заданд ва пас аз афтоданаш ў ва ронандашро тирборон карданд. Бо қатл намудани Нурулло Ҳувайдуллоев охирин унсурҳои қонунмандро дар ҷумҳурӣ хоинони ҷиноятпешаи наҳзатӣ аз байн бурданд ва ҳамагӣ пас аз ду ҳафтаи қатли Нурулло Ҳувайдуллоев дар ҳафтуми сенябри соли 1992 бо зўри аслиҳа Президенти қонунан интихобшударо маҷбуран ба истеъфо бурданд. Чи қатли хунхоронаву золимона, бераҳмона буд, ин қатл. Кушта шудани Н.Ҳувайдуллоев қатли авбошонаи шахсият набуда, балки ин сўиқасд ва куштори ҳуқуқ, қонун ва адлу инсоф буд, ки ба дасти ҷиноятпешагони наҳзатӣ махсус ва бо тарроҳии пешакӣ сурат гирифт. Қотилон қалби ҳуқуқдони машҳури собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, қалби инсонеро, ки то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон муборизаву талош варзида, яке аз муаллифони лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои ҳаётан муҳим буд ва ҳамзамон ҳомӣ ва ҷонибдори пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёд ба шумор мерафт, пора-пора карданд. Гарчанде қотилон ба ҷазои истисноии қатл маҳкум гардида бошанд ҳам, амали разилонаи онҳоро оламу одам намебахшад. Дар он замон бо кушта шудани Нурулло Ҳувайдуллоев охирин унсурҳои дифоъ аз қонун аз байн рафт ва кишварро алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт, дигар дузду ѓоратгар дар қаламрави ҷумҳурӣ бедодӣ мекард. Ҷинояпешаҳои наҳзатӣ дар манотиқи Хатлону Бохтар қатлгоҳҳои худро дуруст карда буданд, ки дар он дигарандешонро ба қатл мерасониданд. Шеваҳои бадтарини қатлу кушторро истифода менамуданд, ки бадтар аз шеваҳои кушторҳои муѓуливу фашистӣ буд. Инак аз замони ба қатл расонидани Нурулло Ҳувайдуллоев 27 сол сипарӣ мешавад. Замони қатл Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамаги 52 сол дошт. Ҳанўз дар авҷи камолот буд, вале ба дасти чиноятпешагони террористи наҳзатӣ риштаи ҳаёташ барканд. Қатли Нурулло Ҳувайдуллоев қатли қонун, адолат ва ҳақиқат буд. Гоҳо инсон аз бешармиву палидии саркардагони ҷиноятпешаи наҳзатӣ, ки дар Аврупо имрўз аз “ҳуқуқи инсон”, “волояти қонун”, “ҳақиқату адолат” ҳарф мезананд, дар тааҷҷуб мемонад. Зеро инҳо ҳамонҳоянд, ки дар соли 1992 волоияти қонунро дар кишвар аз байн бурданд. Ҳазорон ҳазор нафарро ба қатл расониданд, кишварро ѓорати сартосарӣ карданд, асоси ҳамаи бадбахтиҳо, ҷинояткориҳои баъдиро, ки баъзе аз онҳо то ҳол идома доранд, аз ин кирдорҳои нобахирадонаи онҳо маншаъ мегирад. Яъне нафароне, ки қонуну адолатро дар кишвар қатл карданд, мардумро муҷиби бадбахтиву оворагиву сарафкандагӣ карданд, имрўз аз адолат ҳарф мезананд. Набояд фаромўш созанд, ки амалҳои касифона ва бадбахтиҳои ба сари миллати тоҷик овардаашон дар зеҳнияти таърихии миллат сабт гардидааст ва онҳо бо ҳар чеҳрае, ки хешро вонамуд месозанд, чеҳраи хашини миллаткуши даҳшатафканашон ҳамеша бармалост. Аммо хотираи неки Нурулло Ҳувайдуллоев дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ маҳфуз аст. Тамоми ҳамватанони мо хотираи ин инсони шарифро ҳамчун муҳофизи қонуну адолат ва озодии Ватану миллат пос медоранд. Номвар Қурбонов, корманди АИ ҶТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.