Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иродаи мардумӣ - асли интихоботи парлумонӣ

Иродаи мардумӣ - асли интихоботи парлумонӣ

4-03-2020, 09:22
Хабарро хонданд: 38 нафар
Назарҳо: 0
Иродаи мардумӣ  - асли интихоботи парлумонӣ   1 март мардуми тоҷик маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи парлумониро бо масъулияти баланди ватандорӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ баргузор кард. Аз субҳи барвақт то шом мардум гурӯҳ-гурӯҳ ба участкаҳои интихоботӣ ташриф бурда, ба сифати интихобкунандаи масъулиятшинос номзади арзандаи худро интихоб намуд.
Он рӯз ба вазъи овоздиҳӣ ва раванди баргузории интихоботи парлумонӣ таваҷҷуҳ намуда, пай бурдем, ки новобаста ба он ки кадом гурӯҳ ва чанд нафаре дар расонаҳои мустақили берунӣ дар атрофи интихоботи парлумонӣ чӣ мавқеъгирӣ кардаанд (албатта, манзур интиқодоти ғайримунсифонаи интихоботи парлумонӣ аст), мардуми кишвар дар овоздиҳӣ муташаккилона ширкат варзида, худро аз ин раванди муҳими сиёсӣ канор нагирифт.
Аз сӯйи дигар, мақомоти дахлдор, созмонҳои марбута ва ниҳодҳои зирабт барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор намудани интихоботи парлумонӣ аз тамоми имкониятҳои истифода бурданд. Ҳамин тавр, матбуоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, телевизиону радио ҷараёни интихоботи парлумониро ҳаматарафа инъикос намуда, барномаҳои вежа ба таври мустақим пахш гардид.
Ҳарчанд ки гурӯҳҳои фурсатталаб ва тавтеасоз, ки реша дар ташкилаи наҳзатӣ дошта, дар хориҷ аз кишвар боифтихор худро “мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон” муаррифӣ намуда, тавассути расонаҳо, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомасозию иғвопароканиро вусъат бахшида, интихоботи парлумонии кишварро мавриди интиқоди муғризона қарор доданд, мардум ва ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат ба ин навъ иғвопароканиҳои наҳзатӣ дода нашуданд ва собит карданд, ки ҷонибдории якпорчагӣ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ мебошанд.
Воқеан, гурӯҳ ва ташкилаҳои сиёсии зиддимиллӣ, ки дар хориҷ аз кишвар таҳти пӯшиши баъзе созмононҳои байналмилалӣ амал мекунанд, ба хотири халал ворид сохтан ба ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурданд. Қатъи назар аз он ки “Гурӯҳи 24” ва ба ташкилоти террористии наҳзатӣ раванди барномарезиҳояшонро дар арафаи интихоботи парлумонӣ тақвият доданд, ба аҳдофи нопоки худ нарасиданд.
Бо анҷом додани тарғиботи зиддимиллӣ ба воситаи расонаҳои мустақили берунӣ ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилии наҳзатӣ, ки қисмати зиёдашон мамнӯъ шудаанд, онҳо натавонистанд, ҷомеаро таҳти тасаллути фикрӣ, иттилоотӣ ва идеологӣ қарор бидиҳанд. Махсусан, созмони ифротии наҳзатӣ аз ҳар фурсат ва василаи дастрас истифода намуда, хост, ки фишори иттилоотӣ ва мафкуравиро болои ҷомеаи тоҷик афзоиш бидиҳад ва миёни табақоти гуногуни иҷтимоӣ маҳбубият пайдо намояд. Гузашта аз ин, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ наҳзатро ба сифати ташкилаи зиддимиллӣ шинохтанд ва аз тавтеасозӣ, иттиҳомзанӣ ва иғвогариҳои раҳбарияти наҳзатӣ иттилооти зарурӣ ба даст оварданд.
Раванди интихоботи парлумонӣ нишон дод, ки наҳзат ва доираҳои ба он наздик аз камтарин маҳбубияте миёни мардум бархӯрдор нестанд ва аҳолии кишвар чеҳраи хашини онҳоро шинохта аз мақсади нопокашон огоҳ гардидааст. Аз ин ҷост, ки халқи шарифи Тоҷикистон, умдатан воқеиятҳои рӯзи кишварро хуб медонад ва ҳаргиз намегузорад, ки созмонҳои ифротӣ, аз ҷумла ташкилаи наҳзатӣ ба амну суботи мамлакат садама бизанад.
Мутмаинан, иштироки фаъоли мардум дар интихоботи дирӯза ва пушти сандуқҳои раъй қарор гирифтани ҷомеа баёнгари он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор бармедорад.
Воқеан, иродаи мардум дар интихоби номзадҳои арзанда ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ нуктаи муҳим аст ва ин баёнгари он аст, ки халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ҳокимият ва давлат мебошад.
Ардамеҳр Ашуров,
ходими калони илмии АИ ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: