Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Натиҷаҳои Интихобот- 2020 дӯстонро шод кард

Натиҷаҳои Интихобот- 2020 дӯстонро шод кард

3-03-2020, 09:41
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
 Натиҷаҳои Интихобот- 2020  дӯстонро шод кард
ҲХДТ дар ҷои аввал
Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 2 март дар нишасти матбуотӣ натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намоянагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард.
Ба гуфтаи ӯ, аз 4 миллион зиёдтар овоздиҳанда 50,4 дар сад ба тарафдории ҲХДТ раъй худро доданд. Дар интихобот зиёда аз 86 фоизи мардум ширкат карда, шумораи зиёди онҳо аз ҳизби мо тарафдорӣ намудаанд.
Бино ба гузориши раиси комиссия, дар ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ бар асоси рӯйхатҳои ҳизбӣ пас аз ҲХДТ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ – 16,61%, Ҳизби Аграрӣ – 16,5%, Ҳизби Сотсиалистӣ – 5,15%, Ҳизби Демократӣ – 5,1%, Ҳизби Коммунистӣ – 3,1% овози мардумро гирифтанд. Ҳизби 7-уми ширкаткунанда дар интихобот Ҳизби Сотсиал-Демократӣ буд, ки ҳамагӣ 0,32% раъй ба даст овард.
Бар асоси ин натиҷаҳо 5 ҳизб – ҲХДТ, ҲАТ, ҲИИТ, ҲДТ ва ҲСТ миқдори лозими овозҳоро гирифта, ба Маҷлиси намояндагони даъвати шашум роҳ ёфт. Ҳизбҳои Сотсиал-демократӣ ва Коммунистӣ аз ҳаққи вуруд ба парламенти нав маҳрум гардиданд.
Тавре ки раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) Бахтиёр Худоёрзода дар ин брифинг, ки бо иштироки намояндагони ҳизбҳо, мушоҳидони байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма гузашт, изҳор дошт, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар ( 16,50%), Ҳизби Демократии Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар (5,10%), Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар (16,61%), Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар (3,11%), Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 нафар (5,15 %), Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон 13 ҳазору 735 нафар(0,32%) ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 139 741 нафар ё 50,4% овоз додаанд.
Гуфта шуд, ки шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ додаанд, 52 ҳазору 30 нафар ё ҳамагӣ 1,39% аст. Бахтиёр Худоёрзода ҳамчунин номи 41 нафар вакилони аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихобшударо эълон кард. Ба ин тартиб 41 нафар номзадҳои зерин, ки ба тарафдории онҳо зиёда аз 50%- интихобкунандагони дар интихобот ширкатварзида, дар ҳавзаи якмандатаи дахлдор овоз доданд, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Аз ҳавзаҳои интихоботии якмандата:
Фирдавсӣ №1 — Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин
Исмоили Сомонӣ №2 — Меликова Парвина Иноятуллоевна
Шоҳмансур №3 — Обидов Фозил
Сино№4 — Шоҳмурод Рустам
Турсунзода №5 — Холмаҳмадзода Солеҳа
Шаҳринав №6 — Баротзода Файзулло
Ҳисор№7 — Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна
Сомонӣ№8 — Юсуфӣ Муҳаммадраҳим
Рӯдакӣ №9 — Усмонзода Хайриддин Усмон
Ваҳдат №10 — Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ
Файзобод №11 — Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович
Рашт №12 — Зокирзода Муҳаммадтоҳир Зоир
Хуҷанд №13 — Назирӣ Гулбаҳор Назир
Бобоҷон Ғафуров №14 — Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ
Урунхоҷаев №15 — Ахмедов Мирзоанвар
Ҷаббор Расулов №16 — Акрамзода Баҳодур Исмоил
Ашт №17 — Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин
Мастчоҳ №18 — Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад
Конибодом №19 — Раҷабзода Равшан Муҳиддин
Исфара№20 — Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин
Панҷакент №21 — Шодизода Парвиз Шодибой
Айнӣ №22 -Шарифзода Ғиёсиддин
Истаравшан№23 — Умаров Абдуҷаббор Қаҳҳорович
Деваштич №24 — Исмоилзода Зуфар Муртазохон
Спитамен №25 — Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло
Бохтар №26 — Маҷидова Сарвиноз Комиловна
Кӯшониён №27 — Шодиён Муҳаммад Султонзода
Абдураҳмони Ҷомӣ №28 — Ашӯрзода Гулбаҳор Сангило
Ёвон №29 — Азимзода Толибхон Ситомурод
Ҷалолиддини Балхӣ №30 — Тоҳирзода Ҳаким Ҳикматулло
Қубодиён №31 — Файзуллозода Зафар Хайрулло
Вахш №32 — Сафарзода Бахтовар Амиралӣ
Ҷайҳун №33- Шарофзода Гавҳар
Фархор №34 — Раҳмонзода Зоҳир Файзалӣ
Ҳамадонӣ №35 — Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович
Данғара № 36 — Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ
Кӯлоб №37 — Ҳакимзода Шариф Саидович
Мӯминобод №38 — Абдуллоев Мироҷ Саломович
Восеъ №39 — Латифзода Рустам Барот
Ванҷ №40 — Қодири Қосим
Хоруғ № 41 — Гиёзода Азиз Қодир
Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, дар интихобот аз ҳизбҳои сиёсӣ бар асоси рӯйхати номзадҳо ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар маҷмӯъ, намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботро ошкор, шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ баргузор гардида, баҳо дод ва зикр кард, ки дар он аксар бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Номбурда афзуд:«Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи рушди фарҳанги сиёсии ҷомеа ва саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсии мамлакат мебошад».
Ба ин тартиб аз 63 мандат дар Парламент, 49 мандат насиби ҲХДТ шуд. Ҳизбҳои аграрӣ ва Ислоҳоти иқтисодӣ 5, Ҳизбҳои демократӣ ва Сотсиалистӣ якмандатӣ ба даст оварданд. Ду номзади Ҳизби Коммунистӣ ҳам дар ҳавзаҳои якмандатӣ дар Мӯминобод ва Истаравшан ғалаба карда, ба Маҷлиси намояндагон роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, дар маҷмӯъ 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд.
Солеҳ Юсуфов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: