Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Муҳҳоҷирон ба намояндагони ҳизбаз дастоварду мушкилоташон сухан гуфтанд

Муҳҳоҷирон ба намояндагони ҳизбаз дастоварду мушкилоташон сухан гуфтанд

28-02-2020, 10:40
Хабарро хонданд: 312 нафар
Назарҳо: 0
Муҳҳоҷирон ба намояндагони ҳизбаз дастоварду мушкилоташон сухан гуфтанд
Дар доираи тайёрӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ бо супориши роҳбарияти ҲХДТ гурӯҳи калони корӣ ба Федератсияи Россиясафар карда, бо муҳоҷирони тоҷик даҳҳо мулоқоту суҳбатҳо анҷом дод.
Бар асоси барнома ин гурӯҳ, аз ҷумладар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Челябинск, Саратов, Екатеринбург, Қазон, Олтой, Краснодар ва Новосибирск бо диаспораи тоҷикистониҳои дар муҳоҷиратимеҳнатибуда, мулоқотҳо ва дидору гуфтугӯҳо карда, дар баробари ошноӣ бо шароити зисту фаъолияташон, дар бораи вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар дар остонаи интихобот ба ҳамватанонамон иттилоъ доданд.
Ҳадафиасосии ин гурӯҳҳои корӣ тарғибуташвиқи интихобот, Барномаи пешазинтинтихоботии ҲХДТ ваномзадҳои ҳизб дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин,шиносоӣ бо шароти кору зиндагиашон буд. Лозим ба ёдоварист, кидар 30 кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 участкаиинти хоботӣ ташкил шудаанд ва якшанбеи оянда, 1 март шаҳрвандон имоимкон хоҳанд дошт, ки ба ин марказҳо рафта, баргаҳои раъйи худро ба қуттиҳои овоздиҳӣ партофта, ба ҳизбу номзадҳои он ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй диҳанд ва бо ин амал дар шаффофу демократӣ гузаштани интихобот фаъолона ширкат варзанд.
Тавре Маҳмадулло Наимов - мудири шуъбаи таблиғоту тарғиботи дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба мо гуфт: «Гурӯҳикорӣ аз шашбахш ва 26 нафариборат буд, ки ба он аъзоифаъоли ҲХДТ, вакилонимардумӣ, олимон, соҳибкоронвакормандониҳизбӣшомил буданд. Гурӯҳиаввал бо роҳбарии Раҳимзода Ш.-раиси Кумитаиоид ба иқтисод, буҷет, молия в аандози Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Москва мулоқоту вохӯриҳо доир кард».
Гурӯҳи ҳизбӣ таҳти роҳбарии Асрор Латифзода –муовини Раиси ҲХДТ, дар кишвари Краснодар бо ҳамдиёронамон суҳбату дидорҳо анҷом дод. Гурӯҳи Санкт-Петербург бо роҳбарии Шарифов С. Ф. –раиси Кумита оид ба энергетика ва саноати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Челябинск ва Саратов, гурӯҳи ҳизбӣ бо роҳбарии Исмоилзода Ё.Б. – муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ, гурӯҳи ҳизбӣ дар шаҳрҳои Екатеринбургу Қазон ба раёсати Наимов М. – мудири шуъбаи таблиғоту тарғиботи дастгоҳи КИМ ҲХДТ, дар Новосибирску Олтой – МиралиёнҚ. А. – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанони мо вохӯрданд.
Лозим ба зикр аст, ки дар баргузории ин дидору вохӯриҳо масъулони ҷамъиятҳои тоҷикони ин шаҳру минтақаҳо низ саҳми худро гузоштанд.Муҳҳоҷирон ба намояндагони ҳизбаз дастоварду мушкилоташон сухан гуфтанд
Ба гурӯҳи ҳизбӣ бо роҳбарии М. Наимов – мудири шуъбаи таҳлил ва таблиғоти дастгоҳи КИМ ҲХДТ,ки Сабурзода М. - вакили Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода М. – раиси кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, Анварзода А. – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Б. Ғафуров шомилбуданд, дар шаҳрҳои Екатеринбург, Қазон, Челябинск, Перм, Уляновск, Тюмен бо ҳамватанонамон мулоқот доир намуда, оид ба масъалаҳои муҳими рӯз, интихобот ва самтҳои асосии барномаи ҳизб дар ин маъракаи сиёсӣ суҳбатҳо карданд. Зикр гардид, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бар асоси ҳадафҳои барномавии ҳизб таҳия шуда, моҳияти он рушди Тоҷикистон, ободу шукуфоии он аст.
Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Латифзода А. Қ. – муовини раиси ҲХДТ, ки ба он, инчунин, Зубайдуллозода М.-директори Муассисаи давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» - дар шаҳри Душанбе ва узви КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Каримзода, М. – сардори раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, дохил буданд, дар шаҳру ноҳияҳои кишвари Краснодар мулоқотҳо анҷом доданд.
Ҳайати гурӯҳи вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Миралиён, узви Маҷлиси миллӣҚаноатшо Лоиқзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Зиёваддинзода С.ва дигарон ба шаҳрҳои Омску Томск ваНовокузнетск рафта, бо ҳамватанону соҳибкорони тоҷик вохӯриҳои судманд анҷом доданд.
Ин гурӯҳдар рӯзи аввали сафар бо консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Шамсиддин Зардӣ ва аъзои ҷамъияти тоҷикони ин минтақа мулоқот намуда, бо масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва имконоти кору зисти онҳо шинос гардиданд.
Чуноне дар ҷараёни сафар маълум гардид, Ҷамъияти тоҷикон дар Новокузнетск бо номи “Дӯстии халқҳои русу тоҷик” дар саросари Россия, чун як ҷамъияти пешқадам шинохта шудааст. Раиси ҷамъият Шавкат Тоҳиров, фаъолони ҷамъияти мазкур Раҳмоналӣ Одинаев, Имомиддин Сониев, Қаҳрамон Ҳамдамов ва дигар соҳибкорони ватанӣзимни вохӯриву суҳбатҳо изҳори қаноатмандӣ карданд, ки Тоҷикистони азиз бо ободкориҳояш чун як давлати дар ҳоли рушд Дар Россия ҳам шинохта шуда ва онҳо низ барои пешрафти Ватан доим талош мекунанд.
Зимни суҳбат бо мо, узви Маҷлиси миллӣ Қаноатшо Лоиқзода иброз дошт, ки аз ҷониби Шавкатҷон Тоҳиров, Раҳмоналӣ Одинаев ва мутахассиси намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Шералӣ Нуриддин барои осон кардани рафтуомади муҳоҷирон бо ҳавопаймо ва бо қатора ба минтақаи Сибир пешниҳодҳо сурат гирифта, онҳо ҳатман дар доираи салоҳияту имконоти мавҷуда баррасӣ мешаванд.
Инчунин, дар вохӯрҳо бо гурӯҳи ҳизбӣ доир ба масъалаҳои марбут ба нафақаи меҳнатӣ, барои онҳое, ки фаъолияти кориашон расман ба қайд гирифта шудаасту солҳои зиёде дар ФР фаъолият мекунанд, арзонтар кардани чиптаҳои ҳавопаймо, ба эътидол овардани масъалаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими нархи патент, қабули довталабон ба донишгоҳҳои минтақаи Сибир саволу ҷавобҳо сурат гирифт.Муҳҳоҷирон ба намояндагони ҳизбаз дастоварду мушкилоташон сухан гуфтанд
Ҳайати корӣ изҳор дошт, ки дархосту пешниҳодҳои онҳоро барои баррасӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба сохторҳои салоҳиятдор мерасонанд ва итминон доданд, ки ҳамаи масъалаҳои пешниҳодшуда ба тадриҷ роҳи ҳалли худро меёбанд.
Дар ҷараёни суҳбатҳо маълум шуд, бо дастгирии соҳибкорони ватание, ки дар Новокузнетск фаъолият доранд, ба мисли Шавкатҷон Тоҳиров ва Қаҳрамон Ҳамдамов дар вилояти Суғд даҳҳо километр роҳҳо мумфарш шуда, толори варзишӣ барои сесад кас сохта шудааст, канори чанде аз роҳҳои маҳаллаҳои аҳолинишин бо шинонидани симчӯбҳо чароғон карда шудаанд. Инчунин, аз ҷониби ин соҳибкорони ватандӯст пайваста ба мактаб-интернатҳои вилоят кумакҳои хайрия расонида мешаванд.
Соҳибкорон Раҳмоналӣ Одинаев ва Имомиддин Сониев дар ноҳияи Нуробод маркази савдо ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба истифода дода, ба ин восита, шуморае аз сокинони маҳалиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудаанд.
Дар ҷараёни ин суҳбату вохӯриҳо гурӯҳи тарғиботӣ ба масъалаҳои дигар, аз қабили забондонию донишомӯзии ҷавонони дар муҳоҷиратбуда, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва шомил нашудан ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ изҳори назар намуда, аз ҳамватанони бурунмарзӣ, хусусан,ҷавонони дар шаҳрҳову минтақаҳои Федератсияи Россия кору зиндагӣ ва таҳсилдошта, даъват карданд, ки таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ҳушёрию зиракии сиёсӣ фаромӯш накунанд ва фирефтаи ваъдаи намояндагони ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо нагарданд.
Дар вохӯриҳо ҳамдиёронамон ваъда доданд, ки дар рӯзи интихобот бо дастаҷамъӣ дар овоздиҳӣ иштирок мекунанд ва ба ин васила, дар таъмини заминаи суботу оромии кишвар саҳм мегузоранд. Зеро хидмат ба Ватан барояшон дар мадди аввал меистад. Ҳамчун фарзандони баору номус дастуру ҳидоятҳои созандаю ободкоронаи ҲХДТ-ро бо сарварии Пешвои миллат ҳамаҷониба ҷонибдорӣ менамоянд.
С. Юсуфов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: