Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЭЙ ҲАМВАТАН, БИЁ БА ВАТАН МЕҲРУБОН ШАВЕМ!

ЭЙ ҲАМВАТАН, БИЁ БА ВАТАН МЕҲРУБОН ШАВЕМ!

16-01-2019, 09:33
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
ЭЙ ҲАМВАТАН, БИЁ БА ВАТАН МЕҲРУБОН ШАВЕМ!

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо шароити зисту баррасии мушкилоти муҳоҷирон ҳафтаи дуюм аст, ки дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия мулоқоту суҳбатҳои намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳамватанон ҷараён дорад. Яке аз чунин вохӯриҳо 7 январи соли 2019 бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар Маркази савдои “Южние ворота” –и шаҳри Москва бо иштироки фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи соҳибкорону кормандони як зумра марказҳои тиҷоратии шаҳр ва вилояти Москва баргузор шуд.
Зимни мулоқот асосан ба мавзӯъҳои вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа дахл карда шуд. Муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён муфассал оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат сухан гуфта, изҳор дошт, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти сарварии оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина ба ҳадафҳои стратегии худ ноил мегардад. Мисоли равшани он охири соли гузашта ба истифода додани чархи аввали НБО-и «Роғун» мебошад, ки сарфи назар аз монеаю душвориҳо маҳз бо шарофати талошҳои шабонарӯзии мардуми сарбаланди кишвар ва иродаи сиёсии роҳбарияти давлату ҳукумат муяссар гардид.
«Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба мо ҷиҳати саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ имкониятҳои нав фароҳам меоварад, ки ин на танҳо ба иқтидори истеҳсолии кишвари мо вусъат мебахшад, балки ба таъсиси садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд»,- изҳор намуд вакили Маҷлиси намояндагон Ҳокимҷон Холиқзода зимни мулоқот бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муфассал доир ба афзалиятҳо ва иқтидори ин дастовард сухан гуфт:
«Ман яке аз он шахсони хушбахтам, ки дар маросими баистифода додани чархи аввали НБО-и «Роғун» ширкат доштам. Бешубҳа, ин дастовард тавассути иродаи қавӣ, заҳмати шабонарӯзии миллати сарбаланди тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд. Он барои рушди иқтисодии кишвари мо дар оянда заминаи воқеӣ фароҳам овард».
Дар вохӯрӣ яке аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон- ин пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизму терроризм буд. Ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм дахл намуда, вакили Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии ТоҷикистонТ Бахтовар Сафарзода изҳор дошт, ки «имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ бобати ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм дорост ва ҳеҷ гурӯҳи иртиҷоӣ ва иғвоангез наметавонад дар сурати якҷо будани мо ба оромиву осоиштагии ватани азизамон халал ворид намояд. Ба таври расмӣ экстремистию террористӣ эътироф шудан ва қатъ гардидани фаъолияти ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом ва дигар ташкилоту созмонҳои ифротӣ аз тадбирҳое дар самти иҷрои расидан ба ин ҳадафҳо ба шумор меравад. Зеро ҳизби наҳзати исломӣ давоми фаъолияти худ бори дигар собит намуд, ки бо такя ба арзишҳои дини мубини ислом ҳадафҳои ғаразноки худро дар ҷомеаи суннатии мо мехост раҳандозӣ кунад. Аммо мақсадҳои нопоки онҳо сари вақт пешгирӣ ва қатъ карда шуд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам афроди боқимонда аз ҳисоби роҳбарону пайравони ин ҳизби ифротӣ аз хориҷ истода, ба кишвари мо санги маломат мезананд ва ба ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд ба сафи худ ҷавонони ноогоҳро шомил намоянд, вале онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳадафҳои нопоки худ нахоҳанд расид».
Ин гуфтаҳо аз ҷониби ҳозирин дастгирии амиқ ёфт ва ҳангоми баромади худ узви Шӯрои уламои муфтиёти шаҳри Москва Меликбой Зокиров изҳор дошт, ки “мо миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус муҳоҷирони ҷавон пайваста ташвиқу тарғиб мебарем, ки дар баробари омӯзиши илмҳои динӣ аз касбу ихтисосҳои муосир бархурдор бошанд. Барои таълими илми динӣ ба хориҷа рафтан зарурат надорад ва аз ин худдорӣ намоянд, зеро имрӯз дар хориҷа ҳизбу ҳаракатҳои гуногуне фаъолият доранд, ки ҳадафҳои аслии дини мубини Исломро як сӯ монда, мақсадҳои ғаразноки худро тавассути ҷавонони ноогоҳ роҳандозӣ мекунанд”. Дар идомаи сухан намояндаи дин афзуд, ки аз пайравӣ ба чунин ҳизбу равияҳои иртиҷоӣ худдорӣ ва эҳтиёт бояд кард ва пурзӯр намудани корҳои таблиғотиро дар самти пешгирии ҳолатҳои шомилшавии муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ миёни муҳоҷирон вазифаи муҳими ҳар як фард арзёбӣ кард.
Дар анҷоми мулоқоти фаъолони ҲХДТ бо ҳамватанон дар маркази тиҷоратии «Южные ворота»-и шаҳри Москва аввалин намунаҳои маводи нашрии «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳамватанон тақдим шуд.
***

Гурӯҳи дигари таблиғотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода бо муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёну соҳибкорон, ҳамватанон, инчунин фаъолони муқими шаҳрҳои Краснодар, Сочи ва Ростови лаби Дони Федератсияи Россия вохӯриҳои судманд анҷом доданд.
Гурӯҳи таблиғотӣ зимни мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории Тоҷикистон, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон таъкид сохтанд, аз ҷумла доир ба ҳифз ва таҳким бахшидан ба давлатдории миллӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ дар байни наврасону ҷавонон, густариши фарҳанги сулҳ, ҳалли масоили ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ ибрози андеша намуданд.
Ҳамватанони бурунмарзӣ аз ҳадафҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари давлат изҳори хушҳолӣ намуда, зикр карданд, ки амалисозии он аз ҳар фарди ватандӯст ҳисси баланди масъулиятшиносӣ талаб менамояд.
Ҳамватаноне, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ машғуланд, изҳор доштанд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ҳмон ва рушду нумуи Ватани азиз саҳми худро мегузоранд.
А.Ҷӯраев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: