Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мароми ӯ ободии кишвар аст

Мароми ӯ ободии кишвар аст

21-02-2020, 11:02
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
     Мароми  ӯ ободии кишвар аст
Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Рашт №12 номзад пешбарӣ шудааст.
Номзадии мавсуф 10 январи соли 2020 дар конференсияи муштараки вакилон аз ташкилотҳоиҳизбии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Сангвор ва Нуробод якдилона дастгирӣ ёфт.
Тавре иттилоъ додабудем, дар кори конференсия муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТдарноҳияи Рашт Раҳматҷон Маҳмадов, - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод, Махсумҷон Абдуллоев - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Л. Шифоев, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Лахш Н. Неъматов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор Раҳмоналӣ Умаров ширкат карданд.
Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Рашт №12, аъзои ситоди пешазинтихоботи кумитаи иҷроияиҲХДТ дар ноҳия, гурўҳҳои таблиғотӣ, гурўҳҳои мобилӣ, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма аздигар иштирокчиёни ин ҷамъомади ҳизбӣбуданд.
Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир,5 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик.
Нигоҳе ба ҳолномаи номзад
Тавре аз маълумотномаи номзад бармеояд, Зокирзода М. фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1973 – 1974 ҳамчун коргар дар яке аз корхонаҳо (завод)-и пахтаи Ҷумҳурии Туркманистон оғоз намуда, баъдтар, соли 1974 ба Политехникуми шаҳри Душанбе дохил шуд, пас аз ду соли таҳсил ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват гардида, бо сарбаландонаба ёдиба поён расонидани хизмат ба ин муассисаи таълимӣ баргашта, соли 1978 таҳсилро дар Техникуми политехникии «Тоҷикгипрозем»-и шаҳри Душанбе идома дод. Соли 1979 пас азхатми он ҳамчун техник-заминсоз дар Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» шаҳри Душанбе ба кор қабул шуда, муддати як сол онҷо кор кард. Пас аз он,дар соли 1980 бо тавсияи институти мазкур барои таҳсил ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафта ба Институти хоҷагии қишлоқи шаҳри Селиноград (ҳоло Остона, пойтахти нави Қазоқистон) дохил гардид. Дар пайи анҷоми панҷ соли таҳсил ба Тоҷикистон баргашта, аз соли 1992 дар вазифаҳои масъули муҳандис-заминсоз, мутахассиси пешбар, сардори гурўҳи назоратии шуъбаи техникӣ, сармуҳандиси Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» - и шаҳри Душанбе кор кард.
Дар солҳои вазнини нооромиҳои дохилии Тоҷикистон ҳам бодарки масъулият ва эҳсоси баланди вазифашиносӣ машғули кор буд. Азин ҷост,ки дар солҳои 1992- 1995 сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатӣ ва хўроквории мудирияти корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1995 – 2003 масъулияти сармутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонробар уҳда дошт.
Дар солҳои дигари фаъолият низ ҳар коре, ки анҷом медод, вобаста ба замин ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол ва саҳмгузорӣ дар таъмини суботу оромӣ дар рўзгори мардуми заҳматкаши кишвар будааст.
Тайи солҳои 2003 – 2006 - директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006- 2008 раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2010 -2015 раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2015 – 2016 вазири кишоварзӣ ва аз моҳи марти соли 2016 то январи соли 2020, яъне то вақти пешбарӣ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
М. Зокирзода бори аввал аст, ки ҳамчун номзад ба Парламент - Маҷлиси вакилони халқ пешбарӣ шуда ва мо итминон дорем, дар рақобатҳои ин маъракаи муҳими сиёсӣ пирўз меояд ва боз ҳам барои шукуфоии ин кишвар, иҷрои барномаҳои муҳими миллию стратегӣ, ки таҳти ҳидоят ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва тасвиб шудаанд, содиқона хидмат мекунад.
Фаъолиятҳои масъулиятшиносонаи мавсуф то ба имрўз агарчи бо мукофотҳои давлатии медали «Хизмати шоиста», медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст, вале ба назари мо, дар баробари ин иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои баланд ва бо вуҷуди таҳаввулоту тағйироти зиёд, боқӣ мондан ба унвони як шахси қобили эътимоду боварӣ дар «команда» - и Сарвари давлат худ як мукофоти дигари арзишмандтар аз ҳама чиз аст.
Ҳамеша бо мардум
Ин мушоҳидаи мо бештар ба давраи фаъолияташ дар мансаби вазири кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Ў аз ҷумлаи он мақомоти сатҳи баланд мебошад, ки бевосита худ дар нишастҳои матбуотӣ ҳозир мешаваду пас аз гузориш дарбораи фаъолияти мақомоти зери назар ва раҳбариашон ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас ва дақиқ медиҳанд.
Мо худ борҳо шоҳид будем, ки чи тавр посухи вазир вобаста ба пурсиши хабарнигорон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дақиқ, равшан ва бо зикри далелҳои мушаххас матраҳ мегардид.
Дар яке аз чунин нишастҳои матбуотӣ, ки миёнаҳои моҳи июли соли 2015 дар маҷлисгоҳи бинои собиқи вазорат доир гардид ва ба натиҷаҳои шашмоҳа бахшида шуд, пас аз ҷавоби қаноатбахш додан ба саволе дар бораи вазъияти нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои пойтахт аз мо хоҳиш кард, ки аз вазъи корубори деҳқонон ҳам огоҳ ва матлабу гузоришҳои хонданӣ таҳия карда, чоп кунем.
Мо ҳам бо бардошт аз гузориш ва посухҳои вазир гузорише омода кардем, ки ҳафтаномаи «Минбари халқ» зери унвони «Вазири кишоварзӣ: Аз ҳоли деҳқонон бохабар бошед» 20 июли соли 2015 ба нашр расонид.
Дар матлаб, азҷумла таъкид мешуд: «Вазири кишоварзии Точикистон дар нишасти матбуотии ин вазорат аз рўзноманигорон хост, ки бештар аз аҳволи деҳқонон бохабар шаванд ва аз кору бори онон матлабу гузоришҳо нашр кунанд.
Маҳмадтоҳир Зокирзодадар ин нишасти матбуотӣгуфт: -Аз рўзноманигорон хохиш мекунам ба назди деҳқонон бештар равед ва бубинед, ки бо чи заҳмате барои пур кардани дастархони мардум бо меваю сабзавот кор мекунанд.
Вай дар ин нишаст дар гузорише фаъолияти вазорат ва натиҷаҳои кори кишоварзонро дар муддати шаш моҳи соли равон мусбат ва қаноатбахш зикр кард.
Вазири кишоварзӣпас аз баёни натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2015,инчунин, дар мавриди вазифаҳои ояндаи ин ниҳод ибрози назар кард.
Зикр шуд, ки дар шашмоҳаи аввали сол дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 4967,5 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 6,9 фоиз зиёд мебошад.
Суръати афзоиш дар соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ низ мутаносибан 9,5 ва 3,8 дарсадро ташкил намудааст.
Ў дар бахши саволу ҷавоб аз ҷумла гуфт, ки бо мақсади мустақим ба дасти харидор ва сокинони шаҳрҳо расондани ҳосили ба ранҷ рўёндаи деҳконон дар бозорҳо 268 гўшаи деҳқон ташкил шуда барои роҳ ёфтани кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба бозорро шароити лозимро фароҳам аст.
Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, парвариши сабзавот дар гармхонаҳо, масоҳати замини кишти пахта, ҷамъоварии ҳосили ғалладона, бунёди боғу токзор, захираи тухмии зироатҳо, иқдомоти анҷомшуда ҷиҳати мубориза бар зидди малах ва ҳифзи растаниҳо, бахши чорводорӣ, ҳолати таъмини хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ ва ҳамкориҳои хориҷӣ низ аз дигар бахшҳои гузориши вазир буд.
Инчунин,қайд шуд, ки вазорат тайи ин муддат барои таъмини кишоварзон бо таҷҳизоту техника бо ширкат ва намояндагиҳои давлатҳои Хитой, Белорус, Русия, ва Украина музокирот анҷом дода ва ҳамзамон 946 адад техникаю мошинолот ворид кард, ки аз ин шумора 254 тракторҳои гуногунтамға мебошанд.
Чуноне таъкид гардид, дар ним сол аз тарафи раҳбарияти вазорат 261 нафар корафтодаҳо қабул ва нисбати масъалаҳои рўзмарраи ба миёнгузоштаи онон посухҳои мушаххас дода шудаанд».
Дар ин гузориш як нуктаи муҳим ин аст, ки вазир ба маҳали зисти худ ишора карда буд. Хеле ҷолиб аст, ки пас аз панҷ сол, дарвақти муаррифии худҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон низ нишонаи маҳали зисти худро боз ҳам ноҳияи Сино ва маҳаллаи Гипрозем зикр мекунад. Ба андешаи мо, шояд бисёре аз шаҳрвандони дигар ҳам чунин фикр доранд, ки масъулони давлатӣ дар ин муддат борҳомаҳали зисти худро тағйир дода, ба ҷою макони дигар кўчида бошанд.
Номзади мо дар маълумотномаи номзадии худ ишора намудааст, ки ягон унвони илмӣ надорад. Ин ҳам баёнгари он аст, ки мавсуф дар талоши дарёфти унвони илмӣ набуда, вақташро ҳамеша ба иҷрои корҳои давлатӣ сарф ва вазифаашро аз рўи инсофу садоқат ба дастуру супоришҳои Сарвари Давлат иҷро намудааст.
Солеҳ ЮСУФОВ



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: