
Тӯли чанд сол боз кӯҳи «Кафтархона» воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар ҳолати лағжиш қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки дар қисматҳои поёнии кӯҳи мазкур кони металургии Анзоб, ки солиёни дароз дар он сурма ва симоб истихроҷ карда мешавад, қарор дорад.
Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баргузории нишасти матбуотӣ гуфт: «Вазъи садамавии кӯҳи «Кафтархона» ба ҷони кормандони камбинати металургии Анзоб таҳдидовар нест, чун кони зикршуда дар қисматҳои поёнии кӯҳ қарор дорад, аммо гузаронидани корҳои таркишии зиёд метавонад ба рафти фаъолият монеа эҷод кунад».
Дар идомаи баргузории нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 28 январи соли равон доир гардид, зикр шуд, ки дар корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда дар давоми соли 2019 33 ҳодисаи нохуш ва 3 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа, 20 нафар ҳалок ва 25 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Суғдмеҳри Маъруфзод