Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Семинари омӯзишии вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳр дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат

Семинари омӯзишии вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳр дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат

20-11-2015, 06:00
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Семинари омӯзишии вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳр дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат
Омӯзиши илм, донишу такмили онҳо ва ба ин васила тақвият бахшидани маърифат ва ҷаҳонбинӣ дар замони муосир ба ҳар шахс, воситаи муҳими корбарӣ ва зиндагӣ мебошад.

Тибқи дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мӯҳтавои асосии қарорҳои Анҷумани 12-уми ҳизб бармеояд ва бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр бо вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Ваҳдат семинари омӯзишӣ доир гардид.

Семинар дар мавзӯи «Халқ баёнгар ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ» баргузор шуд. Аз он ки вакилон ҳамчун намояндаи халқ дар Маҷлиси вакилони халқии шаҳр дар таҳияи қарору санадҳо кулли интихобкунандагони хешро пуштибонӣ менамоянд, барои онҳо пайваста омӯхтани донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ зарур ва ҳатмист.

Семинар бо нақшаи муайяне, ки Кумитаи Иҷроияи шаҳрии ҳизб таҳия намуд, дар толори вакилони Маҷлиси вакилони Мақомоти иҷроия бо истифодаи воситаҳои муосири техникӣ баргузор гардид.

Дар семинар баромад намуданд:
Раҳмонзода Абдулло, ҳуқуқшиноси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Интихобот ва фаъолияти вакили Маҷлиси вакилони халқ», «Ваколат ва фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»;

Мирсаидов Аброр, муовини директори донишкадаи иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор дар мавзуъҳои «Сарчашмаҳои асосии иқтисодӣ ва молиявии ҳокимияти давлатӣ», «Ҳамшарикӣ - кафили рушди маҳал»;

Наимов Маҳмадулло, роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент дар мавзӯъҳои «Ҳокимияти маҳаллӣ – нерӯи созанда ва бунёдкор», «Технологияи (раванди) таҳияи лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқ», «Зарурати баррасии муроҷиати шаҳрвандон»

Дар арафаи ҷашни мубораки Парчам вусъат бахшидани донишҳои сиёсию иқтисодии вакилон ва омӯзонидани онҳо ҳамчун тарғиботчии беҳтарин манфиати зиёд дорад. Ҳар вакилро зарур аст, ки бо донишҳои мусаллаҳи пухта, кулли интихобкунандагонро баҳри муттаҳидӣ ва таҳкими ободкорию созандагӣ сафарбар намояд. Семинари омӯзишии вакилони маҳаллӣ бо ҳамин мақсад доир гардонда шуд.
©Р.Ҷалилов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат.

Семинари омӯзишии вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳр дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат

Семинари омӯзишии вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳр дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: