Халқ баёнгар ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ18-11-2015, 11:00
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади иҷрои дастури Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (таҳти №144 аз 27-уми апрели соли 2015) Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат нақша-чорабинӣ таҳия намуда, субҳи имрӯз курси омӯзишии вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳрро зери унвонии «Халқ баёнгар ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ» оғоз намуд.
Сухани инфтитоҳиро раиси Маҷлиси вакилони халқии шаҳр, аъзои Кумитаи иҷроия, Раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир оғоз намуд. Сипас дар мавзӯъҳои «Асосҳои ҳуқуқии интихобот ва фаъолияти вакили Маҷлиси вакилони халқ», «Ваколат ва фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Техникаи таҳияи санади Маҷлиси вакилони халқ», «Дастури Маҷлиси вакилони халқ», «Низомнома дар бораи комиссияҳои доимӣ ва вакилӣ», «роҳҳои татбиқи онҳо» Раҳмонзода Абдулло, ҳуқуқшиноси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маърӯзаҳои худро ба ҳозирин пешниҳод кард. Семинари мазкур идома дорад ва аз раванди баргузории пурраи он ба Шумо маълумоти муфассал пешниҳод мегардад. ©Шӯъбаи таблиғотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.