Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи публисистӣ эълон гардид20-01-2020, 10:54
Хабарро хонданд: 383 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист» Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи публисистӣ эълон менамояд.
Дар ин бора ба сомонаи «Ҳамсафон» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Озмуни мазкур миёни ҷавонони касбу кори гуногун доир шуда, дар он олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат иштирок карда метавонанд. Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро дар шакли электронӣ ва хаттӣ то 10 феврали соли 2020 ба унвони Кумита тавассути почтаи электронии tjavononi@gmail.com ирсол ирсол намоянд. Ғолибон дар тантанаҳои ҷашние, ки ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.