Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Озмуни «Мақолаи беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид

Озмуни «Мақолаи беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид

28-12-2017, 13:48
Хабарро хонданд: 326 нафар
Назарҳо: 0
Озмуни «Мақолаи беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид
Озмуни «Мақолаи беҳтарини сол», ки бо мақсади тарғибу ташвиқ, инъикос ва дарки моҳияти аслии 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25 - солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тариқи нашрияи “Мароми пойтахт” эълон гардида буд, чанде пеш ҷамъбаст гардид.
Дар натиҷа ғолибони ҷойҳои якум устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, номзади илмҳои филология Ҳақназар Каримзода, ҷойҳои дуюм нависанда Абдуғаффор Абдуҷабборов, устоди Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Шарифов ва ғолибони ҷойҳои сеюм нависанда Маҷид Салим, рӯзноманигор Ҳотами Ҳомид ва корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Орифӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ, тибқи иттилои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба унвонии озмуни зикршуда беш аз 30 мақола пешниҳод гардида буд, ки аз ин шумора 7 мақолаи чопшуда дар нашрияи «Мароми пойтахт» ба ҷойҳои ифтихорӣ лоиқ дониста шуданд.
Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм моҳи январи соли 2018 дар Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мукофоти пулӣ ва Сипоснома сарфароз гардонида мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: