Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рейтинги донишгоҳҳо

Рейтинги донишгоҳҳо

31-07-2019, 14:24
Хабарро хонданд: 24 нафар
Назарҳо: 0
Рейтинги донишгоҳҳо
Дар ҷаҳони муосир, он давлатҳое ба рушду тарақият даст меёбад, ки ба соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ин омили муҳим аст, ки имрӯз дар кишвари мо низ ба ин соҳаи хаётан муҳим диққати ҷиддӣ дода, барои баландбардоштани сифатнокии таълиму тарбия ва нуфузу эътибори макотиби олӣ чораҳои заруруи андешида мешавад. Ин аст, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҶТ ва бо ибтикори Хадамоти давлатии назорат дар сохаи маориф ва илм рейтинги муассисахои таҳсилоти олии касбии ҷумхурӣ баргузор гардид ва натиҷаи он санаи 04-уми июли соли равон эълон карда шуд. Зимни натиҷагири аз ҷамъбасти ретинги донишгоҳои олии мамлакат, гуфт шуд, ки ҳадаф аз озмуни чунин ретинг муайян намудани сатҳи тадрис муассисаҳои олӣ мебошад. Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Рейтинги муассисахои тахсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017-инҷониб бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумхурӣ муаянд карда мешавад. Тибки хулоса ва натиҷагирии аъзои Комиссияи озмун дар давоми 6-моҳ, фаъолияти 40 муассисаи тахсилоти олии касбиро мавриди тахлилу бараси карор доданд. Аз руи тартиб ва холгузори чой якум насиби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷой дуюи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали Ибни Сино ва ҷой сеюм ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академи Бобоҷон Гафоров дода шуд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон дар зинаи 4-ум ҳамчун донишгохи фаъол карор гирфт. Дар мачмуъ 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумхурӣ ба зинаҳои баланд баромада мақому манзалати худро дар ин радабанди муаянд намуданд. Дигар донишгоҳҳо бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаанд. Бино би иттилои масъулини соҳаи маориф ба панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ, он донишгоҳу донишкадаҳҳое роҳ меёбанд, ки дорои заминаи модди-техникии муосир, иктидори пуркуввати илмӣ-омӯзгорӣ ва тадкикотиву инноватсионӣ, шурои диссертатсиони оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, Маркази тести барои қабули имтиҳонҳо, курсҳои омодагӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, хизматрасонии иловагии тахсилоти курсҳои забони хориҷӣ ва дигар самтҳои муҳим мебошанд. Барои иштирк дар чунин озмунхо масъулини донишгоҳҳо муазафанд, ки нишондоиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созанд, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшанд, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар ва мутахассисони арзандаро баҳри таълим ҷалб намоянд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хамчун Донишгоҳи бонуфузи кишвар, бо дастовардхои навини худ соли дуюм аст, ки ҷой авваларо дар рейтинги муассисахои таҳсилоти олии кишвар соҳиб мешавад. Хамзамон 4-уми майи соли 2019 олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Фиристода бояд ки доно бувад...” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 фанни таълимӣ баргузор гардид. Дар олипиада чумхурияви устодону донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касбии Ҷумхурии Точикистон иштрок намуда, бехтаринхо сохиби чойза гардидаанд. Баргузории олимпиадаи чумхурияви байни донишчуёнро масъулини сохаи маориф кадами пеш барои азхудкуни илмхои дакик арзёби намуданд. Донишчуёне, ки сазовори медал ва ифтихорнома гардиданд, инчунин аз ҷониби вазорат бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Мақсади асосии олимпиада сабқат байни донишмандон арзёби гардида, тавассути ин озмун ҷавонони болаёқатро дарёфт ва онҳоро барои тарбияи минбаъда ва пажӯҳиш дар роҳи илму инноватсия ва технологияҳои муосир роҳнамоӣ менамоянд. Тибқи шарти озмун агар холи ду донишҷӯ баробар шавад сабқати иловагӣ эълон нагардида ба ҳарду иштирокчӣ медал дода мешавад. Инчунин, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар ин озмун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ карда мешавад – иброз доштанд масъулини соха. Дар олимпиадаи мазкур аз 37 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 330 донишҷӯ иштирок карданд. Дар давоми рӯз донишҷӯён дар ду марҳилаи баромад намуданд. Дар озмун, саволномаҳои тестӣ ва навиштани эссе пешниход гардида буд, ки аз ичрои ин шартхои озмун иштироккунандагох ба хуби баромаданд. Дар Рӯзи дуюми натичагирии озмун дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷои аввал, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷойи дуюм ва дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм гардиданд. Бо таваччуҳу ба дастовардҳои ба дастовардаи устодону донишчуёни макотиби олии касбии кишвар, ҳаминро метавон гуфт, ки дар ҳақиқат давоми дусоли охир пешравиҳо дар ин самт чамрас мебошад. Имрўз боз ҳам аз масъулини соха тақозо карда мешавад, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро боло бурда, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, дар арсай байналмилали муарифгари ватани худ Тоҷикистон бошанд.
Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: