Дар ҷараёни як таҳҳқиқи пинҳонӣ, рӯзноманигорони ВВС (Бибисӣ) дарёфтанд, ки аксар рӯҳониёни ислом, ки дар бузургтарин масҷидҳои Бағдод кор мекунанд, омодаанд “издивоҷи муваққатиро ”ташкил кунанд. Дар баъзе ҳолатҳо, чунин «издивоҷ» танҳо як соат давом карда, махсусан барои алоқаи ҷинсӣ истифода мешавад. Ҳамчунин, муллоҳо омодаанд, марди калонсолро ба духтари нӯҳсола никоҳ кунанд. Таҳқиқоти Бибисӣ нишон медиҳад, ки баъзе аз рӯҳониёни шиа дар Ироқ духтарони ҷавон ва ҳатто кӯдаконро таҳти унвони «издивоҷи муваққатӣ» барои робитаи ҷинсӣ мефурӯшанд.
Хабарнигори Бибисӣ барои фош кардани чеҳраи аслии рӯҳониён, пинҳонӣ ба коргоҳи баъзе аз рӯҳониёни шиа дар маҳалаҳои муқаддаси шиаён муроҷиат карда, дарёфтанд, ки бештари онҳо ҳозиранд имкони издивоҷи муваққатӣ, ҳатто барои як соатро фароҳам кунанд. Баъзе аз ин рӯҳониён ҳато гуфтаанд, ки метавонанд мутъа (сиға)- издивоҷи муваққатӣ ва кӯтоҳмудат бо кӯдакони 9- соларо низ бихонанд. Онҳо ҳамчунин эътироф намудаанд, ки метавонанд занон ва духтарони ҷавону ноболиғро ба унвони арӯс барои издивоҷи мувақатӣ муаррифӣ кунанд. Видеои ВВС нишон медиҳад, ки ин рӯҳониён дар нақши далла (қаввод) ба сӯистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон далели шаръӣ медиҳанд. Дар филме, ки хабарнигорони Бибисӣ омода кардаанд, баъзе аз ин рӯҳониён дар баробари камераҳои махфии хабарнигорони ВВС аз сабукпоён ва кӯдакон ба унвони арусҳои ҳалол ном мебаранд. Издивоҷи муваққатӣ, ки онро никоҳи «муназзаҳ» низ мегӯянд, мавзӯъи баҳсбарангез дар мазҳаби шиа ҳаст, ки пештар ба занон дар баробари издивоҷи мувақкатӣ пул пардохта мешуд. Миёни аҳли суннат ба ин монандӣ издивоҷе бо номи «мисёр» маълум аст. Ин навъи издивоҷҳо барои мардоне, ки дар сафар ҳастанд, чунин имконро фароҳам меорад, то ҳамсари муваққатӣ дошта бошад. Имрӯзҳо бошад аз ин навъи издивоҷҳо барои робитаи ҷинсии шаръӣ, аммо мувақкатии марду зан дар муддати кӯтоҳ истифода мешавад. Рӯҳониён мегӯянд, ки ин навъи издивоҷ муҷиби пешгирии фоҳишагӣ мешавад, аммо дар мавриди давомнокии муддати чунин издивоҷ ҳам ихтилофҳо вуҷуд дорад.
ВВС ҳудуди 11 моҳро сарфи таҳқиқи ин масъала кардааст ва дар ин муддат аз чанд рӯҳонӣ махфиёна наворбардорӣ карда, бо заноне, ки мавриди сӯистифода қарор гирифтаанд, гуфтугӯ менамояд.
Чуноне ки маълум мегардад, хабарнигорони Бибисӣ дар Казмин машҳур ба Кадҳамия, воқеъ дар Бағдод яке аз маркази мазҳабии муҳими шиаён аст, ба 10 рӯҳонӣ муроҷиат мекунанд, ки 8 нафар аз онҳо мутъа, яъне издивоҷи мувақкатиро мехонанд. Нисфе аз онҳо низ розигии худро барои ҳамоҳанг намудани издивоҷи муваққатӣ бо духтарони 12 то 13 соларо додаанд. Хабарнигорони ВВС ҳамчунин дар Карбало ба 4 рӯҳонӣ муроҷиат кардаанд, ки ду нафар аз онҳо эълом мекунанд, мутъа (издивоҷи мувақкатӣ) бо духтарони хурдсолро худашон мехонанд.
ВВС 4 рӯҳониро махфиёна навор гирифтааст, ки се нафар аз онҳо изҳор медоранд, занонро барои издивоҷи муваққат муаррифӣ кунанд ва ду нафари онҳо тайёранд духтари зери сини балоғатро пешкаш кунанд. Сайид Раад як рӯҳонӣ дар Бағдод ба хабарнигори Бибисӣ, ки махфиёна ба ӯ муроҷиат карда буд, гуфтааст, ки мувофиқи шариат издивоҷи муваққатӣ маҳудудият ё замони махсус надорад: «Мардум метавонанд бо ҳар теъдод зане, ки мехоҳанд издивоҷи муваққатӣ кунанд, метавонанд бо як духтар ним соат издивоҷ кунанд ва то вақте ки корашон тамом шуд, боз бо дигаре издивоҷ кунанд».
Хабарнигори Бибисӣ аз Саид Раад мепурсад, ки оё издивоҷи муваққатӣ бо духтарони ноболиғ ҳам қобили қабул аст? Ин рӯҳонӣ посух медиҳад: «Фақат эҳтиёт кун, ки бакораташро аз даст надиҳад» ва идома медиҳад: « метавонӣ бо ӯ ба хубӣ рафтор карда, баданашро ламс кунӣ, синаҳояшро…аммо аз пеш наметавонӣ дохил кунӣ, гарчӣ дохил аз маъқад мушкиле надорад». Хабарнигори Бибисӣ мепурсад, агар духтар осеб бинад чӣ мешавад? Рӯҳонӣ сарашро таккон дода мегӯяд: «Ин марбут ба худатон аст ва он ки ӯ метавонад дардашро тааммул кунад ё не мушкили худаш».
Шайх Салавӣ рӯҳонии дигар дар Карбало, ки аз ӯ ҳам Бибисӣ навори махфиёна гирифтааст, дар ҳоле ки хабарнигор аз ин рӯҳонӣ низ мепурсад, ки оё издивоҷи мувақкат бо духтари 14 -сола ҷоиз аст? Рӯҳонӣ ҷавоб медиҳад: «Бале, аз 9- сола боло равост, ҳеҷ мушкиле надорад Ислом инро иҷоза додааст».
Ин рӯҳонӣ ҳам монанди Саид Раад мегӯяд, ки танҳо масъала ин аст, ки духтар бокира бошад дохил кардан аз маъқад қобили қабул аст, агар ки тараф розӣ бошад ва идома медиҳад «Ҳар коре, ки дилат мехоҳад, бикун».
Дар Бағдод ҳангоми вохӯрӣ бо Саид Раад хабарнигори Бибисӣ барои ин ки марҳилаҳои издивоҷи мувақкатӣ бо кӯдаконро нишон диҳад, вонамуд мекунад, ки мехоҳад бо духтари 14 -сола, ки бо номи Шайма муаррифӣ менамояд, издивоҷи муваққатӣ кунад.
Дар воқеъ нақши ин духтарро яке аз хабарнигорони Бибисӣ бозӣ мекунад. Саид Раад дархосте барои дидани хонаводаи ин духтар матраҳ намекунад ва дар ҳоле, ки бо хабарнигори Бибисӣ дар як нақлиёт нишастааст, қабул мекунад, ки сиғаро бо телефон бихонад.
Саид Раад аз духтар мепурсад: «Оё ба мо ваколат медиҳӣ, ки туро барои як рӯз ба издивоҷи ин мард оварам ва ба ту 150 ҳазор динор бипардозад?». Ва дар охир ба хабарнигори ВВС мегӯяд: «Ҳоло шумо шаръан издивоҷ кардаед ва метавонед бо ҳам бошед». Саид Раад бе ин ки нигарони духтари 14- сола бошад, барои хондани ин сиға аз хабарнигори пинҳонии Бибисӣ 200 долар мегирад.
Як марде, ки доимо барои робитаи ҷинсӣ бо занони бегона издивоҷи муваққат мекунад, ба хабарнигори ВВС мегӯяд: «Духтари 14-сола нарх дорад, чун ҳанӯз тоза аст, қимматашон аз 500 то 800 доларро дар бар гирифта, ин танҳо аз ин маблағе аст, ки ба охунд дода мешавад. ӯ ба хабарнигор мегӯяд, коре, ки анҷом медиҳад, шариатӣ аст: «Агар як рӯҳонӣ ба ту бигӯяд, ки издивоҷи муваққат ҳалол аст, пас ин кор гуноҳ ҳисоб намешавад».
Инор Муҳаммад як фаъоли ҳуқуқи занон, ки шабакае аз хонаҳои амн барои занон дар Ироқро сарпарастӣ мекунад, мегӯяд ин ҷо духтарон на инсон, балки ҳамчун мол ҳастанд: «Истифода аз ин молҳо барои истифодаи муайян манъ карда намешавад, аммо бакорат барои «фурӯши бузург» дар оянда ҳифз мешавад». Манзури ӯ аз «фурӯши бузург» издивоҷ аст.
Хонум Муҳаммадӣ мегӯяд, агар бакорати як духтар бардошта шавад, ӯ дигар имконияти издивоҷ карданро надорад, ҳатто таҳти хатари кушта шудан аз тарафи аъзои хонаводааш қарор мегирад. «Ҳамаи инро ҳамеша занон ва духтарон ҷуброн мекунанд»- мегӯяд Муҳаммадӣ.
Дар ин филми мустанади ВВС ба сурати махфиёна гуфтугӯ бо як рӯҳонии дигар низ наворбардорӣ шудааст, ки мегӯяд духтари ҷавонро барои издивоҷи муваққатӣ муаррифӣ кунад. Ҳамчунин дар видео як духтари ноболиғ омадааст, ки мегӯяд рӯҳониён ӯро ба муштариҳо расондаанд ва бо ӯ даллолӣ (қавводӣ) кардаанд. гуфтаҳои ин духтарро чанд шоҳиди дигар низ тасдиқ намудаанд.
Дар бахши дигаре аз ин мустанад махфиёна аз як рӯҳонӣ филмбардорӣ шудаст, ки дар ҳоли пешниҳоди додани як зани ҷавон ба хабарнигори Бибисӣ барои издивоҷи муваққатии 24 -соата аст. Ин рӯҳонӣ дар идомаи гуфтугӯ, баъд аз он ки хабарнигор пешниҳоди ӯро намепазирад, комилан ба шакли як қаввод зоҳир мешавад ва ба ӯ пешниҳод мекунад, ки агар хоҳад як духтари ноболиғро барояш пайдо мекунад.
Ғайит Тамимӣ як рӯҳонии шиаи ироқӣ, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад, дар гуфтугӯ бо Бисбисӣ рӯҳониёне, ки ба сиға издивоҷи муваққатро, махсусан барои духтарони ноболиғ ҷорӣ мекунанд, маҳкум карда, мегӯяд: «Он чи онҳо мегӯянд, ҷиноят аст ва бояд мутобиқи қонун муҷозот шаванд». Баъзе аз раҳбарони шиаи Ироқ омили ҷинсиро ҷоиз донистаанд, аммо Ғайит Тамимӣ аз роҳбарони мазҳаби шиа хостааст, ки чунин иқдомотро маҳкум кунанд.
Ду нафар аз рӯҳониёне, ки махфиёна наворбардорӣ шудаанд, худро пайравони Оятуллоҳ Сиистонӣ, яке аз рӯҳониёни машҳури Ироқ муаррифӣ кардаанд. Аммо дар байёнияе, ки худи Сиистонӣ, ки ВВС нашр кардааст, меорад: «Агар ин иқдомот чи тавре ки шумо тавсиф мекунед, анҷом мешавад, мо онро бидуни қайд ва шарт маҳкум мекунем. Издивоҷи муваққат ҳачун воситаи фурӯш ва равобити ҷинсӣ дар шакле, ки эҳтиром ва инсонияти занонро нодида бигирад ҷоиз нест».
Як сухангӯи давлати Ироқ ҳам дар ҷавоби ин тадқиқот ба Бибисӣ гуфтааст: «Агар ин занон аз рӯҳониён ба пулис шикоят накунанд, мақомот наметавонад иқдоме кунад».
Манбаъ: BBC
Тарҷума ва таҳияи
Гулҳаё.М