Ахбори ҷаҳони имрӯзро хонда, кас натиҷа мегирад, ки қиссаҳои аҷибу ғариби «Ҳазору як шаб» дар муқоиса бо воқеаҳои имрӯз хеле камранг аст. Агар нависандае рӯйдодҳои замони моро менавишт, баҳои баландтари хонандаҳоро сазовор мегардид. Аз суи дигар шояд зарурат ба навиштани ин қиссаҳо бо чеҳраҳои воқеӣ набошад, зеро ҳоло нақши қадимаи ровиёни ахбору қиссагӯёнро сайтҳои бешумору нашрияҳои «зард» иҷро мекунанд ва рӯзе нест, ки ҳикояте аз зиндагии шахсонеро ба хонандаю бинанда пешниҳод накунанд. Бо дидани чунин мақолаву гузоришҳо ин нукта бори дигар собит мешавад, ки барои нафароне расидан ба мақсаду ормонҳояшон болотар аз ҳар гуна арзишҳои дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи инсонӣ, ба монанди нанг, эътибор, ном ва шараф аст.
То 10 бор ном иваз мекунанд
Дар ин охирҳо аввал хабари тӯйи шоҳи Малайзия Муҳаммад Фарис бо русзане бо номи Оксана Воеводина дар ВАО нашр ва ёдоварӣ шуд, ки арӯси ин мақоми олии малайзиягӣ барандаи ҷоизаи «Хушрӯи Москва» дар соли 2015 будааст.
Бисёре аз духтарони қадрас шояд бо шунидани чунин як хабар ҳасади ин русзанакро мехӯрданд, ки бахташ омад кардаву ба хонаводаи шоҳи кишвари дигар ва бар илова, ба як хонаводаи мусалмон роҳ ёфт.
Бо мақсади расидан ба ин орзу Воеводина ҳатто муддате динашро иваз кардаву худро ба шариати исломӣ наздик ва пайванд кард. Бино ба хабарҳо, домоди ақлу ҳуш гумкарда пас аз тӯй бо арӯси рус аз тахт даст кашид ва худро пурра ба хонавода бахшид. ӯ ҳамагӣ ду сол дар тахти шоҳӣ буд. Ровиёни ахбори тезутунд дар интизори идомаи ин қисса буданд. Аммо ин афсонаи ширинро идомаи ғайриинтизор пеш омад. Шоҳ шояд худ бохабар шуд ё ниҳодҳои хабарчини давлат буданд, ки гузаштаи арӯси ӯро ҷамъ оварданд ва ба пешаш гузоштанд, то худ қазоват кунад, ки бо чи касе ҳамболин шудааст. Инҷо заҳмати зиёде барои хабарчинҳо лозим набуд, зеро боз ҳам расонаҳои чопию электронӣ гузаштаи мармузи ин русзанро, тавре мегӯянд, бо ҳуҷҷату далел ҷамъу ғун оварда, рӯйи саҳифаҳои худ гузошта буданд.
Ба ин тартиб, акнун нашрияҳо на дар бораи таваллуди эҳтимолии вориси тахту тоҷи як кишвар, балки дар мавриди бурду бохти ду тараф аз издивоҷи як зани 25 – сола бо марди 49 – сола менавиштанд.
Аз ҷумла бо ҳасрат ишора карданд, ки афсӯс аз тӯйи ин ду нафар, ки дар ресторани гароннархе дар толори Barvikha Concert Hall - пойтахти Русия, ки бо риояи одоби исломӣ ва бо дастархони пур аз анвои ғизоҳои ҳалол баргузор шуд, чандон вақти зиёде нагузашта, ин воқеа худ ба халоҷои таърих афтоду хотироташ акнун танҳо дар аксҳо монд.
Аз ин хусус ҳам иттилоъ доданд, ки Оксана бо Муҳаммад дар яке аз кишварҳои Аврупо ҳангоми баргузории намоишгоҳи соатҳои мӯду гароннарх шинос шудаанд, аммо афсонаи ошиқии онҳо фақат якуним сол давом дошт. Дар ин муддат Оксана Исломро қабул карда, номи мусалмонии Райҳонаро ба худ гирифта буд. Аммо ин чеҳрасозиву ниқобивазкуниҳо садди ҷараёни расвоӣ ва нокомии ин издивоҷ натавонист бишавад.
Ончи асрор буд, ба зудӣ аён гардид. Ҳарчанд дар марҳалаи омодагиҳо ба озмуни зеборухони Москва Оксана дар варақаи тарҷумаи ҳол худро аз шаҳри Ростов гуфта буду парвардаи як хонаводаи серфарзанд ва бо одоби сахту ҷиддӣ. Он вақт худашро агарчи фарзанди ҷарроҳ Андрей Горбатенко меномид, вале ба чи сабабе барои иштирок дар озмун номи хонаводагии модараш Людмила – Воеводинаро интихоб карда буд.
Бисёр вақт худро хатмкардаи факултети тиҷорати Донишгоҳи давлатии иқтисоди Русия ба номи Плеханов муаррифӣ мекард, аммо баъдтар маълум шуд, ки ҳарчанд ӯ замоне донишҷӯи ин муассисаи олӣ буда, аммо онро хатм накардааст.
Пас аз нашри хабарҳо дар бораи издивоҷи Оксана – Райҳона (Горбатенко- Воеводина) бо шоҳи малайзиягӣ маълум шуд, ки соли 2013 духтаре монанд ба ӯ аз иштирокчиёни фаъоли мавсими дуюми «реалити –шоу»-и «Таътил дар Мексика» («Каникулы в Мексики») будааст. Дастандаркорони ин барномаи саропо дур аз одоб ва ғайриахлоқӣ дар шабакаи MTV тасдиқ кардаанд: яке аз иштирокчиёни барномаи ба намоиш гузошташуда ҳамоне аст, ки ғолиби озмуни «Хушрӯёни Москва» ва баъдтар бо шоҳ ҳамхона шуд. Инчунин гуфтанд, он замон Оксанаи 20 –сола бо номи Ксения Дягилева дар намоиши онҳо баромад доштааст. Барои пардапӯшӣ аз амалҳои берун аз одоби иштирокчиён Оксанаро дар намоиш бо номи Никол ба навор гирифтаанд. Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зуд аз ин ҳиллаҳо парда бардоштанд ва исбот карданд, ки зани ояндаи як шоҳ дар паси саҳнаҳои намоиш вақтро беҳуда нагузаронида, бо яке аз иштирокчиёни барнома, бо номи Елисей Полищук ҳам ишқварзӣ доштааст. Аксҳои зиёде аз ин давраи умри пур шарру шӯри ӯ дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои интернетӣ мавҷуд будаанд, аммо пас аз шиносоӣ бо домоди малайзиягӣ ҳама пок карда шудаанд.
Вале дастгоҳҳои амниятии Малайзия, ин ҳамаро пайдо карда, дар ихтиёри Туанка Муҳаммади 5, ки понздаҳумин шоҳи Малайзия - кишваре воқеъ дар ҷанубу шарқи Осиё, қарор доданд. Шоҳе, ки пас аз ду соли раҳбарӣ ба хотири ин арӯси пурнозу бокарашма шуда, аз тахт даст кашида буд.
Издивоҷи шоҳ бо Оксана, ки акнун ҳиҷоб ҳам мепӯшид, барои тамоми мардуми ин кишвар ғайриинтизор буд ва шояд аз ин сабаб касе натавонист, то замони ақди никоҳи расмӣ ин мавзӯъро аз наздикони хонаводаи шоҳ дуруст таҳқиқ кунад.
Ҳама то он дам медонистанд, ки шоҳ пас аз 4 соли ҳамхонагӣ бо ҳамсари пешини худ - Кангсадал Пипитпакди ва талоқ додани ӯ дар соли 2008, бо зани дигаре расман никоҳ накардааст. Ба сабабе, ки шоҳ аз зани аввал фарзанд надошту озод буд, касе аз наздикон пушти зиндагии шахсиаш ҳам нагашта, бистару болишташро назора намекард.
Пас аз нашри ин хабарҳо назарҳо ҳам дар бораи ин ду нафар гуногун буд. Баъзеҳо барои шоҳ, ки ҳар қадамаш зери назари ҷомеа аст, инро як шармандагӣ, вале барои русдухтаре бо чанд ниқоб саҳнаи дигари ҳунарварӣ барои даромад донистанд. Баъзеҳо бар ин андеша буданд, ки то ин дам бо ҳунарпешаҳои маъруф ҳамхона шудани шахсиятҳои давлатӣ ва шоҳзодаҳоро медонистанд, аммо ин ки як зани бо гузаштаи начандон равшан ва бо номҳои гуногун аз сӯи шоҳ барои арӯсӣ интихоб шуда бошад, бори аввал медиданд.
Аммо нафароне ҳам ҳастанд, ки бо истеҳзо мегӯянд, бояд интизор бошем, ки ин зан боз бо чи ном ва дар чи нақше ба саҳна мебарояд.
Солеҳ Юсуфов