Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Go Viral» - майдони мусоид барои мубодилаи афкору таҷрибаҳои ҷаддид

«Go Viral» - майдони мусоид барои мубодилаи афкору таҷрибаҳои ҷаддид

16-09-2019, 06:30
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
«Go Viral»  - майдони мусоид барои мубодилаи афкору таҷрибаҳои ҷаддид

Дар Душанбе бори нахуст бо ташаббуси Сафорати ИМА дар Тоҷикистон фестивали ҳарсолаи «Go Viral» аз 14 то 15 сентябри соли равон дар Маркази Исмоилия баргузор гардид. Фестивали мазкур ду рӯзро фаро гирифта, иштирокчиён ва шавқмандони зиёдеро аз пойтахт ва гирду атрофи он бо ҳам ҷамъ овард.
Бояд гуфт, ки «Go Viral» фестивали байналмиллалист, ки навоварони ВАО, бизнес ва технологияҳои Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои омӯхтани навтарин тамоюлҳо ва ғояҳои олии мутафаккирон ва пешвоёни афкори соҳаҳои гуногун муттаҳид мекунад. Сухангӯёни фестивал мутахассисони фаъол, эҷодкор аз ИМА ва Осиёи Марказӣ буданд. Ба гуфтаи мутахассисон «Go Viral» майдони мусоидест, ки дар он одамон метавонанд мубодилаи афкор намуда, дар якҷоягӣ барои рафъи мушкилот кор кунанд ва ба ҳамдигар илҳом бахшанд, то ки якҷоя эҷод намоянд. «Go Viral»  - майдони мусоид барои мубодилаи афкору таҷрибаҳои ҷаддид Барои иштироккунандагон баромади сухангӯёни ботаҷрибаи соҳаи иттилоот ва технологияи муосир хеле ҷолиб ва муфид арзёбӣ гардида, аксарияти онҳо бо гирифтани навгониҳо аз ин фестивал изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ карданд. Аз маърӯзаи сухангӯёни Иёлоти Муттаҳида ва Осиёи Марказӣ маълум гардид, ки онҳо кушиш ба харҷ доданд то иштирокчиёни фестивал оиди он ки чӣ тавр технологияҳо метавонанд ба тарзи пешбарии тиҷорат, дарк кардани санъат ва фарҳанг, мубодила ва гирифтани иттилоот таъсир расонанд, маълумот пайдо кунанд. Ҷаласаҳои ифтитоҳӣ, семинарҳо, баромадҳои мусиқӣ, намоиши филмҳо дар барномаи се бахши фестивал : ВАО, бизнес ва технология буд. Сухангӯён мавзӯъҳое ба монанди монетизатсияи бизнес, эҷоди мавод бо мавзую мундариҷаи тиҷоратӣ, василаҳои нави ВАО, гузориш, таҳлил ва коркарди маълумот, соҳибкорӣ ва оғози соҳибкорӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор дода, диққати шунавандагонро аз ибтидо ба худ ҷалб карданд.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: