Фестивали Ҳоли яке аз анъанаи фарҳанги қадимаи Ҳиндустон буда, бо унвонҳои "фестивали баҳорӣ", "фестивали рангҳо" ё "фестивали муҳаббат" маъруф аст. Ин рӯз ҳамчун рӯзи гузаштан аз хатоҳои ҳамдигар, аз байн бурдани муноқишаҳо, вохӯрӣ бо дӯстон, умуман фаромӯш кардан ва бахшидан тамоми кинаву адоват ва барқарор кардани муносибатҳои шикаста дар байни одамон маҳсуб мегардад. Баъзе амалҳое, ки дар фестивали мазкур иҷро мегарданд, ба аломатҳои ҷашнгирии иди миллии мо-Наврӯз хеле наздиканд.
Бахшида ба ин ҷашн дар Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар маҳфил намояндагони корпусҳои дипломатӣ, кормандони вазорату идораҳои гуногуни кишвар ширкат варзида, ба хушҳоливу сурури соҳибони ҷашн шарик шуданд. Имсол дар Ҳиндустон Ҳолӣ рӯзи 21-уми март ҷашн гирифта шуда бошад ҳам, аммо бо баъзе сабабҳо мо онро дар Душанбе дертар, яъне моҳи апрел баргузор кардем,-мегӯянд намояндагони сафорат.
Ҳолӣ ба монанди иди Наврӯз маъмулан дар моҳи март, яъне дар оғози баҳору зебоӣ ва гуногунрангии табиат таҷлил мегардад. Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош дар суханрониаш оид ба ин ҷашн зикр кард: «Ҳолӣ як фестивали мардумӣ мебошад, ки аз тавҳам будани инсон бо табиат дарак дода, изҳори хушҳоливу муҳаббати одамонро нисбати ҳамдигар инъикос мекунад ва ҳеҷ гуна иртибот бо дин ё мазҳаби алоҳида надорад».
Дар ин ҷашн ҳама-дӯст ё бегона, сарватманд ё камбизоат, мард ё зан, кӯдак ё пиронсол яксон буда, бо мақсади орзӯи хушбахтиву ишқ ба ҳамдигар ранг мепошанд. Ҳамчунин гурӯҳи ромишгарон асбобҳои мусиқӣ навохта, рақсу бозӣ мекунанд, то ба шодмонии мардум боз ҳам бештар гардонанд.
Ғайр аз Ҳиндустон ва Непал, фестивал аз ҷониби кишварҳое аз қабили Ямайка, Суринам, Гвана, Тринидад ва Тобаго, Африқои Ҷанубӣ, Малайзия, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Маврикий, Фиджи низ таҷлил мегардад. Дар тӯли солҳои охир фестивал ба қитъаҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ низ ҳамчун ҷашни баҳор, муҳаббат, рангҳо ва дӯстӣ паҳн шудаст.
Гулҳаёи Мадимар