Ярмаркаи фурӯши меваю сабзавот ба истиқболи Иди Қурбон23-09-2015, 10:06
Хабарро хонданд: 333 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади хуш пазируфтани Иди Қурбон дар бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппа дар асоси дархосту супоришҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии раиси шаҳр ярмаркаи фурӯши меваю сабзавот ва маҳсулотҳои ғизоӣ доир гардид.
Аз ин иқдоми неки роҳбари давлат шаҳрвандони шаҳри Қӯрғонтеппа ва меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф хушнуд буда, бо нархҳо арзон маҳсулотҳои пешкашнамудаи деҳқонон ва соҳибкоронро харидорӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки имсол нисбати солҳои гузашта аз тарафи деҳқонон ва соҳибкорон маҳсулотҳои босифат ба шаҳрвандон пешкаш гардид, ки ин ба нархи маҳсулот таъсир расонид. Дар баргузории ин ярмарка саҳми раиси ҶДММ “Бозори Фаровон” вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа Ҳ.Шерхонов ва раиси бозори “Ҳоҷӣ Шариф” вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр З.Соҳибов, аъзоёни фаъоли ҲХДТ хеле назаррас буд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.