
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан дар доираи барномаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба истиқболи 25-умин солгарди таъсиси ҲХДТ намоиш – озмуни бонувон ва оилаҳои ҳунарманд баргузор шуд.
Дар он аз ҳама деҳаҳои ҳудуди ҷамоат бонувон ва оилаҳое, ки бо ҳунари худ шуҳрат ёфтаанд, иштирок намуданд. Дастархони идонаи намоиш-озмунро намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ, аз қабили кулчаҳои танӯрӣ ва тагиаловӣ, навъҳои гуногуни нон, оши палов, мошкичирӣ, қотурма, атола, ҳалво, ширбиринҷ, хӯрокҳои бо ҷурғот омодашуда, барак пур карда, саҳнаро бошад намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ – зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гилему қолиҳои дастбофт, атласу адрас, либосҳои чакан, кандакорӣ дар чӯб ва ғайра оро медод. Ин ҳунари бонувони гулдаст ва оилаҳое аст, ки авлод ба авлод ба ҳунармандӣ машғуланд.
Ба иштирокчиёни намоиш–озмун Сипоснома ва туҳфаҳоро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода тақдим намуд.