Рафти корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Панҷакент3-07-2017, 11:08
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 0
Зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент, ки санаи 29 июн сурат гирифт, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо рафти корҳои ободонӣ шинос гардид. Ба муносибати Соли ҷавонон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент нақша дорад, ки дар хиёбони Рӯдакии маркази шаҳр бинои боҳашамати Маркази ҷавононро бунёд намояд. Зимни сафари корӣ Раиси вилоят ҷараёни корҳои сохтмониро дар ин иншоот мавриди назар қарор дод. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент ва пудратчии он ҶДММ “Манора-2014” мебошад. Иншоот бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ дар ҳаҷми наздик 7 миллион сомонӣ сохта шуда, мувофиқи нақша он аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар дохили бино бахши ҷавонони шаҳр, рӯзномаву телевизиони маҳаллӣ ва дигар сохторҳо, толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ҷойгир карда мешаванд. Инчунин маҳфилҳои мухталиф, аз ҷумла маҳфилҳои рақсиву варзишӣ ва бойгонӣ дар марказ фаъолият хоҳанд кард. Дар марказ тамоми шароитҳои замони муосир фароҳам оварда мешаванд. Аз ҷумла толори калон барои 420 ҷои нишаст, чор толори баргузории мизҳои мудаввар бо технологияҳои мусоири намоиши видеоӣ, маркази иттилоотӣ-интернетӣ барои ҷавонон хизмат хоҳанд расонид. Айни ҳол 70 нафар ба корҳои сохтмонӣ дар ду баст машғул буда, бунёди таҳхона идома доранд. Раиси вилоят зимни боздид аз сусткории пудратчии сохтмон эрод гирифт ва дастур дод, ки бунёди иншоотро вусъат бахшад. Дар доираи корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент ҳамзамон азнавсозии муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва саҳну атрофи он шурӯъ мешавад. Мавзеи мазкур баъди таҷдид аз пайкараи нави шоир ва чор фаввора иборат шуда, атрофи он ба гулкорию кабудизоркунӣ фаро гирифта мешавад. Раиси вилоят таваҷҷӯҳи масъулини сохтмонро ба он ҷалб намуд, ки ин мавзеъ минбаъд бояд ҳамчун макони дӯстдоштаи истироҳатию фароғатӣ ва муҳити маънавӣ барои сокинону меҳмонони шаҳри бостонӣ, бахусус ихлосмандони ин шоири шаҳир хизмат расонад. Дар ҳамин мавзеъ корҳои ободониву навсозии варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент низ мавриди таваҷҷӯҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Варзишгоҳи мазкур соли 2008 ба муносибати ҷашни 1150 - солагии Устод Рӯдакӣ бунёд гардида, барои 3500 ҷои нишаст пешбинӣ шуда буд. Акнун пас аз бозсозии қисматҳои шимолию ҷанубӣ варзишгоҳ дорои беш аз 6000 ҷои нишаст хоҳад шуд. Фармоишгари сохтмон Идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои бозсозиро ҶДММ “ПМК- 278” бар ӯҳда гирифтааст. Бунёди нишастгоҳҳои иловагӣ имкон медиҳад, ки минбаъд дар варзишгоҳ мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин чорабиниҳои бонуфузи фарҳангӣ баргузор карда шаванд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.