Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ӯ шитобкориро намеписандад

Ӯ шитобкориро намеписандад

8-05-2019, 13:08
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
Ӯ шитобкориро  намеписандад Чӣ бояд кард, то нафарони зиёде китобхониро дӯстдоранд?
Хондан! Хониши китоб аз айёми хурдсолӣ бояд зарурати асосӣ шавад.
Хуршеда Ҳамроқулова, роҳбари Шурои Ташкилоти ҷамъиятии русиягии «Маркази фарҳангии тоҷикон», номзади илмҳои филологӣ, дотсенти НИУ ВШЭ, тарҷумон.
Дар айёми хурдсолӣ ба ман аз радио гӯш кардани барномаи «Дафтари нависанда» хуш меомад. Аммо ин ба ман ҳар шаб дастрас набуд, танҳо дар он ҳолатҳои истисноие, ки ба хонаи бибии падариям ба мехмонӣ мерафтам. Ёд дорам: вақте дар бистар хоб мекардам, кӯшиш мекардам, бо диққат гӯш кунам, то ин ки ягон калимаро напартоям.

Садои радио чунон самимона буд, ки бо чашмони кушодаам миллионҳо ситораҳои осмонро назорра мекардам. Овоз чунон форам буд, ки гӯё болои осмони сиёҳи махмалин мехобидаму ҳамин хел бо овози форам хоб мерафтам. Ин рӯзҳо бароям бисёр таъсирбахшу фаромӯшнашаванда буданд. Кӯдакон бояд чӣ бихонанд? Пеш аз ҳама китобҳои фолклорӣ ва классикӣ бояд хонд! Афсонаҳои Пушкин, Талстой, Киплинг ва Экзюпериро хондан даркор. Яъне аз китобҳои классикӣ метавонем таваҷҷӯҳи хонандагонро бештар ҷалб намоем, ки аз ҷиҳати маънавӣ заруранд. Ин осор таҷрибаи ҳаётиро ба вуҷуд меоранд. Дар назм бошад, пеш аз ҳама барои ман эҷоди тасвирҳои аниқ бо роҳи фикру ақидаҳои мухталиф арзиш дорад. Барои шоир офаридани василаи муошират байни ӯ ва хонанда муҳим аст. Барои он ки бояд бо хонанда наздик гуфтугӯ кунад, ба мисли асари Лермантов “Звезда с звездою говорит” («Ситора бо ситора ҳарф мезанад). Кадом шоириони хориҷиро меписандам? Аввалан шоирони форсу тоҷик ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсии бузург-офарандаи беҳтарину пурмашаққатарин муаллифи шоҳасари бузурги ҷаҳоне, ки беш аз 100 ҳазорабёти волоро дар бар мегирад! Ҳамчунин Саъдиву Ҳофизро хеле дӯст медораму аммо то ба Румӣ ҳоло бузург нашудаам ва сатрҳои Ҷомиро низ хеле меписандам. Аз шоирони муосир Муъмин Қаноат (ман ӯро «шоҳи шеъри тоҷик»мегӯям)-ро хеле эҳтиром мекунам ва аз лириканависон, ки гӯё бо хуни қалб ҳарф навиштаи ӯ руйи ќоғаз меояд, Лоиқ Шералиро меписандам. Ба ҳамин хотир ӯ то синни 60 солагӣ низ натавонист зиндагӣ бикунад! Ҳамаи навиштаи ӯ аз дард, аз фикру андеша, суолҳои асоси ҳастї, ки ба худ медоду ба ҳамзамонони худ мегузошт, моломол буд.

Таҳияи Саида Хоҷаева
Аз газетаи Аргументы и факты
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: