Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЭЪЛОНИ ОҒОЗИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ЭЪЛОНИ ОҒОЗИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН

2-05-2019, 09:12
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Маркази исломии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ки мувофиқи ҳисобҳои илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2019 ба рӯзи душанбе, 6-уми май рост меояд. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаст.
Дар ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷму меъёри закот, садақаи Фитр ва фидяи савм низ муайян шудааст.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки аз он 500 сомонӣ закот дода мешавад.
Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барони онҳое, ки тавони бештари молӣ доранд) муайян гардидааст.
Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки барои сиҳатшавиашон умеде нест, 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шудааст.
Хатми Қуръони карим дар масҷидҳои кишвар тибқи имконоти мавҷуда дар ҳудуди як пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида мешавад.
И.Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: