Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

7-06-2018, 14:09
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад
Июнь 7, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 07.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имсол Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 15 июн таҷлил мегардад. Дар ин бора имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки бо иштироки аъзои Шӯрои уламо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар баргузор гардид, қарори дахлдор қабул кард.

Ҳамин тариқ, рӯзи ҷумъа, 15 июн, соати 6:00 субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон намози ид барпо мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 17 май оғоз гардида, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 400 сомонӣ муқаррар шуда буд, ки аз он 510 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 5 сомонӣ ва фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазон барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва беморон ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муқаррар гардидааст.
Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол таҷлил мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: