Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳиҷобу сатр моли дин аст ва ё араб?

Ҳиҷобу сатр моли дин аст ва ё араб?

16-01-2019, 10:36
Хабарро хонданд: 392 нафар
Назарҳо: 0
Ҳиҷобу сатр моли дин аст ва ё араб?

Таи чанд сол аст, ки ба бар намудани либосҳои барои миллати тоҷик бегона миёни ҷомеаи кишвар яке аз мавзуоти калидӣ ва доғи рӯз боқӣ мондааст. Мутаасифона, аз ин раванд як қатор кишварҳои сайёра, бахусус минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна низ дар канор намондаанд. Ҷой гирифтани ақоиди ғайр ба шуури мардум, муғризона пиёда намудани сиёсат, фарҳанги барои ин ё он миллат бегона, роҳ надодани созиши дин бо фарҳанги миллӣ ва билохира дар заминаи он ҷой намудани ақоиди ифротгароӣ сиёсати манфиатҷӯёнаву барои гурӯҳҳои муайяни ифротгаро ва ҷӯяндаи манофеъ аз дин дониста мешавад.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки тарғиби фарҳанги араб дар кишварҳои исломиву аҳолии мусалмондошта таи садсолаҳои охир ба тариқи ҷиддӣ амалӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки тоифаи осебпазири ҷомеа ба он иддао, ки он гуё таълимоти “исломист”, дода шуда, пайравӣ ба он менамоянд, ки дар натиҷа фарҳанги миллии худро бо фарҳанги бегона дар ҳоли бархӯрд қарор додаанд.
“Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек” дар кулли адён, бахусус дини мубини Ислом аз ҷузъҳои асосии таълимот дониста мешавад. Аммо ҳамчун “таълимоти ислом” унвон шудани ақидаҳои хурофотиву амалҳои зишт ва гӯшношунид аз ҷониби манфиатхоҳон ва чунин иддаоро асоснок шуморидани афроди осебпазир воқеан боиси таассуф ва ташвиш аст.
Бо тамоюл ба бегонапарастӣ ва теъдоди рӯзафзуни занони ҳиҷобу бурқаъпӯш, ҳамчунин рӯйи кор омадани амалҳои террористӣ ва афзоиши гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ боиси нигаронии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ гардидааст.
Дар ин самт нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ карда, дар яке аз мулоқотҳо бо фаъолони кишвар гуфта буданд: «Як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохтаанд». Дар ин мулоқот таъкид гардида буд, ки занону духтарон бояд аз фарҳанги бегона, бахусус либоси сиёҳ, ки хоси мотам аст, ҳазар карда, бештар ба либоси миллии тоҷикӣ рӯ оранд.
Ҳамчунин, чанд сол пеш расонаҳои хабарӣ даъвати Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар мавзӯи либос дар сархати аввали ахбори худ қарор доданд. Назарбоев либоси сиёҳ ба бар кардани духтаронро зери интиқоди шадид қарор дода, пешниҳод карда буд, ки манъи чунин тақлидкориҳо дар доираи қонун баррасӣ гардад. Ӯ таъкид карда буд, ки бояд аҳолиро аз лиҳози дину тамаддун саводнок гардонида, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия намуд: «Мусулмони асилро на аз рӯи либос, балки аз рӯи имони ӯ бояд шинохт».
Раванди ба шиддат афзун шудани шумораи занону духтарони ҳиҷобпӯш, вазъи бегонапарастӣ ва ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани баъзе ҷавонони кишвари Қирғизистонро дарк намуда, президенти вақти он кишвар Алмазбек Атамбоев низ чандин маротиба ба ин масъала дахл намуда буд. Ӯ аз ҷумла гуфта буд: «Агар он ҳиҷобу рӯсариеро, ки чун «либоси исломӣ» мехоҳанд. ба мо таҳмил кунанд, имрӯз қабул кунем, пас, фардо занҳоеро, ки либоси воқеан миллӣ бар тан доранд, кофир эълон хоҳанд кард. Дар ягон ҷои китоби муқаддаси Қуръон дар бораи либоси махсуси мусулмонӣ навишта нашудааст. Ислом либоси тозаву покизаро қабул дорад».

Замони ба вуҷуд омадани дини мубини Ислом ва созгор будани он бо фарҳанги миллӣ боиси он гашт, ки таълимоти он дар як муддати начандон тулонӣ миёни қисме аз ҷомеаи сайёра пазируфта шавад, вале баъд аз гузашти солҳо гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки бо иллати ба даст овардани манофеъ таълимот ва амалҳои мухолифро бор намуданд, ки ташкили давлат дар низоми дини ислом, фарҳанги араб ҳамчун фарҳанги ислом эътироф гардидан, бо пӯшонидани сатру ҳиҷоб ва фаранҷӣ, дар банд ва ё дур аз ҷомеа нигоҳ доштани занон аз зумраи онҳо мебошад, ки аслан ин дин ба чунин гуфтаҳову ақоиди бардурӯғ ҳеҷ рабте надорад.
Воқеан ҳам имрӯз дин барои манфиатхоҳон яке аз василаи баровардасозии хоҳишҳо ва қонеъ намудани нафси онҳо гаштааст, ки ташкили гурӯҳҳои террористиву эстремистӣ, паҳн намудани ақидаҳои ифротгароӣ, таблиғи фарҳанги бегона ва аз байн бурдани фарҳанги миллии кишварҳо як стратегияи махсусеро мемонад. Ташкили ҷангу низоъҳо дар Сурия ва куллан ба хок яксон намудани ёдгориҳои таърихии исломиву пешазисломии шаҳри Палмира ва дигар мавзеъоти Сурияро метавон чунин далел шуморид. То ба ҳол барои муҳаққикон суоле норавшан аст, ки террористони ба ном “Давлати Исломӣ” бо низоми давлатдории Башор Асад ҷангиданд ва ё бо ёдгориҳои таърихии ин сарзамин? Албатта, ин мавзуот аз баҳси имрӯзаи мо, ки бевосита ба пӯшишҳои фарҳанги бегона миёни бонувон мо маҳсуб меёбад, берун аст. Фаранҷӣ, ки имрӯз миёни баъзе аз бонувони мо ҳамчун ҷузъи дин эътироф гардидааст, моли ҳеҷ адёне набуда, балки асосгузори он бонувони сабукпои Фаронса будаанд. Шояд ин гуфтаҳоро баъзе аз нафарони ифротгаро қобили қабул нашуморанд, вале ин далели раднопазир аст.
Хамагон шоҳиди онанд, ки дар кишварҳои мухталиф иддае аз занон барои дифоъ аз ҳаққи озодии пӯшиши либос бар зидди сатру ҳиҷоб мубориза мебаранд, вале қавонини кишварашон мухолифи ин озодиҳояшон аст. Бархе дигар дидаю дониста, ихтиёран худро асири чодару рӯсарӣ ё ҳиҷоб мегардонанд. Ба таври умум, қадру қимати озодию озодандешӣ ва имкониятҳои худро вобаста ба ҳуқуқҳояшон, ки давлату ҳукумат барояшон сазовор донистааст, нодида мегиранд. Дар замони пешрафти илму техника занону духтарон низ ақлу заковат, донишу таҷриба ва эътимод ба нафси фавқуллодаро қоиланд. Дар ин маврид, дар кишваре чун Тоҷикистон, ки ба арзишҳои олии инсонӣ, озодиҳои шаҳрванд ва дунёи рангини ҳар як қишри ҷомеа арҷ гузошта мешавад, зиндагӣ хубу шоиста мегузарад ва асосҳои давлатдорӣ низ пойбарҷо боқӣ мемонад.
Аммо имрӯз чанде аз заноне ҳастанд, ки ҳатто наметавон онҳоро модари тоҷик унвон кард, ки ҳама заҳмату талоши ин миллатро пеши по мезананд ва ин воқеан ҳам боиси таассуф аст. Моро мебояд, ки дар ин самт корҳои тарғиботиро пурзӯр намуда, миёни шаҳрвандон, алалхусус қишри ҷавони кишвар ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиро афзун намоем.
Суғдмеҳри Маъруфзод





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: