Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Экстермизм аз нигоҳи донишҷӯён

Экстермизм аз нигоҳи донишҷӯён

9-04-2019, 11:19
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
                          Экстермизм аз нигоҳи донишҷӯён  Мавзӯи терроризм ва ифротгароии динӣ чанде пеш дар меҳвари ҳамоише дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ҶДММ «Нури тиб» қарор дошт. Он зери унвони Конференсияи илмӣ- назариявии «Экстремизми динӣ ва оқибатҳои фоҷеабори он» дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки фаъолони ҳизб, устодон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ доир шуд.
Дар оғоз раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳ.Юсуфов зимни шарҳи мавзӯъ гуфт, ки агарчи масъала ҷаҳонӣ аст, аммо барои ҳар хонавода ва ҳар сокини ноҳияи мо ҳам он дахл дорад. Ӯ бо мисолҳо ёдоварӣ кард, ки чанде аз ҷавонони деҳоти ҷамоатҳо зери таъсири таблиғоти мубаллиғони ифротӣ фирефтаи ваъдаҳои онҳо шуда барои таҳсил ба хориҷа мераванд. Пас аз 4-5 сол бо андешаи вайрон ва заҳролудшуда баргашта меоянд ва аввалин коре, ки мекунанд, дар хонаводаҳояшон ақидаҳои ифротии худро ба аҳли хонавода, ба падару модари худ бор карданӣ мешаванд.
Ӯ таъкид кард, қариб ҳамаи мо аз нооромиҳои давомдори Афғонистон, Либия, Миср, Сурия бохабарем, аммо инро ҳам бояд дар ёд дошта бошем, ки таъсири фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло ҳам кам нест. Зеро дар солҳои пеш бо вуҷуди ин ки дар худи кишварамон Донишкадаи Исломӣ ҳаст, баъзе аз падару модарон фарзандонашонро ошкору ниҳон ба мактабҳои динии хориҷӣ мефиристоданд ва онҳо аз берун бо андешаву афкори барои мо бегона бармегарданд.
Мавсуф ёдовар шуд, ки Тоҷикистон чанд ҳадафи стратегӣ дорад, аммо ҳар гуна ҳаракати экстремистӣ монеаи рушди устувори кишвар хоҳад буд, бинобар ин баррасии ин мавзӯъ дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла дар доираи як муассисаи таълимӣ ҳам муҳим аст.
Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ М. Сангинова зимни суханронӣ бо такя ба фармудаҳои Ислом бар аҳамияти ҳамдигарфаҳмӣ ва зарари андешаҳои ифротиву ҷудоиандозӣ таъкид кард.
Иштирокчиён дар идомаи ҳамоиш маърӯзаи Тоҳир Одилов – раиси ташкилоти ибтидоии «Нури тиб» дар мавзӯи «Омилҳо ва нишонаҳои хушунату ифротгароӣ», А. Сафаров, мудири кафедраи «Кори ҳамширагӣ» доир ба «Хушунат – падидаи номатлуби рӯз», омӯзгори коллеҷ - Э.Мирзоев «Акли солим бар рағми ифротгароӣ» ва С.Носиров муовини директор оид ба корҳои таълимӣ дар мавриди нақши омӯзгорон ва донишҷуён дар пешгирӣ аз амалҳои номатлуб дар ҷомеаро шуниданд.
Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки яке аз омилҳои дигари зери хатари ҷараёнҳои ифротӣ будани Тоҷикистон мавзеи ҷуғрофиёиаш аст ва ин ҳам аз мо талаб мекунад, ки дар баробаричунин ҷараёнҳо ҳушёр ва барои муқовимат бо ин навъ таҳдидҳо омода бошем.
Мавзӯи суханронии чанде аз донишҷӯён ва намоиши саҳнавии онҳо, ки дар охири нишаст пешниҳод гардид, низ ба мавзӯи мавриди баҳс бахшида шуд.
Ташкилоти ибтидоии «Нури тиб», аз ҷумлаи ташкилотҳои бонуфузи ноҳия буда, 569 аъзо дорад, ки аз он 91 нафар омӯзгорон, 16 нафар кормандон ва 462 донишҷӯён мебошанд.
Бо вуҷуди ин ки мавзӯи ҳамоиш нав набуд, аммо созмондиҳандагон тавонистанд бо истифода аз захираҳои зеҳнии ин муассисаи таълимӣ паҳлӯҳои муҳими ифротгароӣ ва ҷиҳатҳои пешгирии онро бо забони одӣ мариди таҳлил ва баррасӣ қарор диҳанд.
С. Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: