
Атрофи мавзӯи “Соҳаи тандурусти самти афзалятноки Барномаи ҲХДТ мебошад" дар Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур соати сиёсӣ доир карда шуд.
Изатуллоҳи Ҳабибзод-муовини Раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни баромади хеш зикр кард, ки ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад. Ҳамзамон, аз дастовардҳои даврони Истиқлоли кишвар баҳри пешрафту гулгулшукуфоии кишвар ёдрас шуда, бо шукргузорӣ аз оромиву суботи Ватан ҳамагонро баҳри ободии имрӯзу фардои ин сарзамин даъват намуд. Дар баробари дастовардҳои назаррас аз мушкилиҳои асосии дар ҷомеа ҷойдошта, вайроншавии оилаи ҷавон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои тундгаро низ ибрози назар кард.
Дар фарҷом кормандони Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим ба саволҳои сершумори худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.