Дастгирии иҷтимоӣ – аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ28-03-2019, 11:32
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ба Муассисаи давлатии махсусгардонидаи табобатии хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бошандагон ва кормандони ин муассисаро бо Наврӯзи байналмилал табрик кард. “Бигзор, қадами сабзи Наврўз дар Тоҷикистон боиси ободкориву созандагиҳо гардида, ғояҳои олии башардўстонаи ин ҷашни аҷдодӣ дўстиву рафоқат, инсондўстиву хайрхоҳӣ, мароми тамоми ҳамдиёрон гардад”, — таъкид кард Матлуба Амонзода. Ба муассисаи мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд як миқдор маводи озуқа ва дигар лавозимот дастрас карда шуд. Ин иқдоми Кумиҷроияи вилоятӣ боиси болидахотирии бошандагони муассиса гардида, барои таваҷҷӯҳу ғамхорӣ арзи сипосу миннатдорӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру навоҳӣ дар арафа ва рӯзҳои таҷлили Наврӯз аёдати садҳо нафар собиқадорони меҳнату ҳизб, оилаҳои ниёзманд ва маъюбонро ба ҷо оварда, ба онҳо паёми табрикии наврӯзӣ расонида, маводи хӯрока дастрас карданд. Маҷмӯан, дар арафа ва рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилал аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ зиёда аз 300 нафар аёдат карда шуданд. Бояд таъкид намуд, ки дастгирии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ташаббусҳои ҳизбиён дар мавриди аёдату дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд мавсимӣ набуда, ҳамарӯза амалӣ карда мешаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.