Истаравшан: аёдати бошандагони хонаи кӯдакон28-03-2019, 11:31
Хабарро хонданд: 513 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бошандагони хонаи кӯдакони шаҳрро аёдат карда, ба ин муассиса маводи хӯрока ва кӯмаки моддӣ расонид. Ин иқдом дар партави таҷлили ҷашни аҷдодӣ ва ҷаҳонии Наврӯз амалӣ карда шуда, боиси хушҳолии кӯдакон ва кормандони муассиса гардид. Роҳбарияти хонаи кӯдакон миннатдории худро барои таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ расониданд. Таъкид гардид, ки кумитаи иҷроия ва аъзову фаъолони ҲХДТ дастгиру мададгори доимии онҳо мебошанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.