Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар кумиҷроияи вилоятӣ Наврӯз

Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар кумиҷроияи вилоятӣ Наврӯз

21-03-2019, 10:38
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар кумиҷроияи вилоятӣ Наврӯз

Наврўзи байналмилалро ҳизбиёни вилоят бо шукўҳу шаҳомати хос ва риояи русуму анъанаҳои ин ҷашни бостонӣ таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар саҳни ҳавлии бинои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд чорабинии калони адабиву фарҳангӣ доир гардид, ки дар он кормандону фаъолони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру навоҳии вилоят, аҳли илму адаб, собиқадорони ҳизбу меҳнат иштирок карданд. Дар идҷо намояндагони кумитаи иҷроияи ҳизб дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят хони наврўзӣ густурда, анъаноти наврўзӣ дар растаҳои онҳо таҷассум меёфт. Аз ҳисоби меҳмонони олиқадр ҳайати ҳакамон таъсис шуда, дар шаш бахш: “Хони наврўзӣ”, “Нон бувад чун ҷони одам”, “Пешниҳоди рамзҳои Наврўзӣ”, “Таомҳои миллӣ”, “Ороиши хон” ва “Истиқболи Наврўзӣ” баҳогузорӣ намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода Наврўзро яке аз муборактарин ҷашнҳои миллӣ арзёбӣ карда, кулли аъзову ҷонибдорони ҲХДТ-ро ба ин муносибат табрик гуфт. М. Амонзода орзу кард, ки қудуми хуҷастаи Наврўз ба диёри мо файзу нишот, баракоту фаровониҳо оварад. Бигзор, қадами сабзи Наврўз дар Тоҷикистон боиси ободкориву созандагиҳо гардида, ғояҳои олии башардўстонаи ин ҷашни аҷдод дўстиву рафоқат, инсондўстиву хайрхоҳӣ, мароми тамоми ҳамдиёрон гардад, — таъкид кард раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва истиқлоли маънавии тоҷикон аст: “Наврўз бо обу хок, марзу бум ва рўҳи тамаддунсози ниёкони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрўз рўзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондўсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд”. Таҷлили ин ҷашни бостонӣ аз баракоти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бозгўи ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидии мардуми шарифи кишвар мебошад. Наврўз, ки бо талошу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар кишварҳои ҳавзаи наврўз ҷаҳонӣ гардидааст, чун як ҷузъи хотираи тобноки маънавии инсон, наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дўстӣ ва муносибатҳои ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад. Боиси хушнудист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ суннатҳои неки ниёконамон эҳё гардиданд ва истиқлоли маънавии мардуми сарбаланди кишварро ба вуҷуд оварданд. Дар ин давра фазои орому осуда фароҳам омада, туфайли рушду тараққиёти кишвар зиндагии ободи халқ таъмин гардид. Аз ин рў, мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба истиқлолияту ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши волои зиндагӣ арҷ гузошта, дар таҳкиму ҳифзи он пайваста талош меварзанд. Имрўзҳо дар доираи таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ татбиқ шуда истодаанд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки фарорасии наврўзи хуҷастапай ба раванди ободкориҳо вусъати тоза мебахшад. Аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ташаббускорон ва пешсафони чунин корҳои созандагӣ мебошанд. Наврўзи байналмилали имсола барои ҳизбиён боз аз он хотирмону гуворо аст, ки имсол 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сазовор таҷлил карда мешавад. Ҳизби мо аз рўзҳои аввали таъсисёбияш дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаккул додани давлатдории дунявиву ҳуқуқбунёд, рисолати маънависозиро низ босамар адо намудааст. Эҳёву ҳифзи арзишҳои маънавии ҷомеа, ки моҳияти таҷлили наврўз низ дар он таҷассум мегардад, дар барномаву ҳадафҳои ҳизбӣ низ ифода ёфтаанд. Тоҷибой Султонзода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд аз номи муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро бо Наврӯзи байналмилал табрик гуфта, рӯзгори ободу осударо орзу кард. “Наврўзи хуҷастапай муждаи аввалини баҳори хуррам аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дўстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани арзишҳои олии маънавӣ саъю кўшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем. Бо иқдоми Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ

ва ҳунарҳои мардумӣ” моро ба ободонию созандагӣ раҳнамоӣ менамояд ва баҳри эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ заминаи боэътимод мегузорад. Итминони комил дорам, ки таҷлили бошукўҳи Наврўзи фархундапай дар марҳилаи сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвари азизамон мусоидат хоҳад намуд”. Сипас, дар вазъияти тантанавӣ озмунҳои наврӯзӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд. Дар бахши “Хони наврӯзӣ” ҷойи сеюмро КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич, ҷои дуюмро кумиҷроияи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва кумитаи иҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷои аввалро соҳиб шуданд. Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт (ҷои 3), Мастчоҳ (ҷои 2), Истаравшан (ҷои 1) дар бахши “Нон бувад чун ҷони одам” ғолиб гардида, диплому тӯҳфаҳоро соҳиб гардиданд. Дар бахши “Пешниҳоди рамзҳои наврӯзӣ” кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷои якум, кумиҷроияи ҳизб дар шаҳри Истиқлол ҷои дуюм ва кумитаи иҷроия дар ноҳияи Спитамен мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Дар бахши “Таомҳои миллӣ” кумитаҳои иҷроия дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (ҷои 1), дар шаҳри Панҷакент (ҷои 2) ва Айнӣ ( ҷои 3) ғолибиятро ба даст оварданд. Дар бахши “Ороиши хон” ҷои аввалро КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, ҷои дуюмро кумиҷроияи шаҳри Конибодом ва зиннаи сеюмро кумиҷроияи ҳизб дар шаҳри Бӯстон соҳиб шуда, бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар бахши “Истиқболи Наврӯзӣ” (ҷои 3), дар ноҳияи Зафаробод (ҷои 2) ва дар шаҳри Гулистон (ҷои 1) – ро сазовор шуданд. Чорабинии Наврӯзӣ бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ идома кард. Ҳофизони шинохтаву хушовози вилоят А. Қосимов, С. Худоймерганов, Аловиддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо, Умарҷон Қобилов ва дигарон бо суруду оҳангҳои дилнишин ба базмгоҳи наврӯзӣ суруру шодмонии тоза эҳдо карданд. Чорабинии наврӯзии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо шодмониву шукргузории беандоза аз даврони сулҳу осоишта ва шукӯҳу шаҳомати бепоён хотима ёфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: